Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заррагул ва се шарикаш падару модари нав ёфтанд (ВИДЕО)


Навзодоне, ки бо талошҳои Сафорати Тоҷикистон дар Русия се моҳ пеш аз Маскав ба Душанбе оварда шуданд, хонаводаҳои нав пайдо карданд.

Анна, Лилия ва Мадинаву Заррагул, чаҳор кӯдаки ятими тоҷик, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ аз Маскав ба Душанбе оварда шуданд, соли навро дар канори хонаводаҳои нав, пешвоз мегиранд. Мақомоти парваришгоҳи бепарастоорон номи хонаводаҳоеро, ки ин кӯдаконро фарзанд хондаанд, ифшо намекунад, аммо се моҳ пеш баъд аз нашри матлаб ва акси чаҳор кӯдак дар сомонаи Озодӣ даҳҳо нафар аз мо адреси парваришгоҳро пурсида буданд, то тифлонро фарзанд хонанд. Заррагулу Мадина ва Лилия як моҳ боз дар хонаи худ ва бо волидони нав ба сар мебаранд, санадҳои Анна ҳам омода шудаанд ва ҷуфте, ки ӯро фарзанд хондааст, охирин омодагиҳоро барои қабули кӯдак ба хонадони худ анҷом медиҳад.

Ин чаҳор кӯдак, ки яке аз дигаре зеботар аст, зоҳиран фарзандони муҳоҷирзанҳои тоҷик будаанд, ки модаронашон баъди таваллуд аз онҳо даст кашидаанд.

Кӯдакони бепарастори тоҷик соҳиби падару модар шуданд.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:04 0:00

Сабоҳат Раҳматуллоева, як масъули Парваришгоҳи рақами яки Душанбе, рӯзи панҷшанбеи 15-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, моҳи сентябр дар баробари ин чаҳор духтар, ҳамчунин як писари дигар ҳам аз Русия оварда шуд. Аммо ба далели зиндонӣ будани модараш, ӯро бобояш омада бо худ бурд.

Хонум Раҳматуллоева афзуд: “Ҳоло танҳо Анна мондааст, ки ӯ ҳам аллакай фарзанди як хонадон шудааст. Аммо ҳоло хулосаи додгоҳро интизорем. То ду ҳафтаи дигар бояд қарори додгоҳ бароварда шавад ва ин кӯдакро низ ба хонаи наваш хоҳанд бурд. Ба истиснои ҳамон як писар, дигар кӯдаконро ба он оилаҳое додем, ки дер боз дар орзуи фарзанд буданд.”

Зиндагии ҳамаи бачаҳо дар оилаҳои нав осуда аст, зеро онҳо, тавре хонум Раҳматуллоева мегӯяд, ба хонаводаҳои хуб афтоданд ва ояндаи онҳо неку рӯшан хоҳад буд. “Мо вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва шароити хонаводаҳоро хуб санҷидем ва баъдан тасмим гирифтам,”- гуфт Сабоҳат Раматуллоева, -- ҳамаи ин кӯдакон ба хонаводаҳои афроди хуб дода шудаанд."

Аз замоне, ки мо бори аввал Аннаро дар Парваришгоҳи якуми Душанбе дида будем, наздики се моҳ гузашт ва дар ин муддат Анна бузургтар шудааст. Ӯ дастчаҳои кӯчаки худро ба мо нишон медод ва бо забони нофаҳмои кӯдакона ҳарф мезад.

Нигора Расулова, мудири бахши ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки дар Ҳукумати шаҳри Душанбе низ гуфт, кӯдакон бо оилаҳое ҳамоиш ёфтанд, ки солҳо боз дар "навбати фарзандхонӣ" буданд. Дар миёни ин “чаҳоргонаи маскавӣ” Заррагул хурдтарин аст, ки ҳамагӣ чаҳор моҳ дорад. Бузургтарини онҳо Анна аст. Ин тифлонро парасторон дар Русия ҳангоми пур кардани шаҳодатномаи таваллуд ҳамин гуна ба сари худ ном гузоштанд. Ба гуфтаи мақомот, модари се тан аз ин тифлакон расман дархост навишта, аз фарзандони худ ва ҳуқуқи модарӣ даст кашидаанд. Аммо Заррагулро модараш партофта рафтааст ва кӣ будани ӯ маълум нест.

Соли ҷори дар Тоҷикистон 25 кӯдак барои фарзандхонӣ ба шахсони бефарзанд дода шудааст. Муҳаққиқони Пажӯҳишгоҳи акушерию гинекологии Тоҷикистон дар пайи як пажӯҳиш ба ин натиҷа расидаанд, ки дар ҳоли ҳозир ҳудуди 25 дарсади оилаҳо ва ҳар чаҳорумин оила дар ин кишвар аз безурётӣ ранҷ мебаранд.

XS
SM
MD
LG