Ин мавзӯъ дар мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо сафири Чин дар ин кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Абдуҷаббор Ширинов ба Фан Сянҷуан дар ин мулоқот масъалаҳои ташкили Бонки рушди Иттиҳоди ҳамкории Шанхай, омӯзиш ва такмили дониши мутахассисони бонкии ҷумҳурӣ дар бонкҳо ва мактабҳои олии Чин, ифтитоҳи шуъбаҳои бонкҳои Чин дар Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зимни ин мулоқот аз ҷумла имконияти истифода аз асъори миллии ҳар ду кишвар дар муомилоти тиҷоратии ду кишвар ҳам баррасӣ шудааст. Айни ҳол муомилоти тиҷорати миёни Тоҷикистон ва Чин бо доллари амрикоӣ сурат мегирад.
Муним Ҳасанов, иқтисоддон ва устоди Донишгоҳи такмили ихтисоси хизматчиёни давлати Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло доду гирифти Чин бо Тоҷикистон комилан бо доллар сурат мегирад: «Дар сурати додугирифт бо пули миллии Чин- юан, зарурати бозгардони сомонӣ ба доллар ва доллар ба юан аз байн меравад. Албатта дар чунин ҳолат муносибатҳо як миқдор содда шуда хароҷоти ба доллар гардонидани сомонӣ низ кам мешавад. Ин ба фоидаи Тоҷикистон аст».
Аммо бархе аз коршиносон пешниҳоди Чин дар мавриди доду ситад бо юанро як навъ зуҳури тавсеаталабии ин кишвар арзёбӣ мекунанд. Ба таъкиди эшон дар ин сурат молу колоҳои Чин боз ҳам бештар бозорҳои кишварро ғасб хоҳад кард. Баҳром Шарипов, коршинос дар умури молия ва бонкдорӣ мегӯяд, чандест давлатҳои абарқудрат мисли Русия ва Чин талош доранд то асъори онҳо низ бо доллари амрикоӣ мақоми байналмилалӣ касб карда миёни давлатҳо бо ин асъорҳо низ доду гирифт сурат бигирад: «Дар бозоре, ки асъори худи Чин истифода шавад, моли онҳо бештар мешавад. Чунки қурби ин асъорро худи Чин идора мекунад ва дар натиҷа маҳсулоти истеҳсолкардаи ин кишвар дар бозори ватании мо арзон ва рақобатпазириаш боз ҳам зиёд мешавад».
Дар ҳоли ҳозир бозорҳои Тоҷикистон бе ин ҳам моломоли колоҳои истеҳсоли Чин ҳастанд ва тавлидоти дохили кишвар тавони рақобат бо молҳои Чинро надорад. Ҷаноби Шарипов мегӯяд, доду гирифт бо юани Чин ҳам ҷиҳатҳои манфӣ ва ҳам мусбат дорад. Аз як сӯ тоҷирони тоҷик метавонад бевосита бо юан аз Чин арзонтар мол биёранд ва аз сӯи дигар зарурати баргардони сомонӣ бо доллар ва баъдан ба юан боқӣ намемонад. Вале дар сурати поин рафтани қурби юан дар бозори ҷаҳонӣ дар қиёс бо дигар асъор, Тоҷикистон метавонад зарар бубинад.
Зимнан, дар ҳоли ҳозир дар таркиби захираҳои тилову асъории Бонки миллии Тоҷикистон юан вуҷуд надорад. Аз ин рӯ доду ситади Тоҷикистону Чин бо юан дар ояндаи наздик баъйид ба назар мерасад. Раиси Бонки милли Тоҷикистон дар нишасти хабарии охир дар робита ба ин мавзуъ гуфт: «Юан ва рубли русӣ ба қатори асъорҳои захираи байналхалқӣ ба ҳисоб намеравад, яъне инҳо ба истилоҳ «асъори сахт» маҳсуб намешаванд. Бинобар ин мо кӯшиш мекунем, ки захираҳои асъории худро ба евро, доллар ва фракни шветсайрия нигоҳ дорем».
Тибқи омор Чин баъд аз Русия бо 247 миллиондоллар гардиши мол дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз шарикони бузурги тиҷории Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Аммо оморҳои давлати Чин ҳаҷми содироти колои ин кишвар ба Тоҷикистонро ба маротиб бештар нишон медиҳанд. Барои мисол, ба ҳисобҳои ҷониби Тоҷикистон ҳаҷми воридоти мол аз Чин дар соли 2012 746 миллион долларро ташкил додааст, аммо хадамоти гумрукии Чин мегӯяд, порсол ба Тоҷикистон бар ивази 2 миллиарду 69 миллион доллар маҳсулот фиристодааст.
Чин дар ҳоли ҳозир умдатарин шарики иқтисодии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ҷамъи сармоягузории Чин ба иқтисоди Тоҷикистон ҳудуди 1,5 миллиард доллар баровард шуда, феълан дар Тоҷикистон тақрибан 50 ширкати Чин фаъолият доранд. Наздики 1 миллиард доллар аз 2 миллиард доллар қарзи хориҷии Тоҷикистон низ қарзи Чин аст. Дар сафари ахири Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи май ба Чин, миёни ду кишвар қарордодҳо бо арзиши 200 миллион доллар имзо шуд.