Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот мегӯянд, таҷҳизоти чинӣ ҳавои Тоҷикистонро олуда мекунанд, вале на беш аз меъёр


Ин маркази гармидиҳии Душанбе низ бо таҷҳизоти чинӣ кор мекунад.
Ин маркази гармидиҳии Душанбе низ бо таҷҳизоти чинӣ кор мекунад.

Аз 60 корхонаи азимтарини Тоҷикистон, ки корашон ба муҳити зист осеб мерасонад, бештарашон бо технологияи чинӣ фаъолият мекардаанд.

Масъулини Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯянд, ин масъала ҷойи нигаронӣ надорад, чун корхонаҳо акнун бо технологияҳои нав кор мекунанд. Ҳарчанд бархе мутахассисони бахши муҳити зист ба ин гуфтаи мақомот шубҳа доранд ва мегӯянд, лоиҳаи чунин корхонаҳо бидуни баррасӣ бо ҷомеа амалӣ шудаанд.

Саидусмон Судуров, сардори шӯъбаи ҳифзи атмосфераи Кумитаи ҳифзи муҳити зист рӯзи 14-уми июл зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, корхонаҳои калонтарин бо сармоя ва технологияҳои чинӣ асосан дар бахшҳои кӯҳкорӣ, металлургӣ ва истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ фаъолият мекунанд.

Нишасти хабарии Кумитаи ҳифзи муҳити зист.
Нишасти хабарии Кумитаи ҳифзи муҳити зист.


Ин масъули Кумитаи ҳифзи муҳити зист интиқодҳо дар бораи ворид шудани технологияи куҳнаи чиниро ба Тоҷикистон қабул надорад ва мегӯяд, чунин чизе шояд дар оғози солҳои 90-ум буд, аммо ҳоло нест. Ӯ гуфт: "Дар раванди гузарондани экспертизаи экологӣ аз ҳама талаботи асосие, ки монда мешавад ин истифодаи технологияи аз ҷиҳати экологӣ бехавф аст. Таҷҳизотҳое, ки самаранокии онҳо имрӯз тибқи талаботҳои байналмилалӣ бошанд ва дар оянда барои мо мушкили экологӣ эҷод накунанд."

Мақомот бо вуҷуди онки зарари корхонаҳои чинӣ ба муҳити зистро рад намекунанд, аммо мегӯянд, вазъ на ба он тавре аст, ки тасвир мешавад. Аз ҷумла, Саидусмон Судуров гуфт, корхонаҳои семент дар Ёвон ва Суғд, ки интиқодҳои зиёдро ба миён овардааст, "бо самараноки ҳавотозакунии то 98-99 фоиз таҷҳизот ворид карданд.”

Аммо мутахассисони мустақили бахши муҳити зист ба безарар будани корхонаҳое ба мисли корхонаи истеҳсоли семент шак доранд. Онҳо мегӯянд, агар чунин мебуд, Чин аз ин гуна ширкатҳо роҳи халосӣ намеҷуст. Ба гуфтаи коршиносони муҳити зист, онҳо барои ташхиси таҷҳизоте, ки дар ширкатҳои мазкур насб шудаанд, иҷозат надоранд.

Мақомот ҳам мегӯянд, дақиқан намедонанд, ки корхонаҳо бо технологияи чинӣ ба муҳити зист чӣ қадар таъсири манфӣ расондаанд. Чун ба гуфтаи масъулин, дар кишвар ҳоло мораторияи санҷиши соҳибкорон рафта истодааст, ки ҳаққи тафтиш ва ҷарима карданро надоранд.

Талошҳои мо барои суҳбат бо масъулини ширкатҳои чинӣ дар Душанбе рӯзи 14-уми июл бенатиҷа буд. Танҳо як масъули яке аз корхонаҳои семент дар ноҳияи Ёвон буд, онҳо бо технологияи нав кор мекунанд.

"Шумо технологияи моро бо таҷзиҳоти корхонаи сементи Душанбе муқоиса кунед, тамоман фарқ мекунад. Корхонаи мо бо технологияи нав кор мекунад",-гуфт ӯ.

