Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хӯроки мардум, санади тиббӣ ва хонаҳои ҷанҷолӣ дар "Озодӣ Онлайн". ВИДЕО


Азбаски дар остонаи Иди Қурбон ҳастем, дар ин шумораи "Озодӣ Онлайн" дар бораи дастархони идона суҳбат мекунем ва дар бораи хонаи хусусӣ, ки аксарият орзуи онро доранд. Ҳамчунин дар бораи навбатҳои дароз дар шифохонаҳо барои маълумотномаи тиббӣ, ки ҳоло ба ҳазорон нафар лозим шудааст.

Ҳушдори мақомот, ки гуфтанд, агар дастархони идонаатон бодабдаба бошад, ҷарима мешавед, баҳс дар бораи ид ва бахусус нархҳоро доғ кард.

Корбаре бо номи "Исфара ҳақиқат" гуфтааст, "ҳукуматдорон аввал бояд дарк кунанд, ки мардум нонӣ хӯрдан доранд, ё не."

"Ҳукуматдорон фикр мекунанд, ки мардум ҳам мисли онҳо хонаву дастархон доранд, -- гуфтааст ин корбар ва афзудааст, -- "магар дар Тоҷикистон мушкилоти дигаре нест, ки ба дастархони мардум мерасанд?"

Корбаре бо номи Салимов дар вебсайти мо навиштааст, "чаро фақат ҷабр ба мардуми бечора аст? Чаро Хадамоти зиддиинҳисорӣ нархҳоро назорат намекунад? Дар Русия ҳангоми иди мусалмонон нархҳоро арзон мекунанд, мо фақат қимат карда метавонем."

Барномаро дар инҷо тамошо кунед:

Хӯроки мардум, ифтихорномаи муҳоҷирон ва хонаҳои ҷанҷолӣ дар Озодӣ Онлайн
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:52 0:00

Ҳасан Пӯлодов дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук навиштааст, ки "ҳама чизро назорат мекунанд, вале қимати маводи ғизоиро не." Ӯ мегӯяд: "Барои чӣ назорат аз болои дастархон будааст, вале аз болои нархи бозор не?"

Баҳси хонаву хонасозӣ, ки ҳеҷ гоҳ дар Тоҷикистон хомӯш намешавад, ин дафъа дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Инстаграм зиёд буд. Ва баъди гузорише дар бораи даъвои як хонавода бо ширкати хонасозӣ.

Ба мувофиқа нарасидани соҳиби хонаи кӯҳна ва хонасоз, корбаронро ба ду тараф кашидааст. Корбаре бо номи "Абу Ҳурайра" гуфтааст, "Азиза (соҳиби хона) ҳаққи даъво дорад, зеро соҳибкор пеш аз хонаашро вайрон кардан бояд сокинони биноро ризо ва қонеъ кунад. Соҳибхона чӣ қадаре, ки хоҳад хонаашро нарх мегузорад, ҳаққи худаш аст, чун моликият аз ӯст."

"Низом 3773" дар посух гуфтааст, "ҳамин соҳибони хонаҳо мехоҳанд, пули калон бигиранд. Фикр намекунанд, хонасозҳо хароҷоте доранд, ки аз хонасозӣ пушаймон шудааанд, вале роҳи баргашт ба қафоро надоранд."

Азамат Юсуфӣ навиштааст, "мисли ҳамин якдигарамонро фиреб дода мегардем ва баъд гила мекунем, ки пешрафт надорем."

Дар ин барнома инчунин наворе дорем, ки аз Исфара фиристоданд ва гуфтанд, мардум дар онҷо ду рӯз аст барои муоинаи тиббӣ навбат мепоянд. Шумо ҳам видеову хабарҳоятонро ба мо фиристед.

XS
SM
MD
LG