Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занони тоҷик дигар намехоҳанд, "қаҳрамонмодар" бошанд. САДО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мавҷуда Давлатоваи 36-сола се фарзанд дорад. Шавҳараш тоҷир асту шароити хуби зиндагӣ ҳам дорад. Моҳе пеш писари хурдияш 5-сола шуд.

Мегӯяд, хонаводаи шавҳар доим ба ӯ таъкид мекунад, ки се фарзанд кам аст ва ҳанӯз ҷавон аст, бояд як фарзанди дигар ҳам таваллуд кунад. Аммо худи ӯ мегӯяд, баъд аз таваллуди писари сеюмаш ба қароре расид, ки дигар таваллуди фарзанд бас аст ва бояд тамоми нерӯяшро ба тарбия ва таҳсили бачаҳояш сарф кунад.

«Албатта фарзанд хуб аст, модар шудан ҳам орзуи ҳар зан аст. Вале ман тасмим гирифтам, ки бояд дигар фарзанд таваллуд накунам. Агар аз як тараф таваллуди фарзанди зиёд мушкилиро бештар кунад, аз сӯи дигар занон ҳам саломатии худро аз даст медиҳад. Мо ҳам як бор таваллуд шудем. Кори зан танҳо таваллуди фарзанд нест, бигзор ду ё се кӯдак бошад, аммо солиму дуруст бошад» - мегӯяд, ӯ.

Ба қавли Мавҷуда, ӯ танҳо нест ва чандин дӯстонашро медонад, ки модар ва хушдоманҳояшон пайваста ташвиқ ва ҳатто сарзаниш мекунанд, ки бояд баъди издивоҷ, зуд таваллуд кунад ва камаш чаҳор то панҷто.

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Аммо бисёре аз занҳо дигар майл надоштаанд, ки фарзанди зиёд дошта бошанд. Як таҳқиқи оморӣ ва тиббӣ дар Тоҷикистон нишон додааст, ки мисли Мавҷуда тақрибан ҳар зани дуюм (44%) намехоҳанд, фарзанди зиёд дошта бошанд, ё ба таври сунъӣ худро аз бордоршавӣ эмин медоранд.

Таҳқиқро охири соли 2017 дар саросари Тоҷикистон анҷом додаанд. Таҳқиқе, ки бар асоси пурсиши занони аз 15 то 49-сола анҷом шудааст, муайян кардааст, ки 6 зан аз миёни 10 зане, ки се фарзанд доранд, ба пажӯҳишгарон гуфтанд, намехоҳанд дигар фарзанд таваллуд кунанд. Ҳамин тавр, 7 зан аз миёни 10 зани соҳиби чаҳор фарзанд ё аз ин бештар низ гуфтаанд, ки дигар намехоҳанд, таваллуд кунанд.

Занони тоҷик дигар намехоҳанд, "қаҳрамонмодар" бошанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:02 0:00
Линки мустақим

Чаро дигар кӯдаки зиёд намехоҳанд?

Сабаби тағйири майли занони тоҷик ва ё парҳези онҳо аз фарзанди зиёд, зоҳиран барномаҳои васеи банақшагирии оила дар Тоҷикистон аст, ки натиҷа додааст. Бар асоси барнома, фаъолону тарғибгарони банақшагирии оила аз рӯи ақидаи “сифати беҳтар” на “шумор” ба танзими таваллуди фарзанд даъват мекунанд .

Дар ин замона таваллуди аз се фарзанд зиёд воқеан мушкил аст.

Таваллуди зиёди фарзанд солҳои шӯравӣ баръакс дар сатҳи давлат ташвиқ мешуд ва модарони серфарзанд на танҳо барои нигоҳубини кӯдак пулу кӯмак дарёфт мекарданд, балки бо нишони қаҳрамон-модар ҳам сарфароз мешуданд. Пули таҳсил дар мактаб ва кӯдакистонро давлат мепардохт, на мисли имрӯзҳо, ки бо вуҷуд ройгон будани таҳсил волидон харҷҳои зиёде барои мактаб доранд.

