Аз соли 2017 корманди Радиои Озодӣ дар Душанбе аст.
Дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон одат шудааст, ки занон бояд фармонбардори мардҳо бошанд ва ҳар тасмими худро бо шавҳар, падар ва ё бародари худ маслиҳат кунанд.
Дар ҷомеаи Тоҷикистон одат шудааст, ки занон бояд фармонбардори мардҳо бошанд ва ҳар тасмими худро бо шавҳар, падар ва ё бародари худ маслиҳат кунанд. Оё мардҳо низ дар коре фармонбардори занон ҳастанд? Дар чӣ мавзуъ бо ҳамсарони худ машварат мекунанд? Посухи ин ва суолҳои дигарро Афсона Акобиршоева аз мардон дар Душанбе пурсид. Ҷавобҳоро дар видео бинед ва навиштани назари худро дар зер фаромӯш накунед.
Ҳаракати зиёди мошинҳои борбар аз дохили рустоҳои Харангон дар ноҳияи Варзоб сабаби вайронии роҳҳо ва азоб кашидани мардуми ин маҳал шудааст.
Театрҳои Тоҷикистон баъд аз як муддати танаффус дигарбора дари худро ба рӯйи сокинон кушоданд ва мақомот гуфтанд, ки намоишномаҳои наву диданӣ рӯйи саҳна хоҳад омад.
Номи вакили зиндонии тоҷик Бузургмеҳр Ёров ба дарёфти Ҷоизаи ба номи Ватслав Ҳавел, дигарандеш ва президенти пешини Чехия, пешниҳод шудааст. Ин ҷоизаи Маҷмаи порлумонии Шӯрои Аврупо ва Бунёди "Хартия-77" аст, ки ҳар сол ба ҳомиёни ҳуқуқи инсон дода мешавад.
Имсол аз таъсиси гурӯҳи овозадори эстрадии “Гулшан” 55 сол сипарӣ мешавад. Дастаи овозхонони ҷавони ин гурӯҳ талош доранд, шӯҳрати қаблии ин гурӯҳро баргардонанд. Радиои Озодӣ бо Бахтиёр Иброҳимов, роҳбари нави дастаи “Гулшан” суҳбат кард.
Тоҷикистону Афғонистон барои кумак ба якдигар дар рафъи оқибатҳои офати табиӣ, ба монанди заминларза ё омадани сел, созиш карданд. Ин санад, ки шоми 21-уми август дар Душанбе имзо шуд, имкон медиҳад, наҷотбахшони тоҷик ба минтақаҳои офатзадаи Афғонистон раванд, ё баръакс.
Мансур Ҷаъфарӣ, овозхони машҳури эронии муқими Амрико, ки ин шабу рӯз дар Душанбе қарор дорад, бо хабарнигорони Радиои Озодӣ суҳбати вижа кард. Вай гуфт, 30 сол боз берун аз Эрон аст ва солҳои ахир ба эҷоди таронаҳои сиёсӣ рӯ овардааст. Ҳамчунин ҷавоб дод, ки чаро дер-дер ба Тоҷикистон меояд.
Мансур Ҷаъфарӣ, овозхони машҳури эронии муқими Амрико, ки ин шабу рӯз дар Душанбе қарор дорад, бо хабарнигорони Радиои Озодӣ суҳбати ихтисосӣ кард. Вай гуфт, 30 сол боз берун аз Эрон аст ва солҳои ахир ба эҷоди таронаҳои сиёсӣ рӯ овардаст. Ҳамчунин ҷавоб дод, ки чаро дер-дер ба Тоҷикистон меояд.
Тоҷикон хайрхоҳанд ва ё зимни талбандагии касе аз кӯмак ба ӯ истиҳола мекунанд. Хабарнигори Радиои Озодӣ дар Душанбе, худро духтаре вонамуд кард, ки ҳамёнашро гум кардааст ва аз раҳгузарон пул пурсид. Худатон бубинед, муносибат бо ӯ чӣ гуна буд.
Барои қадимиҳо мушаххас буд,ки мулоқот аввал бо ташаббуси кӣ сурат мегираду харҷи он ба гардани кист. Кунун гоҳҳо ҷуфтҳо ба ҳам баҳс мекунанд, ки бояд кӣ бупардозад, зан ё мард.
Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяҳд, ба хотири беҳсозии вазъи молии "Барқи Тоҷик", ширкати тавлидкунандаи нерӯи барқ, иҷозат додааст нархи он боло бурда шавад. Тасмиме, ки мардумро нигарон кардааст.
Рӯз ба рӯз ин андеша дар ҷомеаи тоҷик маъмул аст,ки мансабдорон аз мардум фосила мегиранд. Доди мардум ба гуши онҳо намерасад. Мо дар хиёбонҳои Душанбе аз хостаҳо ва пешниходоти мардум ба вазирони тоҷик пурсидем.
Мо ҳам аз мардум пурсидем, ки дар кадом гуфтаҳ аз бузургон ҳолатии руҳии имруз онҳоро баён мекунад?
Бархе бар ин назаранд, ки пурсидани мазҳаб ё дин боиси ангуштнамо шудани дигарандешон ва ақаллиятҳои мазҳабӣ шуда, онҳоро меранҷонад.
Модари яке маҳбусони тоҷик иддао дорад, фарзандашро аз Хуҷанд ба Душанбе интиқол додаанд ва панҷ рӯз аст ӯро мекобад.
Барномаи "Гуфтанд ба мо" маълум кард, мардум кадом вақт омодаанд узви худро бифурӯшанд ё бубахшанд.
Ҷавонони Душанбе ба хабарнигори радиои Озодӣ гуфтанд, дар бораи чӣ шунидану фаҳмидан мехоҳанд.
Як сокини 19-солаи Варзоб иддао дорад, ки ҳамдеҳааш ӯро таҷовуз кардааст ва ӯ ҳомила шудааст. Духтару модараш мехоҳанд, гунаҳкор ҷазо бигирад. Аммо ҷавон шикояти духтарро беасос хонда, мегӯяд, духтар “бо хоҳиши” худ бо ӯ ҳамхоба шуд.
Гурӯҳи кории СММ оид ба нопадидшавиҳои маҷбурӣ дар поёни сафари панҷрӯзааш ба Тоҷикистон бо нашри изҳороти матбуотӣ гуфт, ки “коршиносон натавонистанд маълумоти расмиро ба даст оваранд”, дар ҳоле, ки, ба қавли ин коршиносон, “ҳазорон нафар” нопадидшуда боқӣ мемонад.
Ёфтҳои бештар