Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

В.Стеклов: "Шайтон ҳамон фариштае буд, ки аз мақомаш афтодааст"


Владимир Стеклов, дар намоишнома нақши шайтонро бозидааст.
Владимир Стеклов, дар намоишнома нақши шайтонро бозидааст.

Ҳунармандони театри мустақили Маскав бо намоишномаи «Мастер ва Маргарита» меҳмони Душанбе шуданд. Билетҳо ба ин намоишнома пеш аз пеш фурӯхта шуданд ва ҳар навбат дар толор ҷойи нишаст набуд.

Ҳунарпешаи мардумии Русия Владимир Стеклов баъди анҷоми намоиши «Мастер ва Маргарита» дар суҳбат ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, аз сафар ба Тоҷикистон хеле хушҳол аст ва дар бораи муҳоҷирони тоҷик дар Русия, ки бо онҳо ҳам сарукор гирифтааст, наметавонад ягон ҳарфи бад гӯяд:

Владимир Стеклов: "Таассуроти ман аз ин сафар хеле хуб аст. Ман барои аввалин бор ба ин ҷо омадам. Ба шарофати вазорати фарҳанг ман чунин таассуроти равшан ҳосил кардам. Ман бисёр ҷойҳои зебои шаҳрро дидам ва ҳам маро ба тамошо ба дараи Варзоб бурданд. Умедворам, ки мо шиносоӣ ва ҳамкориро идома хоҳем дод. Умедворам, ки боз чунин имкон мешавад."

«Озодӣ»: Шумо дар намоиши «Мастер ва «Маргарита» нақши Воланд, яъне Шайтонро иҷро кардед. Мо ҳамеша одат кардаем, ки Шайтонро чун образи манфӣ бубинем. Аммо ин ҷо симои ӯ фарқ мекунад. Назари худатон ба ин нақш чӣ гуна аст?

Владимир Стеклов: "Дар роман, ки намоиш аз рӯи он таҳия шудааст, наметавон яксон Шайтонро симои манфӣ гуфт. Ман ҳам ҳангоми офаридани нақш сарчашмаи аввал, яъне романро ба назар гирифтам. Шайтон ба одамони ранҷдида умед медиҳад, ки танҳо бо зиндагии заминӣ ҳама чиз тамом намешавад ва шояд баръакс оғоз шавад. Шояд баъди ин роҳи пуразоби заминӣ, ки қаҳрамонҳои асар сипарӣ карданд, дар он дунё, тавре мо мегӯем, баъди марг подош хоҳад расид. Ин андеша дар роман хеле дақиқ пайгирӣ шудааст."

«Озодӣ»: Чаро маҳз Шайтон бояд ин корро анҷом диҳад?

Владимир Стеклов: "Инро аз муаллиф бояд пурсид. Ман намедонам. Шояд ин тахайюли ӯ ва ҷаҳоннигарии ӯ на танҳо дар бораи Шайтон, дар мавриди дарку фаҳмиши ҷаҳон, дар бораи яксон набудани умуман зиндагӣ чунин аст. Баъдан набояд фаромӯш кард, ки Шайтон ҳамон фариштае буд, ки аз мақомаш афтодааст. Вай дар паҳлӯи Худованд ва яке аз наздикони ӯ буд. Ман метарсам, ки ба чунин масъалаҳои фалсафӣ ворид шавам."

«Озодӣ»: Шумо миёни солҳои сиюми асри гузашта ва замони муосир ягон монандие мебинед?

Владимир Стеклов: "Комилан. Фақат имрӯз ҳама чиз урёнтар ва ошкортар шудааст. Имрӯз барои Воланд лозим меомад, ки кам заҳмат накашад, то муайян кунад, ки кӣ кӣ аст. Зеро имрӯз одамон бояд ба як даст бо салиб дуо саҷда мекунанд ва бо дасти дигар гуноҳ мекунанд. Гуноҳ мекунанду афв мехоҳанд, гуноҳ мекунанду афв мехоҳанд. Ҳама замон паҳлуҳои манфии худро дорад ва ман метавонам танҳо адабиёти таърихиро асос гирам, ки дар он дар бораи замони пешин чӣ гуфта шудааст. Мо шояд як давраи хеле мураккабро паси сар мекунем. Ман омилҳои ин вазъиятро ҷустуҷӯ намекунам, аммо он ки ҳастии мо, зиндагии мо чӣ маъно дорад, на ҳама мефаҳмем ва эҳсос мекунем.

Ба ҳар сурат ба инсон муясар нашудааст, фаҳмад, ки барои чӣ ба дунё омадааст ва аз ӯ чӣ талаб карда мешавд. Баъзе меъёрҳои ахлоқӣ вуҷуд доранд, аммо онҳо ба нафаре шояд ёрӣ намедиҳанд, нафаре раҳгум мезанад. Баъзе чизҳое оддие ҳаст, ки одам медонад, ки он нодуруст аст, аммо ба он даст мезанад ва мегӯяд ба ман маъқул аст, масалан шароб нӯшидан.

