Ширкати “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон дар як огоҳӣ ба муштариёни худ эълон кард, ки иҷрои парвози ҳавопаймоҳояш аз Душанбеву Хуҷанд ба ҳафт шаҳри Русияро қатъ мекунад. Ин тасмим, ба гуфтаи масъулони ширкат, “маҷбуран” бар асоси барқияи “Росавиатсия” гирифта шудааст, ки рӯзи 31-уми марти имсол дастрас гардид.