Бино бар хулосаҳои як пажӯҳиш, аҳолии курраи Замин, то 80 соли баъд ба 8 миллиарду 800 миллион нафар мерасад, ки назар ба пешбиниҳои Созмони Милал 2 миллиард нафар камтар аст.
Муаллифони пажӯҳиш тахмин мекунанд, ки тағйири таркиби аҳолии саёра, коҳиши таваллуд ва пиршавии аҳолӣ то соли 2100 ба таносуби қудратҳо дар ҷаҳон таъсир мегузорад ва онҳоро тағйир медиҳад.
То охири аср аз миёни 195 кишвар, ки 183-тои он қабули муҳоҷиронро манъ кардаанд, таваллуд ба ҳадде кам мешавад, ки ҷойгузини лозим барои нигаҳдошти аҳолиро нахоҳанд дошт. Пажӯҳиши мазкур дар маҷаллаи мӯътабари “Лансет” рӯзи 15-уми июл нашр шуд.
Бештар аз 20 кишвар аз ҷумла Ҷопону Испониё, Итолиё, Таиланд, Португалия, Куриёи Ҷанубӣ ва Лаҳистон тақрибан аз нисфи аҳолиашон маҳрум мешаванд. То 80 соли дигар Чин бузургтарин ҳамсояи Тоҷикистон ва сераҳолитарин кишвари дунё, дигар 1 миллиарду 400 миллион нафар аҳолӣ нахоҳад дошт ва аз ин фақат 730 миллион нафар мемонад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Занони тоҷик дигар намехоҳанд, "қаҳрамонмодар" бошанд. САДОБаръакси ин қисмати ҷаҳон аҳолии кишварҳои зери соҳили Африқо се баробар зиёд мешавад ва ба 3 миллиард нафар мерасад. Нигерия то соли 2100 тақрибан 800 миллион сокин хоҳад дошт ва фақат аз Ҳинд ақиб мемонад, ки аҳолиаш ба 1 миллиарду 100 ҳазор нафар мерасад.
Хабари хуб ва ҳам бад?
Кристофер Мюррей, раҳбари муаллифони пажӯҳиш ва мудири Пажӯҳишгоҳи Арзёбиҳои Нишондодҳои Сиҳатӣ дар Донишгоҳи Вашингтон ба хабаргузории “Франс Пресс” гуфтааст, “ин пешбинӣ хабари хубе барои муҳити зист аст, чун фишор барои истеҳсоли маводи хӯрока кам мешавад ва ихроҷи гази карбон низ коҳиш меёбад, айни замон имконоти иқтисодии бахше аз кишварҳои зери соҳили Африқо меафзояд.”
Айни замон ба гуфтаи донишманди амрикоӣ, “дар бисёре аз кишварҳои берун аз Африқо нерӯи корӣ ва аҳолӣ кам мешавад, ки барои иқтисод оқибатҳои бади амиқ дорад.” Муаллифони пажӯҳиш ба ин хулоса омадаанд, ки барои мӯътадил нигаҳ доштани аҳолӣ дар кишварҳои сарватманд ва ҳифзи рушди иқтисодӣ, муҳоҷирпазирӣ ва кӯмаки иҷтимоӣ ба хонаводаҳое, ки фарзанд мехоҳанд, зарур аст. Барои нигаҳ доштани теъдоди зарурии аҳолӣ ҳар оилае бояд ду фарзанд дошта бошад, аз ин камтар боиси коҳиши тадриҷии аҳолӣ ва пиршавии кишвар мешавад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Нерӯи корӣ меафзояд, ҷойҳои корӣ чӣ?Бо назардошти пир шудани аҳолӣ ба гуфтаи муаллифони пажӯҳиш, соҳаи тандурустӣ бояд таҷдид ва барои нигоҳубини аҳолии пир мутобиқ карда шавад. Бо коҳиши сатҳи таваллуд ва дарозумр шудани мардум, теъдоди кӯдакони то 5-cола то соли 2100 чиҳил дар сад кам мешудааст. Соли 2017 дар ҷаҳон 681 миллион кӯдаки то 5-сола буд, то 80 соли дигар 401 миллион мемондааст. То он сол теъдоди онҳое, ки аз 65-сола боло будаанд, бештар аз 2 миллиарду 370 миллион нафар мешавад. Пирамардону пиразанон, ки ҳоло 140 миллион нафар ҳастанд, то 80 соли дигар ба 866 миллион нафар мерасанд.
Нерӯи кории кам ва аҳолии пиру мӯҳтоҷ
Фавқуллода кам шудани аҳолии коргар ва ҷавон барои бисёре аз кишварҳо мушкилот эҷод мекунад. Стейн Эмил Волсет, профессори Пажӯҳишгоҳи Арзёбиҳои Нишондодҳои Сиҳатӣ ба хабаргузории “Франс Пресс” гуфтааст: “Кишварҳо бо теъдоди камтари коргару молиётсупор дар роҳи пешрафт азоб мекашанд.”
Масалан дар Чин, ки ҳоло 950 миллион аҳолии қобили кор дорад, то охири сол фақат 350 миллион коргар хоҳад дошт, ки 62 дар сад камтар аз теъдоди имрӯза аст. Дар Ҳинд коҳиш камтар мешавад ва аз 762 миллион нафари ҳозира ба 578 миллион нафар мерасад. Дар Нигерия баръакс лашкари 86 миллион нафарии коргарон то 80 соли дигар аз 450 миллион нафар ҳам мегузарад.
Тағйири таркиби аҳолӣ ба гуфтаи донишмандон ба таркиби қудратҳо дар ҷаҳон таъсир мегузорад. Маҷмуи маҳсулоти дохилии Чин то соли 2050 аз Амрико зиёдтар мешавад, вале то соли 2100 дигарбора ба мақоми дуввум бармегардад. Ҳинд аз назари бузургии иқтисод ҷойи саввумро мегирад ва Ҷопону Олмону Фаронсаву Бритониё дар байни 10 иқтисоди бузурги ҷаҳон мемонанд. Русия аз мақоми 10 ба 14 меафтад ва Итолиёву Испониё, ки қудратҳои таърихӣ ба ҳисоб мераванд, ба зинаҳои поинтаре мелағжанд.
Ричард Ҳортон аз маҷаллаи “Лансет” пажӯҳишро нишондиҳандаи “тағйири фавқуллода дар қудратҳои геополитикӣ” номида ва гуфтааст: “То охири аср, ҷаҳон чандқутбӣ мешавад ва Ҳинду Нигерия, Чину Амрико аз қудратҳои бартар хоҳанд буд.” То кунун Созмони Милал фақат дар бораи аҳолии ҷаҳон пешбиниҳояшро нашр мекард ва мегуфт, ки мумкин аст то соли 2100 аҳолии ҷаҳон ба марзи 11 миллиард нафар наздик шавад.
Дар Тоҷикистон бино ба тахминҳои Созмони Милал аҳолии кишвар то соли 2100 аз 25 миллион нафар ҳам мегузарад. Айни замон кишвар бештар аз 9 миллион нафар аҳолӣ дорад ва дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон аз онҳоест, ки аҳолиаш босуръат меафзояд ва солона дар он на камтар аз 200 ҳазор нафар таваллуд мешавад.