Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Далер Назаров: "Ҳоло саропо хомӯшӣ ҳастам". ВИДЕО, АКС


Далер Назаров дар маросими дафни модараш. Рӯзи 8-уми сентябри соли 2019
Далер Назаров дар маросими дафни модараш. Рӯзи 8-уми сентябри соли 2019

Нодирамо Қадамшоева, модари овозхони шинохтаи тоҷик Далер Назаров ва сиёсатмадору коргардони маъруф Давлат Худоназаров, дар 97-солагӣ дар Душанбе даргузашт.

Маросими видоъ бо Қадамшоева рӯзи 8-уми сентябр дар Душанбе баргузор шуд ва ӯро дар оромгоҳи "Сари Осиё" дафн карданд. Нодирамо Қадамшоева як ҳафта пеш аз ҷашни таваллудаш ва дар рӯзи 60-солагии Далер Назаров ҷон дод. Пайвандонаш мегӯянд, ӯ чанд ҳафта боз бемор буд.

Далер Назаров, овозхони шинохтаи тоҷик, баъд аз дафни модараш ба Радиои Озодӣ гуфт, "мехоҳам дар борааш ҳарфи зиёд занам, аммо ҳоло дарунам пур аз хомӯшӣ аст".

Аз фарзандони Нодирамо Қадамшоева танҳо Давлат Худоназаров натавонист дар маросими видоъ иштирок кунад. Наздиконаш гуфтанд, ӯ ҳоло дар Маскав аст ва дертар ба Душанбе мерасад.

Даргузашти модари Далер Назаров
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:10 0:00

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ даҳҳо нафар ба Далер Назаров ва Давлат Худоназаров изҳори таслият гуфтаанд. Чанде аз онҳо барои видоъ ба оромгоҳи "Сари Осиё"-и Душанбе омада буданд.

Заур Дахте, аккос ва филмбардори шинохта, гуфт, аз солҳои 50-уми асри гузашта бо оилаи Назаровҳо шиносоӣ дошт ва аз модари хонавода хотироти нек дорад.

"Имрӯз мо як хонуми меҳрубонро гум кардем. Маро хеле дӯст медошт ва ҳамеша мегуфт, Заурҷон, шумо писари ман ҳастед. Фарзандоне тарбия кард, ки одамон аз онҳо некӣ мебинанд. Бачаи нағз тарбия кардан кори осон нест. Ҳар кас наметавонад дар ин муҳит чунин фарзанд тарбия кунад," – ба ёд овард Заур Дахте.

Нодирамо Қадамшоева, ҳамсари вазири пешини фарҳанги Тоҷикистон Меҳрубон Назаров мебошад. Ӯ дар гузашта ба ҳайси ровии Радиои Хоруғ ва мусаҳҳеҳи нашрияи "Бадахшони Советӣ" кор кардааст.

Далер Назаров, писаи Нодирамо Қадамшоева, дар солҳои 80-ум яке аз овозхонҳои маҳбубтарин дар Тоҷикистон шуд ва ҳамчунон аз шӯҳрати зиёд бархӯрдор аст. Давлат Худоназаров, писари дигари ӯ, раиси пешини Иттиҳоди синамогарони Тоҷикистон ва Шӯравӣ, собиқ депутати халқии СССР ва номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон дар интихоботи соли 1991 аст. Беш аз 25 сол боз дар хориҷ зиндагӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG