Вазорат муолиҷаи илтиҳоби шуш ва назорати марзи Тоҷикистонро баррасӣ кард. ВИДЕО

Акс аз вазорати тандурустӣ.

Мақомоти вазорати тандурустӣ дар як ҷаласаи бархат ё онлайнӣ ба раҳбарони муассисаҳои тиббӣ ва беҳдоштӣ дастур додаанд, барои пешгирӣ аз сирояти коронавирус назоратро дар ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистон сахттар кунанд.

Масъулини ин ниҳод гуфтанд, барои пешгирӣ аз коронавирус роҳбарони ниҳодҳои тандурустиро дар якҷо ҷамъ накарданд, балки ин ҷаласаро бо истифода аз интернет баргузор карданд. Худи сарварони вазорат низ дар он бо риояи фосилаи иҷтимоӣ ширкат варзиданд.

Даргузашти чанд нафар бо нишонаҳои илтиҳоби шуш дар рӯзҳои ахир масъалаи коронавирусро дар Тоҷикистон ҷиддитар кардааст. Бархе мақомотро ба он муттаҳам мекунанд, ки воқеиятро комил баён намедоранд, аммо вазорати тандурустӣ чунин чизеро рад мекунад. Ҷаласаи ҷамъбастии семоҳаи вазорат рӯзи 24-уми апрел баргузор шуд. Дафтари матбуоти вазорати тандурустӣ мегӯяд, дар ҷаласа ба масъалаҳои пешгирии сирояти коронавирус ва авҷ гирифтани бемории илтиҳоби шуш ё пневмония “диққати махсус зоҳир карда шуд.”

Дар баёнияи расмии вазорат омадааст, “Бо назардошти он ки вақтҳои охир гирифторӣ ва фавти шаҳрвандон аз бемории илтиҳоби шуш ба назар мерасад, ба роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ супориш дода шуд, ки дар ҳолати ошкор гардидани беморони мазкур фавран онҳоро ба ташхис ва табобат фаро бигиранд”. Сартабиби яке аз ноҳияҳо дар шимоли Тоҷикистон, ки дар ҷаласа иштирок доштааст, бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, вазири тандурустӣ дастур дод, ки назорат дар ноҳияҳои наздимарзӣ боз ҳам пурзӯр карда шавад. Ҳамсуҳбати мо гуфт, дар ҷаласа таъкид шуд, ҳар касе, ки аз марз мегузарад, ҳатман ба каратин фиристода шавад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Сафари ҳайати Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба Тоҷикистон

То ин вақт мақомоти Тоҷикистон назоратро дар минтақаҳои марзӣ бахусус дар манотиқе, ки марз пурра аломатгузорӣ нашудааст, сахт карда буданд. Аз рӯзи 19-уми март парвози ҳавопаймоҳо манъ карданд ва аз рӯзи 10-уми апрел гузаргоҳҳои марзии Тоҷикистонро бастаанд. Вале мақомот тарс доранд, ки аз минтақаҳои аломатгузоринашудаи марз бахусус дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Исфара шаҳрвандон ба Қирғизистон равуо накунанд. Дар ин ҳамсоякишвари Тоҷикистон то имрӯз 656 нафар ба бемории КОВИД-19 мубтало шудаанд.

Масъулини вазорати тандурустӣ мегӯянд, ба ҷуз аз масъалаи коронавирус ва гирифторӣ ба бемории илтиҳоби шуш, дар ҷаласаи онлайнӣ натиҷаи кори муассисаҳои тандурустӣ дар се моҳи аввали имсол баррасӣ шудааст. Вазорати тандурустии Тоҷикистон яке аз аввалин ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон мебошад, ки ҷаласаи сартосарии худро онлайн баргузор мекунад. Пештар Вазорати корҳои хориҷӣ низ чунин ҷаласаи бархатро бо сафирони Тоҷикистон баргузор карда буд, вале пас аз талошҳое, ки бо мушкилоти техникӣ рӯбарӯ гаштанд.

Дар аксе, ки дафтари матбуотии вазорат ба Радиои Озодӣ ирсол кард, дида мешавад, ки танҳо Насим Олимзода, вазири тандурустӣ бо се муовинаш дар толор ҳузур доранд. Аз минтақаҳо низ асосан сардорони раёсатҳо ва сардухтурон дар ин ҷаласа иштирок карданд. Аммо баъзе аз сартабибони ноҳияҳо мегӯянд, на ҳама сардорони ниҳодҳои тандурустӣ тавонистанд, дар ҷаласаи онлайнӣ иштирок кунанд. Сартабиби яке аз ноҳияҳо ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ як рӯз қабл барои иштирок дар ҷаласа омодагӣ дошт. Аммо бо сабаби аз меъёр зиёд шудани нафарони ширкаткунанда система ба онҳо иҷоза надодааст, ки иштирок кунанд.

Ҷаласаи онлайни вазорат дар шароите баргузор мешавад, ки қарор аст, ҳафтаи оянда як ҳайати Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ба Тоҷикистон ва Туркманистон сафар кунанд. Созмон гуфтааст, ҳадаф аз фиристодани ҳайат ба ду кишваре, ки мақомот аз набудани коронавирус сухан мекунанд, “барои рӯшан кардани вазъ” мебошад. Ҳарчанд мақомоти расмӣ мегӯянд, дар Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, аммо зоҳиран масъала барои кишвар хеле ҷиддӣ мешавад. Бахусус фавти чанд нафар бо нишонаҳои илтиҳоби шуш нигарониҳоеро дар ҷомеа ба миён овардааст. Бархеҳо аз эҳтимоли ҷорӣ шудани карантин дар ҳафтаи оянда суҳбат мекунанд, аммо мақомот чунин чизеро рад кардаанд.