Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пиёдароҳҳои Душанбе пойафзол "мехӯранд" (ВИДЕО)


Вазъи пиёдароҳҳои Душанбе
Вазъи пиёдароҳҳои Душанбе

Cокинони Душанбе мегӯянд, ҳарчанд роҳҳои мошингарди пойтахти Тоҷикистон ҳамеша тармиму бозсозӣ мешаванд, пиёдароҳҳои он аз чунин таваҷҷӯҳ канор мондаанд.

Дар муқоиса бо роҳҳое, ки барои ҳаракати мошинҳоянд, пиёдаравҳои Душанбе хеле фарқ мекунанд. Онҳо ноҳамворанд ва чуқурчаҳо доранд, агар аз тахтасементҳо иборат бошанд, пасту баландиҳояшон ба ҳаракати сокинон мушкилӣ меорад. Бархе аз сокинон, махсусан бонувон, аз он шикоят мекунанд, ки ҳангоми ҳаракат зуд-зуд пешпо мехӯранд ва ин сабаби канда шудани пошна ва даридани пойафзоли онҳо мешавад. Онҳо мегӯянд, маҷбуранд, дар муддати кӯтоҳ ду ё се дафъа пойафзоли нав харидорӣ кунанд.

Барои рӯшан кардани он ки то куҷо ин мушкил воқеист ва раҳгузаронро азият медиҳад, рӯзи ҷумъа дар роҳҳои пиёдагарди пойтахт, бо чанде аз раҳгузарон, хусусан хонумҳо ҳамсӯҳбат шудем. Нахустин гуфтугӯи мо дар пиёдагарди хиёбони марказии пойтахт, дар назди Қасри раисиҷумҳур бо як сокини шаҳр Марҳабо Солеҳова, сокини 29-солаи Душанбе сурат гирифт.

Вай гуфт, баъзе аз роҳҳои пиёдагарди кӯчаву паскӯчаҳои пойтахт аз деҳкадаҳои дурдаст фарқи зиёд надоранд ва ӯ азоби онҳоро худ "чашидааст": “Дар ҳамин як моҳи охир ду бор пошнаи туфлиҳоямро нав кардам. Ҳар боре, ки назди мӯзадӯзҳо меравам, барои ҳар пойафзол на камтар аз 25 сомонӣ медиҳам. Ҳамааш аз пушти ҳамин пиёдароҳҳо.”

Пойафзоли маъмулӣ ба кӯчаҳои шикаставу рехтаи Тоҷикистон тоб намеорад.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:52 0:00

Марҳабо афзуд, ин ҳол ӯро маҷбур кардааст, ки барои ҳифзи пойафзолаш хело боэҳтиёт роҳ гардад. Вай ҳушдор медиҳад, ки дар акси ҳол на танҳо пойафзол, балки пойи кас низ метавонад, осеб бинад. Аммо роҳеро, ки иддаи бештари ҳамсӯҳбатони мо интихоб кардаанд, дигар аст. Онҳо мегӯянд, ки як иллати пойафзоли бепошна, яъне "мокасинка" пӯшиданашон ҳам маҳз ноҳамвории роҳҳост. Зеро бо пошнаи баланд хуб роҳ гаштан душвор аст.

Садоқат Ширинова, сокини 45-солаи пойтахт мегӯяд, чанд сол инҷониб маҳз ба хотири роҳҳои кандагиву ноҳамвори пиёдагард туфлии пошнадор напӯшидааст. Ҳангоми сӯҳбат бо мо хонум Ширинова дар пояш пойафзоле дошт, ки миёни занҳо бо номи “иринка” машҳур аст. Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд: “Беҳтар мебуд, ки роҳҳои пиёдагард ҳам таъмиру навсозӣ мешуданд, то мо низ туфлиҳои пошнабаланд мепӯшидем ва озодона роҳ мегаштем.”

Бештари хонумҳои Душанбе, ки дар давоми рӯз дар пиёдароҳҳои шаҳр мушоҳида кардем, пойафзоли бепошна доштанд. Агар туфлӣ ё мӯзаҳои онҳо пошна дошта бошад, он ҳам хеле паст буд. Шумораи камтари ҷавондухтарон ва хонумҳо бо мӯзаҳои пошнабаланд мегаштанд. Яке аз онҳо -- Майрамбӣ чунин гуфт: “Ман дар наздикии Сирк зиндагӣ мекунам. Роҳи назди хонаамон то ҷой корам тармимшуда аст. Мушкил надорам. Чун ба пойафзоли пошнабаланд одат кардаам, дар ҳама ҷо пӯшидан мегирам.”

Ҳарчанд бештари занҳо иллати зуд-зуд даридани пойафзолашон ё шикаста шудани пошнаи онро аз роҳҳои ноҳамвор медонанд, мӯзадӯзҳо мегӯянд, сабаби асосӣ дар паст будани сифати пойпӯшҳост.

Неъматулло, як сокини 47-солаи Душанбе, ки дар яке аз нуқтаҳои пойафзолдӯзии пойтахт кор мекунад, гуфт, сабаб бештар дар сифати пойафзол аст, вале албатта сангҳои роҳ низ боиси кандани пошнаи пойпӯшҳо мегарад. Вай меафзояд, ҳар рӯз то 50-60 нафар ба ин дӯкон муроҷиат мекунанд, то пойафзолашон тармим карда шавад ва 70 дар сади онҳо занонанд.

Дар хиёбонҳои Душанбе мо бо бештар аз 15 зан сӯҳбат кардем, ки танҳо се нафари онҳо аз роҳҳои пиёдагарди Душанбе изҳори қаноатмандӣ карданд. Нигора Ҷобирова, ки аз ноҳияи Восеъ барои айёдати духтараш омадааст, бо ханда гуфт дар қиёс бо роҳҳои деҳот ин ҷо барояш хеле хуб аст: “Мо ки дар роҳҳои қишлоқ одат кардаем роҳҳои шаҳр хело хуб аст. Ман ҳангоми роҳгардӣ ҳеҷ гуна мушкилро эҳсос намекунам. Ҳатто духтарам, ки ҳомила аст ягон бор шикоят накардааст.”

XS
SM
MD
LG