Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Адиби тоҷик Муҳиддин Хоҷазод бо аломатҳои илтиҳоби шуш бистарӣ карда шуд


Муҳиддин Хоҷазод
Муҳиддин Хоҷазод

Муҳиддин Хоҷазод (Муҳиддин Хоҷаев), нависандаи 82-солаи тоҷикро бо аломатҳои бемории илтиҳоби шуш ё пневмония дар шифохонаи рақами якуми Хуҷанд бистарӣ кардаанд. Пизишкон мегӯянд, ӯ аз шаби 22-юми апрел "тавассути дастгоҳ оксигени намнок нафас мекашад" ва ҳоло вазъи саломатиаш "беҳтар аст".

Писари 49-солаи ӯ, Алишер Хоҷаев, низ бо ҳарорати баланд ҳамроҳи падар бистарӣ карда шудааст. Табибон вазъи саломати ӯро муътадил гуфтанд.

Фирдавсхон Тӯрахонов, сардухтури бемористони рақами якуми шаҳри Хуҷанд, 23-юми апрел гуфт, Муҳиддин Хоҷазод чаҳор рӯз пеш бистарӣ гардид. "Ҳар ду тарафи шушашон шамол хӯрдааст. Шаби гузашта ба дилашон ҳам таъсир расонд. Бо мутахассисон машварат кардем. Тавассути дастгоҳ нафас мекашанд. Имрӯз ҳолаташон беҳтар шуд", - шарҳ дод ӯ.

Табибон мегӯянд, ташхиси Муҳиддин Хоҷазод ва писарашро барои маълум кардани коронавирус ба Душанбе фиристоданд, аммо то ҳол посух нагирифтанд.

Шоира Бузрукова, арӯси хонаводаи Хоҷазод, рӯзи 23-юми апрел гуфт, бемории нависанда аз сармохӯрдагиву гулӯдард сар шуд.

Муҳиддин Хоҷазод, нависандаи халқии Тоҷикистон, муаллифи романҳои "Об – рӯшноӣ", "Кӯҳ бе варта нест" ва "Роҳи Роғун дигар аст" мебошад.

Бистарӣ шудани ин нависандаи тоҷик аз бемории илтиҳоби шуш бо писараш дар бемористон дар ҳолест, ки оилаи дигари адибони тоҷик – Озарахш ва Фарзона – тақрибан бо чунин нишонаҳои беморӣ дар шифохонаи ҷамоате дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров табобат мегиранд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар кишвар ҳеч мавриди сирояти бемории КОВИД-19 ошкор ва сабт нашудааст, вале хабарҳои фавти пайиҳами чанд нафар аз бемории илтиҳоби шуш дар рӯзҳои охир мояи ташвиш ва нигаронии сокинон шудааст.

Дафтари ҳамоҳангсози барномаҳои Созмони Милал дар Тоҷикистон мегӯяд, дар кишвар беш аз 2200 озмоиши тиббӣ барои маълум кардани коронавируси нав анҷом шуда, вале натиҷаи ҳамаи онҳо “манфӣ” будаанд.

XS
SM
MD
LG