Номи Шаҳбоз Раҷабзода, корманди собиқи Хадамоти гумрук ин ҳафта дар ҳама ҷо вирди забон буд, чӣ дар Фейсбук, чӣ дар Инстаграм ва чӣ дар саҳифаи Радиои Озодӣ. Азбаски мақомоти тафтишотӣ фаъолиятҳои ӯро бо вуҷуди "гум шав" гуфтани раиси ҷумҳур ва аломатҳои возеҳ аз ҷиноят тафтише накардаанд, бисёриҳоро асабонӣ кардааст.
Як корбар дар вебсайти Радиои Озодӣ навиштааст, "сохторҳои қудратӣ аз тарс парванда огоз накарданд. Ҳазорҳо ҷавон, бо гуноҳи хурде ҷазои сахт гирифтаанд, чун ягон пуштибон надоранд".
Ба қавли ин корбар, қонун дар Тоҷикистон танҳо барои мардуми нодору бечора аст.
Нозир навиштааст, "магар Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза ҳақ надорад, ки аз пеши худ бидуни шикояти касе қонуншикании возеҳеро тафтиш кунад?"
Дилрабо Ҳакимова дар Фейсбук навиштааст, "агар камбизоате ягон сомонӣ медуздид, ӯро бурда "говсуд" мекарданд. Инки пул дорад, озод аст."
Умедҷон ҳам дар Фейсбук навиштааст, "агар сарзанишу ҷангкунии президент, ки барои тафтиш кофӣ набошад, пас, намедонем, чӣ боис шуда метавонад?"
Аз номи Шаҳбоз Раҷабзода бигзарем ба номгузорӣ дар Тоҷикистон, ки ду рӯзи ахир баҳсу даъво сари он идома дорад. Мақомот ба чанд нафар иҷоза надодаанд, ки ба фарзандонашон баъзе аз номҳоеро гузоранд, чун қобили қабул набудаанд.
Кактус аз ин тасмими мақомот асабонӣ шудааст, ки дар саҳифаи Инстаграмми Радиои Озодӣ навиштааст, "кори онҳо ба номи фарзанди ман чӣ? Мехоҳам ба ӯ Бобик ном мегузорам, чун кори шахсии ман аст".
Хушрӯз Ориён навиштааст, кори дуруст мекунанд, ки иҷоза намедиҳанд, чунки мумкин аст, баъзе аз волидон, ба бачаҳояшон номҳои хандаовар ва бемаънӣ гузоранд. Ба навиштаи ин корбар, мумкин аст, фарзанд аз номи хандаовар тамоми умр масхара шавад.
Самира Қурбонова дар Фейсбук ба раҳбари Кумитаи забон гуфтааст, бовар кунед, мо аз номҳо дида мушкилиҳои ҷиддии дигар дорем. Барои мисол, хуб мешуд ба китобҳои дарсӣ ва лаҳҷае, ки муаллимони макотиби миёна ва олӣ ҳарф мезананд, таваҷҷӯҳи хоса медодед.
Агар барномаро дидед, ба дӯстонатон ҳам бифристед, ки бехабар намонанд. Агар видео доред ва ё андешаатонро мехоҳед, бигӯед, Вайбер Вотсапп, Имо, Телеграмм, бо ҳар кадоме ки мехоҳед, бифристед.