Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омилҳои уфти рублу сомонӣ дар баробари доллару евро


Роҳбарони бахши иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон аз таъсири бӯҳрони Украина ва рукуди иқтисодии Русия ба қурби сомонӣ изҳори нигаронӣ карданд.

Пайвандҳои иқтисоди Тоҷикистон бо Русия ва Украина боиси коҳиш ёфтани қурби сомонӣ дар қиболи асъори хориҷӣ шудааст. Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 24 октябр дар ҷараёни баррасии иҷрои Қонуни буҷаи давлатӣ дар парлумон гуфт, ки коҳиши қурби сомонӣ ва афзоиши таваррум дар Тоҷикистон ба кунд шудани рушди иқтисоди Русия дар пайи таҳримҳои Аврупо марбут аст.

Вай гуфт: “Вазъият дар Украина ва бад шудани муносибатҳои Русия бо кишварҳои Ғарб дар пайи ин ҳодисаҳо боиси паст шудани қурби рубли русӣ шуд. Русия шарики асосии иқтисодии Тоҷикистон аст ва вақте, ки қурби пули кишвари шарики асосии мо паст меравад, албатта, таъсири манфиаш ба иқтисоди мо низ мерасад. Сабаби асосии паст рафтани қурби сомонӣ ин ҳамин поин рафтани қурби рубл аст.”

Ҷаноби Ширинов афзуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон барои пешгирӣ аз фурӯпошии қурби сомонӣ дар қиболи асъори хориҷӣ аз захираҳои молии худ истифода карда, сари чанд вақт як миқдор асъори хориҷиро вориди бозор мекунад. Бонки миллӣ то ба ҳол барои дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд баҳри нигоҳ доштани қурби сомонӣ аз ҳисоби захираҳояш 7 миллион долларро вориди бозор кардааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи раиси Бонки миллӣ, аз оғози соли равон сомонӣ 4,8 дарсади қурби худро аз даст додааст.

Бинобар гузоришҳои расонаҳои русӣ, таҳримҳои байналмилалӣ ва зиёд поин рафтани нархи нафт -- яке аз маҳсулоти аслии содиротии Русия дар бозори ҷаҳонӣ, боиси то 20 дарсад коҳиш ёфтани қурби рубли русӣ шудааст. Дар ҳамин ҳол, иқтисоддонҳои тоҷик ин тадбири Бонки миллиро барои собит нигоҳ доштани арзиши сомонӣ чандон муассир намедонанд.

Нозим Ишонқулов, роҳбари бунгоҳи таҳлилии “Маркази бозори озоди Тоҷикистон” дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ дар ин робита гуфт: “Усули интервенсияи асъор ва ё ба фурӯш барвардани асъори хориҷӣ барои нигоҳ доштани қурби пули миллӣ барои кӯтоҳмуддат муассир аст. Дигар ин, ки Бонки миллии мо захираҳои кофии асъори хориҷиро барои сунъӣ нигоҳ доштани қурби пулии миллӣ надорад. Беҳтар аст сомонӣ “қурби шинокунанда” дошта бошад. Чунки дар сурати сунъӣ нигоҳ доштани қурб он якбора метавонад афтад ва ин ба иқтисоди кишвар таъсири манфии бештар мерасонад.”

Ҷаноби Ишонқулов мегӯяд, пулли миллӣ “оинаи иқтисод”-и кишвар аст ва дар сурати ба таври сунъӣ нигоҳ доштани қурби он, ин “оина” каҷнамо хоҳад шуд.

Зимнан давлати Тоҷикистон барои омӯзиши паёмадҳои эҳтимолии бӯҳрони Украина ва рукуди иқтисодии Русия ба вазъи иқтисодии Тоҷикистон як гурӯҳи вижа таъсис додааст. Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон дар ин ҳамоиш гуфт, ки феълан як гурӯҳи кории давлати Тоҷикистон “омилҳои таъсиррасон дар рушди иқтисоди Тоҷикистонро меомӯзад” ва бар асоси ин пажӯҳиш таъсири манфии таҳаввулоти иқтисодии Русиярро ба иқтисоди Тоҷикистон мушаххас ва роҳҳои пешгирӣ аз он муайян хоҳад кард.

Зимнан, дар ҷараёни баррасии иҷрои Қонуни будҷаи соли ҷорӣ дар парлумон гуфта шуд, сатҳи рушди иқтисод то охири сол ба 6,7 дарсад расида, даромади будҷа назар ба соли гузашта чор миллиард сомонӣ бештар хоҳад шуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки Тоҷикистон бештар вобастаи молҳои содиротӣ шудааст.

Нуриддин Маҳмадов, муовини раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон гуфт, воридот дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ ба 3,5 миллиард доллар расида, дар қиёс ба соли гузашта 772 миллион афзудааст ва содирот танҳо ба 915 милллион доллар баробар аст, ки назар ба соли гузашта 36 миллион долар камтар аст.

XS
SM
MD
LG