Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳадаф​ фарзанди кам нест". Миллионҳо дона рифолаи Ҷопон ба Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ҳукумати Ҷопон дар чаҳор соли оянда барои пешгирӣ аз ҳамли номатлуб ва танзими оила дар Тоҷикистон беш аз 20 миллион дона рифола ва маводи дигари зидди ҳамл хоҳад дод. Барои иҷрои ин тарҳ дуним миллион доллар пешбинӣ шудааст.

  • Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки ин кумакҳо дар чаҳорчӯби барномаи танзими хонавода дар кишвар ироа мешавад.
Дар хонаводаҳои муҳофизакор ва мазҳабии Тоҷикистон фарзандро новобаста аз шуморааш ҳамеша “атои Худо” мегӯянд

"Ҳадаф​ фарзанди кам нест"

Мунира Ғанизода, мудири Маркази миллии солимии репродуктивии Вазорати тандурустӣ, рӯзи 28-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, "қарор аст, Ҷопон соли 2019 беш аз панҷ миллион дона рифола диҳад".

Ин мақоми Вазорати тандурустӣ гуфт, “ҳадафи барнома коҳиши фавти модарон, риояи фосилаи байни таваллуд ва ба дунё овардани кӯдакони солим аст. Мақсад коҳиши таваллуд нест, ҳифзи сиҳатии модару кӯдак аст."

Мунира Ғанизода афзуд, қаблан мардҳо ва занони тоҷик рифоларо ҷиддӣ намегирифтанд, "вале ҳоло фаҳмишҳо тағйир кардааст". Ӯ мегӯяд, "нисбат ба солҳои гузашта истифода аз рифола зиёд шудааст. Ба ҷуз он ки мо бепул медиҳем, мушоҳида мешавад, мардон аз дорухонаҳо хеле зиёд рифола мехаранд."

Бонки Ҷаҳонӣ аз Тоҷикистон чӣ хоста буд?

Шералӣ Раҳматуллоев, сардори раёсати ташкили хидматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдак мегӯяд, ин рифолаҳо истеҳсоли Ҷопон буда, истифодаашон бештар аз хоҳиши мардон вобаста аст.

Қаблан ​Бонки Ҷаҳонӣ низ ба Тоҷикистон тавсия дода буд, ки барои ҳалли мушкили афзоиши аҳолӣ дастрасӣ ба маводи зидди ҳамлро бештар кунад. Бонки Ҷаҳонӣ дар моҳи сентябр дар гузориши тозааш таҳти унвони "Ҷумҳурии Тоҷикистон: ташхиси маҷмӯии кишвар" навиштааст, афзоиши босуръати аҳолӣ монеи коҳиши фақр дар ҷумҳурӣ мешавад.

Ҳукумати Тоҷикистон солҳо боз барои танзими оила кӯшиш ба харҷ медиҳад. Асари талошҳои Тоҷикистон дар омор ва тамоюлҳои иҷтимоӣ бармало намудор аст ва занони тоҷик низ ба фарқ аз солҳои қабл ҳоло тарафдори доштани фарзандони зиёд нестанд.

Мегӯянд, "фарзанд атои Худост"

Бар асоси омори расмӣ, шумораи аҳолии Тоҷикистон ҳар сол ба ҳисоби миёна то 2,2 дарсад ё 200 ҳазор нафар афзоиш меёбад. Моҳи майи соли 2018 дар Тоҷикистон тифле таваллуд шуд, ки аҳолии кишварро ба 9 миллион нафар расонд.

Ба ҳисоби миёна ҳар як зан дар Тоҷикистон 4 фарзанд ба дунё меорад.

Дар хонаводаҳои муҳофизакор ва мазҳабии Тоҷикистон фарзандро новобаста аз шуморааш ҳамеша “атои Худо” ва манъи ҳамлро мухолифи фармудаҳои шариати Ислом медонанд.

Коршиносон низ мегӯянд, масъалаи пешгирии ҳамл, таваллуди фарзанд ва танзими оила аз қабили масоили ахлоқӣ аст ва аз ҳамин хотир ҳам ҳассосияти бархе ба ин мавзӯъ ба таври рӯшан эҳсос мешавад.

XS
SM
MD
LG