Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қабрҳои "селофанпӯш". Чораи пешгирӣ аз беморӣ ё ҳимоя аз боронҳои шадид? ВИДЕО


Оромгоҳи "Сари Осиё"-и шаҳри Душанбе
Оромгоҳи "Сари Осиё"-и шаҳри Душанбе

Баъзе аз сокинони шаҳри Душанбе бо нашри наворе дар Интернет аз селофанпеч шудани чанд қабри нав дар оромгоҳҳои пойтахт нигаронӣ карданд. Онҳо тахмин заданд, ки эҳтимол ин мазори қурбониёни COVID-19 аст ва шуморааш ҳам хеле зиёд аст. Мақомоти Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯянд, қабрҳои селофанпеч ба чораҳои пешгирӣ аз бемории ҳамагир рабт надорад ва танҳо бо ҳадафи муҳофизати гӯрҳо аз боду борон асту бас.

Мушоҳидаи хабарнигорони Радиои Озодӣ рӯзи 14-уми май дар оромгоҳи "Сари Осиё"-и шаҳри Душанбе нишон дод, ки болои чанд қабри навро бо селофан пӯшондаанд. Чизе, ки дар гузашта маъмул набуд.

Масъулони оромгоҳ сабаби чунин корро ба ҳифзи қабрҳои нав рабт доданд, ки ба қавли онҳо "метавонад аз бориши зиёди борон фурӯ равад".

Айни замон Баҳодур Сафаров, корманди оромгоҳи "Сари Осиё"-и шаҳри Душанбе, дар суҳбати видеоӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ҷасади нафаронеро, ки аз бемории ҳамагир ё илтиҳоби шуш фавтидаанд, пизишкон бо либосҳои махсус дафн мекунанд.

Вай гуфт, то 14-уми май беш аз бист чунин ҷасад дар оромгоҳ дафн карда шудааст: "Инҷо қабристони шаҳрӣ аст. Рӯзе мешавад, ки як ҷасад меоранд, рӯзи дигар то чаҳор касро дафн мекунанд. Баъзан ҳеч ҷасадеро намеоранд. Мурдаҳоро дар селофан тозаву озода печонида меоранд ва ба қабр мегузоранд, баъдан бачаҳои мо рӯйи онро бо хок мепӯшонанд."

Сафаров дар посух ба ин суол ки оё наздикони шахсони фавтида ҳам дар маросими дафн ширкат мекунанд, ё не, гуфт, “ду ё се нафар намоянда аз пайвандони фавтида ҳам ширкат мекунанд”.

Аз охири моҳи март ба ин тараф мақомот ҷасади афродеро, ки ба гуфтаи онҳо аз бемории илтиҳоби шуш ва ё коронавирус фавтидаанд, ба наздиконашон намедиҳанд ва шитобкорона ва бе риояти бисёре аз аркони исломӣ ва ё маросими видоъ дафн мекунанд.

Акрамиддин, сокини шаҳри Душанбе, ҳафтае пеш бародари 43-солаашро ба хок супорид. Вай мегӯяд, табибон ҷасади бародарашро то пеши дарвозаи хона оварда, вале нагузоштанд, ба он наздик шаванд.

"Модарам ва ҳамсараш зиёд пофишорӣ карданд, ки бори охир рӯяшро бинанд, аммо табибон не гуфтанд. Аз мошини Ёрии таъҷилӣ нафароварда, ба оромгоҳ бурданд. Тасаввур кунед, рӯйи шахси азизеро, ки як умр бо ту буд, наметавонӣ бори охир бубинӣ ва видоъ кунӣ", - нақл кард ӯ.

Мақомот мегӯянд, ин кор бо ҳадафи пешгирӣ аз сирояти беморӣ аст ва бояд мардум вазъро дарк кунанд. Табибон мегӯянд, имкони гирифтор шудани шахсоне, ки бо ҷасад сарукор мегиранд, вуҷуд дорад ва аз ин хотир беҳтар аст пайвандон худро эҳтиёт кунанд.

Одил Ҳусейнов, мутахассиси бемориҳои сироятӣ, ки баъди бознишаста шудан ҳам ба кори худ идома медиҳад, ба Радиои Озодӣ гуфт: "Ҷасад ҳам мисли ашё аст, ки ба ин вирус олуда шудааст ва вақте ба он даст мезанед, албатта, хатарнок асту ба дигарон сироят мекунад. Вале вақте ӯро зери хок гузоштанд, алакай бехатар аст. Чун ӯ дигар дар берун нест ва наметавонад ба атрофиён сироят кунад."

Масъулони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ мегӯянд, оромгоҳҳо дар шаҳри Душанбе дар мавзеи нишебӣ қарор гирифтаанд ва дар гузашта низ ба хотири вайрон нашудан, бахусус вақти боронҳои зиёд қабрҳоро як муддат селофан мепечонданд.

Афшини Муқим, сухангуи кумита, 14-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт: "Бубинед, ба андешаи табибон ин вирус дар ҳавои кушод ҳамагӣ чанд соат умр дорад ва дар ҷисми беҷон зинда монда наметавонад. Ин масъала дар мулоқоти рӯзи 13-уми майи раиси Кумита Сулаймон Давлатзода бо ҳайати Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ низ баррасӣ шуд. Ҳоло интизори хулосаҳои ниҳоии ин ҳайат ҳастем, то дар доираи он тасмиме бигирем".

Ахиран масъулони Кумитаи дини Тоҷикистон аз мутахассисони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ хостаанд, ки роҳи амн, вале бо риояи талаботи мусалмонии дафни ҷонбохтагон аз бемории COVID-19-ро пешниҳод кунанд. Як ҳайати мутахассисони СҶТ дар Тоҷикистон ҳастанд ва ваъда додаанд, ки ба зудӣ дар ин масъала тавсияҳои худро мегӯянд.

Бо ин ҳол, чанд суол беҷавоб мондааст, ки чаро дар ин шабу рӯз гӯрҳоро селофанпеч мекунанд. Агар дар гузашта ин корро таҷруба кардаанд, чаро касе нигаронӣ надошт ва ё он замон мардум таваҷҷуҳ намекарданд?

Бино ба иттилои расмии Вазорати тандурустии Тоҷикистон, то 14-уми май коронавирус ба 907 нафар сироят карда, 29 касро куштааст. Бархе аз сокинон омори расмиро зери шубҳа мегузоранд. Сомонаи https://kvtj.info/, ки феҳрасти алтернативии қурбониёни коронавирус ва пневмонияро дар Тоҷикистон тартиб медиҳад, то 14-уми май номи беш аз 200 нафарро сабт кардааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG