Аз соли 2017 корманди Радиои Озодӣ дар Душанбе аст.
Раҳматулло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократ мегӯяд, ки қарори Маҷлиси олӣ дар бораи таъйини санаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ғайриқонунӣ аст. Ӯ дар як баёнияе дар Фейсбук гуфтааст, таъйини интихобот ба рӯзи 11-уми октябр, “як моҳ қабл аз анҷоми муҳлати ваколати президент ғайриқонунӣ аст.”
Хабарнигори Радиои Озодӣ дар кӯчаҳои Душанбе аз раҳгузарон пурсид, ки Иди Қурбонро дар шароити коронавирус ва маҳдудиятҳо чӣ гуна таҷлил карданд. Посухи калону худро бубинед ва шумо ҳам бигуед, ки идатон чӣ гуна гузашт.
Густариши бемории COVID-19 дар ҷаҳон вуруди сармояҳои хориҷиро ба Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳиза коҳиш додааст.
Аз 60 корхонаи азимтарини Тоҷикистон, ки корашон ба муҳити зист осеб мерасонад, бештарашон бо технологияи чинӣ фаъолият мекардаанд.
Мақомоти расмии Тоҷикистон борҳо гуфтаанд, ки табобати гирифторони коронавируси нав бепул ё ройгон аст. Чанде аз роҳгузарон дар Душанбе ба пурсиши сарироҳии хабарнигори Радиои Озодӣ ҷавоб доданд, ки наздиконашонро бо пули худ муолиҷа карданд. Иддае гуфтанд, табобат пурра бепул буд.
Русия шартҳои қабул ба шаҳрвандиро сабуктар кард. Дар ин бора амр содир шудааст ва матни онро 27-уми июн дар пойгоҳи иттилооти ҳуқуқии ҳукумати Русия гузоштанд. Амр баъд аз 90 рӯз ба иҷро медарояд.
Чанде аз роҳгузарон дар Душанбе гуфтанд, ки тақдими шаҳрвандии Русия ба хориҷиҳо, аз ҷумла тоҷикон, чӣ суду чӣ зиён дорад. Видеоро бинед.
Бо гузашти чаҳор моҳ аз интихоби вакилони нави Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, хабарнигори Радиои Озодӣ аз чанд раҳгузар пурсид, ки кори онҳоро чӣ гуна баҳо медиҳанд ва чӣ қонуни муҳимеро дар ёд доранд, ки дар ин муддат қабул шудааст.
Баъзе аз сокинони шаҳри Душанбе бо нашри наворе дар Интернет аз селофанпеч шудани чандин қабри нав дар оромгоҳҳои пойтахт нигаронӣ карданд. Мақомоти Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯянд, қабрҳои селофанпеч ба чораҳои пешгирӣ аз бемории ҳамагир рабт надорад
Гуфтугӯ бо ҳуқуқдони тоҷик Ватан Абдураҳмонов
Мадина Ақназарова, овозхони ҷавони тоҷик, дар рӯзҳои охирини таҷлил аз Наврӯз дар Тоҷикистон дар бораи ҳунараш, нархи тарона, сензура дар интихоби мавзуъву либос ва, инчунин, бемории КОВИД-19 ибрози назар кард.
Яке аз донишмандони маъруфи тоҷик мегӯяд, бовар дорад, ки ба ғайр аз инсон, ки ҳоло бо хатаре ба мисли бемории коронавирус рӯ ба рӯ шудааст, дар кайҳони бекарон махлуқоту мавҷудоти дигаре ҳаст.
Яке аз донишмандони маъруфи тоҷик мегӯяд, бовар дорад, ки ба ғайр аз инсон, дар кайҳони бекарон мавҷудоти дигаре ҳаст. Баҳриддин Камолиддинов, яке аз забоншиносони шинохта ба суоли Радиои Озодӣ, ки оё ба мавҷудияти махлуқҳои осмонӣ бовар дорад, гуфт: “Бояд дар дигар саёраҳо ҳам зиндагӣ бошад".
Аксар кишварҳои ҷаҳон бо коронавирус даст ба гиребонанд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, то ҳол ягон мавриди сироят ёфтани одамон ба ин беморӣ сабт нашудааст. Бо ин ҳол, мардум роҳҳои пешгирӣ аз вирусро меҷӯянд. Ҳамкорони мо 8 роҳи эҳтиёт аз бемориро ба Шумо нишон медиҳанд. Дар видео бинед.
Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар оғози ҳафта натиҷаҳои интихоботи порлумонии 1-уми мартро эълон кард. Хабарнигори Радиои Озодӣ аз сокинон дар Душанбе пурсид, ки оё аз натиҷаҳои эълоншудаи интихобот розӣ ҳастанд, ё не? Посухҳоро дар видео бинед.
Мақомоти расмӣ ба модари Ҳусейн Абдусамадов, тарҳрези ҳамлаи хунин ба дучархасаворони хориҷӣ дар Тоҷикистон гуфтаанд, ки ӯ дар натиҷаи аз кор мондани гурдаҳояш ҳалок шудааст.
Хабарнигори Радиои Озодӣ дар Хатлон аз чанд сокини вилоят пурсид, ки ба назари онҳо интихоботи рӯзи 1-уми март чӣ гуна мегузарад. Ҷавобҳоро дар видео бинед.
Ёфтҳои бештар