Дар пурсиши сарироҳии Радиои Озодӣ доир ба эҳтимоли мавҷудияти махлуқони осмонӣ ва ё умуман зиндагӣ дар гӯшаҳои дигари кайҳон қисме гуфтанд, ки бовар доранд, инсон танҳо нест. Теъдоде гуфтанд, азбаски аломате аз махлуқоти масалан сабзу якчашмаву аҷибу ғариб надидаанд, ба мавҷудияти онҳо бовар надоранд.
Яке аз донишмандони маъруфи тоҷик мегӯяд, бовар дорад, ки ба ғайр аз инсон, ки ҳоло бо хатаре ба мисли бемории коронавирус рӯ ба рӯ шудааст, дар кайҳони бекарон махлуқоту мавҷудоти дигаре ҳаст.
Баҳриддин Камолиддинов, забоншиноси шинохта ба суоли Радиои Озодӣ, ки оё ба мавҷудияти махлуқҳои осмонӣ бовар дорад, гуфт: “Бояд дар дигар сайёраҳо ҳам зиндагӣ бошад, чунки аллакай кашф кардаанд, ки об ҳаст. Дар ҷое, ки об ҳаст, ҳаёт ҳаст. Бинобар ин, бовар кардан мумкин."
Мусоҳиби дигари мо дар кӯчаҳои Душанбе гуфт: "Ман бовар надорам, ман воқеъбин ҳастам, то чизеро ба чашми худ набинам, бовар намекунам."
Яке аз мусоҳибони Радиои Озодӣ, ки зоҳиран зани эътиқодманде ҳаст, дар посухи кӯтоҳе гуфт: “Нест, барои онки фақат Худо ҳаст.”
Баъзеи дигар гуфтанд, ки инсон ягона сокину соҳиби кайҳон нест ва кашфи сайёраҳои шабеҳи Замин дар чанд соли ахир нишондиҳандаи он аст, ки сокинони курраи Замин ҳамсоягони дуре доранд.
Азизи Азиз, рӯзноманигор ва адиби кӯдакон, гуфт, ҳамсоягони инсон ба худи мо монанд нестанд: "Дар маҷмӯъ мегӯям, ки кайҳон ҷойи пурмуаммо ҳаст, барои ҳамин бовар дорам, махлуқҳое ҳастанд, агарчӣ инсон нестанд. Албатта чизе ҳаст."
Мусоҳиби дигари Радиои Озодӣ гуфт, то ягон махлуқи сабзу якчашмаро набинад ба мавҷудияти чизе ба ғайр аз инсон бовар намекунад: “Бовар надорам, нафаҳмидам, надидам. Чаро бовар кунам?"
Раҳгузари дигаре, ки Радиои Озодӣ аз ӯ дар бораи мавҷудияти махлуқони осмонӣ пурсид гуфт, шояд замоне бирасад, ки инсон ҳамсоягони дурашро пайдо кунад.
Ӯ афзуд: “Замин як гӯшаи кӯчаки кайҳон аст. Мо наметавонем, дар як гӯша нишаста, бигӯем, ки яқин аст, ки вуҷуд дорад, ё не. Фикр мекунам, дар ягон ҷое шояд бошад, мисли шароити Замин. Шояд техникаи мо пешрафт кунад ба ҳадде, ки ба ягон гӯшаи дури кайҳон равем ва бинем, ки ҳастанд, ё не."
Наворро дар инҷо тамошо кунед:
Ба назари шумо чӣ? Махлуқони осмонӣ ҳастанд, ё не? Назари худро дар поварақи ҳамин гузориш бинависед. Ё дар видео мисли селфӣ бигиред ва ба ин шумора аз тариқи Вотсап, Вайбер, ИМО ва Телеграм бифристед: (+420) 607 900 808
Худи вебсайт ҳам роҳи фиристодани видеоро дорад ва инҷо