Вуруди босуръати сармояи чинӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баъд аз соли 2005 оғоз шуд. Пас аз он сол даҳҳо корхона дар Тоҷикистон бо маблағи Чин ба кор сар карданд ва конҳои калонтарини кишвар низ дар ихтиёри ширкатҳои чинӣ қарор гирифт.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, сармоягузории Чин ба иқтисоди Тоҷикистон барои рушди кишвар муҳим аст. Аммо мутахассисони бахши муҳити зист борҳо гуфтаанд, ки набояд ба хотири фоидаи иқтисодӣ аз зарарҳо ба муҳити атроф чашм пӯшид.

Муаззама Бурҳонова, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии "Дасти ёрӣ", ки дар масъалаҳои муҳити зист кор мекунанд, гуфт, тарҳи корхонаҳои азим ва ҳатто маркази барқу гармидиҳии пойтахт бидуни баррасӣ бо мутахассисони мустақил қабул шуд.

Муаззама Бурҳонова, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии "Дасти ёрӣ".
Муаззама Бурҳонова, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии "Дасти ёрӣ".


"Онҳо рустӣ (пинҳонӣ РО) кор мекунанд, ман ҳеҷ маълумоте надорам. Хабарҳоро пинҳон мекунанд, маълумоти заруриро пахш намекунанд. Дарёфти маълумот дар ин бора хеле мушкил аст" - мегӯяд таҳлилгар.

Ба таъкиди хонум Бурҳонова, ки солҳо масъалаҳои муҳити зистро меомӯзад, дар вақти ташхиси экологии корхонаҳои азим бояд мутахассисони мустақил ҳам ҷалб шаванд.

Аммо танҳо корхонаҳои чинӣ нестанд, ки интиқоди мутахассисони бахши экологияро ба миён овардааст. Марказу барқу гармидиҳии Душанбе, ки аз ҷониби ширкати TBEA-и Чин бунёд шудааст, то ҳол бахши аъзами партови пойтахтро ба ҳаво мепартояд. Ба гуфтаи масъулин, аз 17 ҳазор тонна партове, ки солона корхонаҳои воқеъ дар Душанбе ба фазо партоб мекунанд, 14,5 ҳазор тоннааш ба Маркази барқу гармидиҳии Душанбе тааллуқ дорад.

Бархе мутахассисон мегӯянд, таъмини мардум бо ҷойи кор ва гармӣ муҳим аст, аммо ин корҳо бояд бидуни нақзи меъёрҳои экологӣ сурат гирад. Бо ин ҳама бархе мутахассисони бахши муҳити зист бовар доранд, ки Тоҷикистон ҳанӯз "хати сурх"-ро убур накардааст.

Ҳасан Шеров, як мутахассиси бахши муҳити зист ба Радиои Озодӣ гуфт, саноати Тоҷикистон ҳоло ба сатҳи солҳои 90-ум набаромадааст. Ба ҳисоби Шеров, агар соли 1986 корхонаҳои танҳо Душанбе ба фазо 36 ҳазор тонна партов ихроҷ мекарданд, пас ҳоло он танҳо 17 ҳазор тонна аст.

"Бо вуҷуди онки ҳукумат мегӯяд, ҳадаф саноатикунонӣ аст, аммо саноате, ки Тоҷикистон солҳои 90 ва пеш аз он дошт, ба сатҳи ҳамон саноат мо нарасидаем. Аз рӯи ҳуҷҷатҳои баҳодиҳӣ, ки корхонаҳо доранд, сатҳи рушди саноат он қадар хуб нест" - мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Дар умум таҳлилгарон мегӯянд, Тоҷикистон барои рушди иқтисодаш ниёз ба сармоя ва технологияи Чин доранд ва дар ин роҳ мумкин аст ба зарарҳои экологии он "чашм пӯшад". Бахусус дар шароите, ки ба ҷуз сармоягузорони чинӣ аз кишварҳои Ғарбӣ ба иқтисоди кишвар таваҷҷуҳи зарурӣ сурат намегирад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG