Рӯзи ҳафтуми январ дар ҳоле, ки баъзе тоҷирони тоҷик аз камбуди доллар шикоят доштанд ва қурби доллар аз 8 сомонӣ ҳам гузашт, шояд бисёриҳо намедонистанд, ки ин тӯфонро дар бозорҳои молӣ Чин эҷод кардааст.
Субҳи панҷшанбе қурби пули миллии Чин дар баробари доллар ба таври ғайриинтизор поён рафт ва як доллари амрикоӣ ба 6,56 юан баробар шуд. Дар натиҷа коғазҳои гаронбаҳо ба ҳисоби миёна 7 дарсади қимати худро аз даст доданд ва мақомоти Чин хариду фурӯши саҳмияҳо дар бозорҳои Шанхай ва Шенҷенро қатъ карданд.
Ин тасмими раҳбарияти Чин, ки солҳои ахир борҳо такрор шудааст, ба сармоягузорони кишварҳои мухталиф, ки бе он ҳам аз танишҳои ҷуғрофиёиву сиёсии олам, аз ҷумла озмоиши бомбаи гидрогении Кореяи Шимолӣ ва баҳсҳои дипломатии Арабистони Саудиву Эрон нигарон буданд, таъсири манфӣ гузошт.
Таназзул ё худ коҳиши баҳои юан, ки муназзам аз сӯи мақомдорони Чин амалӣ мешавад, кишварҳои дигари осиёиро водор мекунад, ки ба хотири рақобатпазирӣ дар баробари содироти густардаи Чин, қурби пулҳои миллии худро поин фароранд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Шактиканта Дас, намояндаи вазорати иқтисоди Ҳиндустон, яке аз кишварҳои бузурги Осиё мегӯяд, иқтисоди кишвараш барои муқовимат бо чунин таҳаввулоти ногаҳонӣ омода буд. Ба гуфтаи вай, “дар ин давраи норӯшан нооромии бозорҳо ба вазъи маъмулии иқтисоди ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Ба назар мерасад, ки Чин саъй дорад, нархи юанро ба тақозои бозор мутобиқ кунад. Ин иқдом баъд аз қабули юан ҳамчун пули захиравии Сандуқи байналмилалии пул бештар шудааст.”
Рӯзи панҷшанбе қимати саҳмияҳо дар бозорҳои Ҳиндустон ҳам ду дарсад поин шуданд. Мисли он бозори саҳмияҳои Япония ва ё Ҷопон, Австралия ва ҳатто мамолики Аврупо низ зери фишор қарор гирифтанд.
Нооромиҳои бозорҳо ва ба хусус коҳиши нархи нафт барои аввалин бор қурби пули миллии Русияро ба 75 рубл дар муқобили як доллари Амрико поин бурд. Ин ҳолат то ҳадде мардуми Русияро зери фишор гузоштааст, ки рӯзи панҷшанбе як бахши паёми Усқуфи аъзами Маскав ва Русия Кирил ба муносибати Мавлуди Исои Масеҳ тибқи тақвими насрониҳои православӣ ба мушкилиҳои иқтисодӣ бахшида шуд ва ӯ гуфт, ки инсон набояд некӯаҳволии худро бо пул чен кунад.
Қурби рубли русӣ дар ду соли ахир дар муқобили доллари Амрико тахминан 250 дар сад поин рафтааст.