Дар солҳои шӯравӣ ҳам серфарзандӣ бештар дар ҷумҳуриҳои мусалмоннишини Иттиҳоди Шӯравӣ роиҷ буду қисматҳои аврупоии он паҳнои бузург таваллудро танзим мекарданд. Айни замон, дар кишварҳои мисли Тоҷикистон тадриҷан эътироф мекарданд, ки дар бисёр хонаводаҳои серфарзанд хароҷот зиёд ва зиндагӣ мушкилтар буд.

Тағйир дар шаҳрҳост, деҳот чӣ

Бархе ҷомеашиносон дар Тоҷикистон мегӯянд, бозбинии сиёсати таваллуди фарзанд дар оила бештар дар шаҳрҳо бештар эҳсос мешавад, то дар русто. Марҳабо Зунунова, раҳбари созмони ҷамъиятии «Издивоҷ ва оила» мегӯяд:

«Зиндагӣ рӯз аз рӯз душвор шуда истодааст. Дар ин замона таваллуди аз се фарзанд зиёд воқеан мушкил аст. Чун бояд дар баробари таваллуду тарбия, таъмини онҳо аз назари иҷтимоиву иқтисодӣ ба назар гирифта шавад. Бубинед, дар шуравӣ як мард метавонист, бо маоши худ як оилаи калонро таъмин кунад, аммо ҳоло агар зану шавҳар ҳам кор кунанд, камбудии рузгор тамом намешавад. Пас дар ин ҳолат таълиму тарбияи кудаки зиёд ба кдуши кӣ мемонад?» -мегӯяд, ӯ.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, шеваи зиндагӣ ва муҳоҷирати занон ба хориҷа бахусус Русия, ки онҷо таввалуд кам аст , ба ақидаи занон таъсир гузоштааст, ки дигар намехоҳанд, сол пайи сол бордор шаванду ҳамеша дар хона аз паси кӯдак бигарданд.

Аз сӯи дигар як сабаби худдории занҳо аз таваллуди фарзанди зиёд дар он аст, ки ҳоло аксари занҳои ҷавон намехоҳанд, ки симои зоҳирии онҳо тағйир кунад ва талош мекунанд баъди таваллуд ҳам як зани дилписанд барои шавҳар боқӣ монанд.

Ба гуфтаи Шамсиддин Қурбонов, пизишки тоҷик ва раҳбари маркази тиббии "Насл" ҳомиладорӣ ва таваллуди зиёд, ки ҳодисаи физиологӣ аст, метавонад потенсиали занро аз байн бубарад ва ба симои зоҳириву ботинии ӯ таъсири манфӣ гузорад.

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ба таъкиди Қурбонов «вақте зан ҳомиладор мешавад, дар тамоми узвҳои бадани зан, аз ҷумла дилу рагҳо, гурда, ҷигар ва ҳатто дар хӯрокхуриву ҳаракати зан даҳҳо тағйирот ба вуҷуд меояд. Аз ин рӯ аксар бемориҳо ҳам маҳз дар замони ҳомиладории зан хуруҷ мекунад».

Ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2000-ум ба ин тараф сиёсати “танзими оила”-ро пеш гирифт. Тибқи ин барнома доштани то чаҳор фарзанд дар миёни оилаҳои тоҷик тарғиб мешавад.

Ҳарчанд ин барнома танҳо хислати тавсиявӣ дорад ва дар назди оилаҳо ҳеч маҳдудияте дар таваллуди фарзанд намегузорад, мизони зоймон ба фарқ аз солҳои пешин дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст.

Айни замон Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз назари суръати таввалуд дар мақоми аввал аст, чун дар кишвар солона на камтар аз 200 000 кӯдак таввалуд мешавад ва ба ибораи дигар, ба аҳолии Тоҷикистон ҳар панҷ сол як миллион нафар изофа мешавад.

XS
SM
MD
LG