Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии мусалмонон барои моҳи Рамазон дар авҷи бемории ҳамагир


Яке аз масҷидҳои шаҳри Карочии Покистон,22 апрел, 2020.
Яке аз масҷидҳои шаҳри Карочии Покистон,22 апрел, 2020.

1 миллиарду 800 миллион мусалмон барои моҳи Рамазон дар ҳоле омода мешаванд, ки мақомот аз Марокаш то Индонезия маҳдудиятҳои сахтеро бинобар хафви густариши коронавирус, ҷорӣ кардаанд.

Афзоиши босуръати шумораи гирифторон ба коронавирус дар ҷаҳон, ин тарсро ба миён овардааст, ки шояд ин вирус дар кишварҳое, ки аз ҷиҳати системаи назорати тиббӣ омода нестанд, қурбониҳои зиёде бигирад.

Дар шуморе аз кишварҳои исломӣ, мардум дар карантин ба сар мебаранд, бар гаштугузор ва адои дастаҷамъии намоз мамнуият ҷорӣ шуда, масҷидҳо ҳам бастаанд.

Дар ҷои дигар, даҳҳо миллион нафар сафар хоҳанд кард ва гирдиҳам хоҳанд омад -- чизе, ки нигарониҳоро дар мавриди эҳтимоли эҷоди мавҷи нави гирифтории шумораи зиёди афрод ба вирус ба вуҷуд овардааст.

Маҳдудиятҳо ба хотири пешгирӣ аз густариши коронавирус ҷоришуда, сабаб хоҳад шуд, то дар бисёре аз кишварҳои исломӣ, аз пурранг будани маросимҳои вобаста ба Рамазон коста шавад.

Моҳи Рамазон вобаста ба ҳар кишвар 23 ё 24-уми апрел оғоз мешавад. Дар ин моҳ мусалмонони рӯзадор аз субҳидам то ғуруби офтоб аз хӯрдан, ошомидан, сигор кашидан ва ҳамхобагӣ, худдорӣ мекунанд.

Дар Эрон, яке аз кишварҳои зиёд осебдида аз коронавирус, масҷидҳо ва зиёратгоҳҳо ҳама баста шуданд. Зеро бовар бар ин аст, ки боз будани ин маконҳо дар оғоз ба густариши ин вирус кумак кардааст.

Раисҷумҳури ин кишвар Ҳасани Рӯҳонӣ гуфт, эҳтимолан рӯзи 4-уми май бархе аз ин маконҳо боз хоҳанд шуд. Аммо раҳбари Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ пешниҳод кардааст, ки аз таҷаммуъҳои умумӣ то охири моҳи мубораки Рамазон бинобар коронавирус, худдорӣ шавад.

Мақомоти Эрон гузориш доданд, ки тақрибан 86 ҳазор нафар дар ин кишвар ба КОВИД-19 мубтало шуда, беш аз 5400 нафар ҷон бохтаанд. Мунтақидон мегӯянд, ки омори аслӣ аз ин болотар мебошад, аммо маълумот аз тарафи ҳукумат сахт назорат мешавад ва дастрасии расонаҳои хориҷӣ ба иттилоот маҳдуд аст.

Маҳдудиятҳои марбут ба коронавирус ба тиҷорат ва касбу кор ҳам таъсир расонидааст. Ин маҳдудиятҳо ҳамчунин ба расонидани кумакҳои хайрия ба фақирону бенавоён таъсир мегузорад. Агарчи чанд кишвар равишҳои наверо барои таҳияи ғизои ниёзмандон эҷод кардаанд.

Дар кишварҳое чун Туркия, Миср ва Арабистони Саудӣ масҷидҳо баста шуданд ва рӯҳониёни машҳур мардумро ҳушдор доданд, ки намозҳояшонро дар хона бихонанд. Дар иваз, масҷидҳо барои пахши намоз ва мавъизаҳо пахшҳои зиндаеро роҳандозӣ кардаанд.

Дар Туркия мақомот дар 31 шаҳр, аз ҷумла Истанбул ва Анқара барои чаҳор рӯз таътил эълон карданд.

Мақомоти Арабистони Саудӣ сафар ба шаҳрҳои Макка ва Мадина -- ду шаҳри муқаддас барои мусалмононро мутаваққиф карданд. Бо бастани будани аксари масҷидҳо ва таътил дар он кишвар, рӯҳониён аз мардум даъват карданд, ки "барои ҳифзи ҷони мардум ва наздикӣ ба Худои мутаол", дар моҳи Рамазон намозҳояшонро дар хона адо кунанд.

Рӯҳониён дар Имороти Муттаҳидаи Араб фатво содир карда ва гуфтанд, ки намози шом ва хуфтанро метавонанд ба таври фардӣ ва берун аз масҷидҳо адо кунанд.

Дар ҳамин ҳол, Лубнон, Ироқ, Сурия ва Миср маҳдудият бар гаштугузорро то ҳадде коҳиш додаанд то мардум фурсат пайдо кунанд дар маросими ифтор иштирок кунанд. Аммо зиёратгоҳҳо ва масҷидҳо ҳам баста хоҳанд буд.

Дар Осиё, ки ними мусалмонони ҷаҳон дар он ба сар мебаранд, рӯҳониён дар баъзе аз кишварҳо аз мусалмонон хостанд, ки ба масҷидҳо бираванд. Ба рағми мухолифати табибон, Покистон маҳдудияти таҷаммуъ дар масҷидҳоро бекор кард. Ин дар кишваре, ки 200 миллион аҳолӣ дорад ва низоми муносиби беҳдоштӣ надорад, нигарониҳоеро ба миён овардааст.

Дар Бангладеш рӯҳониён аз ҳукумат хостанд, то ба миллионҳо мусалмон иҷоза бидиҳанд намозҳои панҷгона ва ҷумъаро дар масҷидҳо адо кунанд.

Дар Индонезия -- сераҳолитарин кишвари исломӣ, мақомот сафарҳои дастҷамъиро манъ карданд. Индонезиягиҳои шаҳрӣ маъмулан дар Иди Фитр ба зодгоҳи худ, ба деҳаҳо сафар мекунанд.

Шӯрои уламои Индонезия, ки як ниҳоди исломии нимамустақил мебошад, гуфт, ки сафар ҳангоми пандемия гуноҳ ба шумор меравад.

Муҳаққиқон дар Донишгоҳи Индонезия ҳушдор доданд, ки сафарҳои густурда метавонад сабаби гирифторӣ як миллион нафар дар ҷазираи сераҳолии Ҷава ва марги 200 ҳазор нафар шавад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG