То замони ивази шиносномаи коғазӣ ба пластикӣ дар Тоҷикистон тақрибан ду моҳи дигар мондааст. Дар ҳоле ки норозигии сокинон ҳарчӣ бештар мешавад, мақомот мегӯянд, танҳо онҳое бояд шиносномаи коғазии худро иваз кунанд, ки соҳиби симкортанд. Яъне, дигарон набояд шитоб варзанд.