Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коҳиши қурби пули миллӣ ва паёмадҳои он


Поин рафтани арзиши пули миллӣ, маънии онро дорад, ки қудрати харидории мардум ҳам камтар мешавад.

Дар сӯҳбате, ки бо Константин Бондаренко, раҳбари Маркази Бозори Озоди Тоҷикистон, як созмони мустақил доштам, нахуст аз ӯ пурсидам, беқурбшавии пулӣ миллӣ то чӣ ҳад ба ҳамёни мардуми камбизоати Тоҷикистон зарба хоҳад зад:

Бондаренко: Ба андешаи ман, тавварум ҳатман ба ҳамёни мардуми оддӣ зарба мезанад, зеро мо қодир нестем, ки дар чунин ҳолат ба онҳо кӯмаки молӣ кунем, аз он хотир ки дар Тоҷикистон мо имкон надорем, фавран маблағгузории барномаҳои иҷтимоиро зиёд кунем. Дигар ин, ки соҳибкорӣ рушди босуръате намекунад, ки таъсири таваррум камтар бошад. Дар воқеъ таваррум метавонад, барои тавлидкунандагони дохилӣ, ки маҳсулоташонро ба хориҷ содир мекунанд, таъсири мусбат дошта бошад. Вале онҳо қудрату имконоти зиёд надорад ва маҳсулоташон ҳам дар бозор рақобатпазир нест. Аз ин рӯ тавварум барои аксарияти соҳибкорони хурду миёна дар Тоҷикистон таъсири мусбат дошта наметавонад, аммо барои миллионҳо нафари дигар таъсири манфӣ мегузорад ва тавварум дар Тоҷикистон назар ба сатҳе, ки дар аввали сол пешбинӣ мешуд, болотар хоҳад буд.

Суол: Яке аз омилҳои осебпазирии иқтисоди Тоҷикистон ва омилҳои ҷаҳиши қимматҳо дар кишварро пойбандии сахт ба доллари амрикоӣ ва ё долларизатсияи иқтисоди Тоҷикистон медонанд. Назари шумо дар ин маврид чӣ ҳаст?

Бондаренко: Дар айни замон тамоюли долларизатсияи иқтисод ногузир аст, зеро иқтисоди мо ҳоло пойбанди воридот аст ва ба ҳадди чашмгир ба воридоти молу коло аз хориҷ вобаста аст. Барои ҳамин аз кишвар асъори хориҷӣ берун меравад, баъзан камии он ба мушоҳида мерасад ва ҷойи он бисёр вақт аз ҳисоби кӯмакпулиҳои муҳоҷирон пур мешавад. Таркиби содироти мо мутаасифона асосан маҳсулоти хом аст, ки он ҳам алюминиуми хом ва нахи пахта мебошад. Қимати ин маҳсулот ба қимматҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст ва манбаъи начандон босуботи даромад ба ҳисоб мераванд. Аз ин рӯ Тоҷикистон то чанд вақти дигар ба доллар пойбанд хоҳад буд.

Суол: Вале роҳи бурунрафт аз ин мушкил кадом аст?

Бондаренко: Роҳи бурунрафт аз ин вазъият вуҷуд дорад, вале ба зудӣ муяссар намешавад ва зоҳиран ба рушди соҳибкории дохилӣ вобаста аст, бахусус рушди тавлидкунандагони дохилӣ. Аммо ба андешаи ман, рушди соҳибкорӣ замоне муяссар мешавад, ки шароитро барои кори онҳо ба ҳадди аксар осон кунем. Пештар аз ҳама бори молиёти онҳоро сабуктар кард, баъдан низоми ҳисоботдиҳиро, зеро соҳибкорон бояд зуд-зуд ҳисоботи пардохти молиёт супоранд, ки корашонро вазнин мекунад. Зимнан мораторияи тафтиши корхонаҳои тавлидотие, ки мехоҳанд барои се сол ҷорӣ кунанд, ки ба андешаи ман барои рушди соҳибкорӣ муносиб аст.

Суол: Агар баргардем ба масъалаи таваррум, ҳукумат бо назардошти вазъи пешомада маҷбур аст, нишондиҳандаҳои рушди иқтисодиро бознигарӣ кунад?

Бондаренко: Ба андешаи ман, бешак лозим меояд, то нишондиҳандаҳои иқтисодии имсола бознигарӣ шавад. Масалан ҳамин болоравии қиммати маҳсулоти нафтиро мо пешбинӣ намекардем ва бо назардошти ҳамин лозим мешавад, нишондодҳои иқтисодиро бознигарӣ кунем. Ба фикри шахсии ман, дар ҳолати пеш омадани чунин мушкилоти иқтисодӣ, хуб мешуд, то таркиби хароҷоти давлатиро бознигарӣ мекарданд. Дар ин замина иқтисоддонон ду роҳро тавсия медиҳанд, ки дар ҳолати таконҳои иқтисодӣ, бояд хароҷоти давлатӣ бештар карда шавад, то тақозо дар миёни аҳолӣ бештар шавад. Аммо ба андешаи ман, бояд хароҷоти давлатӣ аз ҳисоби сохтмонҳои умумӣ ё чизи дигар камтар шавад. Яъне хароҷоти давлатӣ барои сохтмони роҳҳо, нерӯгоҳҳо, хатҳои интиқоли барқро нигаҳ доранд, аммо дар айни ҳол хароҷот масалан барои бунёди иншооти ҷашниро кам кунед, зеро пули ҳамёни мо барои онҳо намерасад.
XS
SM
MD
LG