Дар романи «Мастер ва Маргарита» хеле хуб гуфта шудааст, ки кӣ дар зиндагӣ чӣ гуна подош мегирад. Тақдири бисёриҳо дигар шуд. Ва аз ҳама равшан тақдири қаҳрамонҳои асар Мастер ва Маргарита буд, ки оромӣ ёфтанд. Ҳато Пилат бахшиш ёфт."

«Озодӣ»: Дар ҷомеаи имрӯза гунаҳкорон бештар миёни кадом қишри ҷомеа ҳастанд, аҳли фарҳанг, сиёсат ё…

Владимир Стеклов: "Гунаҳкорон дар байни ҳамаи қишрҳои ҷомеа ҳастанд, аммо гуноҳи сиёсатмадорон бештар ба назар мерасад. Зеро агар чунин гуноҳро як шахси оддӣ кунад, эътибор намедиҳад, аммо агар аз ҷониби сиёсатмадорон содир шавад, он ба ҷомеа бевосита таъсир мерасонад."

«Озодӣ»: Мегӯянд, ки гӯё ба ин асар дуои бад рафтааст ва бо ҳунармандоне, ки бо он кор мекунанд, метавонад нохушие рӯй диҳад. Шумо дар ин бора чӣ назар доред?

Владимир Стеклов: "Ман наметавонам инро тасдиқ кунам. Ин ба ҳар сурат бозӣ аст. Набояд худро бо қаҳрамон тавъам кард ва гуфт, ки чунин ҳодиса бо ман ҳам мешавад. Худатон фикр кунед, дар асоси асари барҷастаи Гёте «Фауст» ду оҳангсози барҷастаи ҷаҳонӣ Шарл Гуно ва Арриго Бойто асар эҷод кардаанд. Якеаш операи «Фауст» ном дошт, дигаре «Мефистофел». Ва дар ҳарду онро ҳунарманди машҳури рус ва ҷаҳон Фёдор Шаляпин ҳунарнамоӣ кард. Вай инчунин «Демон»-Антон Рубинштейнро аз рӯи асари Михаил Лермонтов сурудааст. Чӣ тавр метавон гуфт, ки ба ӯ дуои бад рафтааст. Барои ҳамин ман гуфтаҳоро ҷонибдорӣ намекунам ва дӯст намедорам. Ман худро бо қаҳрамон тавъам намекунам ва бори дигар мегӯям, ки ин ба ҳар ҳол бозӣ аст."

«Озодӣ»: Ба шумо офаридани чӣ гуна нақшҳо бештар писанд аст: мусбат ё манфӣ?

Владимир Стеклов: "Нақшҳоро ба мусбату манфӣ ҷудо набояд кард. Ҳаст некӣ ва ҳаст бадӣ. Аммо эҳтимол барои ҳунарманд танҳо ягон ранг, сафед ё сиёҳро нишон додан чандон ҷолиб нест. Бояд фарогирии ҳунарманд вусъати бузургтар дошта бошад. Ҳам дар нишон додани образ, характер ва садо. Бояд гуногун бошад. Барои ман ин тавр ҷолибтар аст."

"Озодӣ": Шумо шоҳиди он будед, ки мардуми хеле зиёд сарфи назар аз гаронии арзиши чипта ба тамошои намоиши «Мастер ва Маргарита» омада буданд, ки аз муҳаббати онҳо ба ҳунару адабиёти мардуми рус ҳам дарак медиҳад. Аммо дар мавриди муҳоҷирони тоҷик, ки дар Русия қарор доранд, аз ҷониби бархе мардуми Русия баъзе носазоҳо садо медиҳад. Шумо дар ин бора чӣ назар доред?

Владимир Стеклов: "Инсонҳо ҳар хел мешавад. Дар бустонсарои ман муҳоҷирон аз Тоҷикистон ва Узбакистон кор мекарданд. Хеле инсонҳои хубу заҳматдӯст буданд. Дар ҳар оила ҳар гуна фарзандон мешаванд. Имрӯз ба ман дар бораи як тоҷики муҳоҷир нақл карданд, ки модарашро «зинда ба гӯр кардааст». Яъне, дар бораи модараш, ки зинда будааст, гуфтааст, ки ӯ кайҳо вафот кардааст. Ин даҳшатнок аст, аммо дар асоси ин гуфтан, ки тамоми мардуми тоҷик чунин ҳастанд, нодуруст аст. Ё агар русҳо ба Тоҷикистон барои кори кӯтоҳмуддате, масалан, ҳунарнамоӣ омаданд ва ин ҷо бадмастӣ карданд, аммо дар асоси он намешавад ҳамаи русҳоро бад гӯем. Шахсан ман дар бораи тоҷикон фикри бад надорам. Муҳоҷирон на танҳо хонаводаҳояшонро, балки мамлакаташонро ҳам таъмин мекунанд, зеро ин қадар пул ба ҳамин ҷо меояд. Дар таҷрибаам набуд, ки гӯям инсонҳои танбал ҳастанд, ё нашъаманду бадмастанд. Ва Худо нишон надиҳад, ки чунин шавад. Бори дигар мегӯям, ки дар таҷрибаи ман ин гуна набуд."
XS
SM
MD
LG