Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз зиндон ба зиндон. Чаро маҳбас инсонҳоро ислоҳ намекунад?


Илҳом Маҳмудов, муовини сардори сарраёсати корҳои ислоҳии Тоҷикистон.
Илҳом Маҳмудов, муовини сардори сарраёсати корҳои ислоҳии Тоҷикистон.

Мақомоти маҳбасҳои Тоҷикистон мегӯянд 16 дарсади зиндониҳои собиқ ва ё ҳар шашумин маҳбус баъди раҳоӣ аз зиндон дубора ҷиноят содир мекунад ва боз ба паси панҷара бармегардад.

Ботиралӣ Саримсоқов, ки бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир 12 сол ба зиндон маҳкум шуда буд, баъди шаш сол бар асоси қонуни афв аз маҳбас озод шуд.
Аммо Ботиралӣ натавонист маҷрои зиндагиашро мисли пешин ба роҳ монад. Чун ба гуфтаи Ботиралӣ, ҳангоми дар маҳбас буданаш ҳамсараш бо ду фарзанд аз ӯ ҷудо шуд ва болои сӯхта намакоб, модараш ҳам даргузашт.

Ботиралӣ қаблан хонаи як ҳуҷрагие дар шаҳри Қӯрғонтеппа дошт, аммо баъди аз маҳбас баромадан фаҳмид, ки аз ин манзил маҳрум шудааст. Вай мегӯяд, «Ҳоло ман дар «кладовка»-и хобгоҳи Текстил зиндагӣ мекунам. Дигар куҷо равам? Ман намедонам чӣ кор кунам, магар ки дубора ба маҳбас равам».
Бо вуҷуди талошҳо ва муроҷиат ба Додгоҳи Олӣ, Ботиралӣ Саримсоқов муваффақ нашуд, ки хонаашро пас гардонад.

"Хона"-и Ботиралӣ Саримсоқов дар "кладовка"-и Текстил.
"Хона"-и Ботиралӣ Саримсоқов дар "кладовка"-и Текстил.
Ин вазъият рӯҳияи Ботиралиро коста кард ва дилаш ҳамчунон ба зиндагӣ гарм нест.

Иддае аз собиқ маҳбусон бар ин боваранд, ки маҳз чунин мушкилот онҳоро боз ба зиндон мебарад.

Аммо мақомот бар ин боваранд, ки чунин ҳолатҳо барои дубора содир кардани ҷиноят баҳона шуда наметавонанд ва муҳит, ҷомеа ва мушкилоти зиндагиро ҳамчун сабаби такроран содир кардани ҷиноят пазируфтан нодуруст аст.

Илҳом Маҳмудов, муовини сардори сарраёсати корҳои ислоҳии Тоҷикистон мегӯяд, барои ислоҳи маҳбусон дар маҳбасҳо тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаанд ва заминаҳо дар ин самт мавҷуд аст. Илҳом Маҳмудов гуфт, «ҳама чораҳое, ки қонун барои ислоҳи маҳбусон, таъмин намудани шароити амниятӣ, ҷалби онҳо ба меҳнат, гузаронидани корҳои тарбиявӣ муқаррар кардааст, меандешем».

Рӯзгори Ботиралӣ дар "кладовка".
Рӯзгори Ботиралӣ дар "кладовка".
Ҳамзамон ба гуфтаи Илҳом Маҳмудов дар муассисаҳои корҳои ислоҳӣ мактаби шабона, омӯзишгоҳҳо фаъолият мекунад, ки ба маҳбусон касбу ҳунарҳои гуногун омӯзонда мешаванд. Дар назди ин муассисаҳо корхонаҳои истеҳсолӣ амал мекунанд, ки маҳбусон дар он ҷо кор мекунанд ва на камтар аз андозаи маоши ҳадди аққал музди кор мегиранд.

Маҳбусон дар ин корхонаҳо бо дӯзандагӣ, дуредгарӣ, хиштрезӣ, сохтани дару тиреза ва мизу ҷевон ва дигар ҷиҳози рӯзгор машғул мешаванд. Ҳамчунин ба хотири тарбияи онҳо дар ҳамдастӣ бо вазорату идораҳо мулоқоту сӯҳбатҳо бо аҳли фарҳанг ва уламои кишвар баргузор мешаванд.

Ба таъкиди Гулзора Тайғуншоева, сардори шуъбаи қайдҳои махсуси ин ниҳод, вақте ба маҳбус ба озодӣ мебарояд, ба ҳукумати шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти шуғли аҳолӣ дар ин бора маълумотнома ирсол мешавад, то ин шахсро зери назорат бигиранд ва барои бо ҷои кор таъмин намуданаш муосидат кунанд.

Ин дар ҳолест, ки таҳлилгарон яке аз сабабҳои дубора содир кардани ҷиноятро надоштани ҷои кор арзёбӣ мекунанд ва ба андешаи онҳо, маҳбусон баъди баромадан ба озодӣ роҳи дигаре ҷуз мардикорӣ ва муҳоҷират надоранд.

Маҳмуд Кабирӣ, равоншиноси тоҷик.
Маҳмуд Кабирӣ, равоншиноси тоҷик.
Аммо Ниёз Қурбонов, як масъули вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон гуфт, онҳо дар ҳамкорӣ бо дигар муассисаҳо барои муҳаё кардани ҷои кор ба маҳбусоне, ки озод мешавад, иқдомотеро руи даст доранд, «мо бо корхонаю муассисаҳо ҳамкорӣ дорем ва барои бо кор таъмин кардани собиқ маҳбусон бо онҳо шартнома мебандем.»

Равоншиносон мегӯянд, барои ин қишри аҳолӣ баъди раҳоӣ аз маҳбас пайдо кардани ҷои худ дар ҷомеа бисёр душвор аст ва омилҳои гуногун боис мешаванд, ки онҳо дубора ба маҳбас раванд.

Маҳмуд Кабирӣ, равоншиноси тоҷик мегӯяд: «Дар дигар кишварҳо барои ба ҳаёти маъмулӣ баргардонидани собиқ маҳбусон барномаҳои вижа амалӣ мешаванд. Бояд маҳбусон баъди ба озодӣ баромадан бо меҳру муҳаббат ва ғамхории ҷомеа фаро гирифта шаванд».

Дар пайи охирин қонуни афв, ки ба муносибати 20-уми истиқлоли Тоҷикистон дар соли 2011 сурат гирифт, то 15 000 маҳбус афв шуданд. Аммо масъулони раёсати зиндонҳои Тоҷикистон мегӯянд 16 дарсади ин шумор дубора ҷиноят содир карданд ва дар ростои додгоҳ қарор гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG