Аз 14 то 18 июл дар Қазоқистон кишварҳои болообу поёноби Осиёи Марказӣ барои охирин бор ба хотири баҳси натиҷаҳои ташхиси тарҳи нирӯгоҳи Роғун ҷамъ хоҳанд шуд. Душанбе интизор дорад, ки бо ҳамин баҳсҳои чандсола дар бораи сӯду зиёни тарҳи нерӯгоҳи бузургтарини минтақа анҷом меёбад ва роҳ ба сӯи сохтмони «Роғун» боз мешавад.
Саидқул Қурбонов, сухангӯи ширкати «Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун», ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳафтаи оянда як ҳайати васеъи намояндагони ҳукумату ҷомиаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар Алмаато ҳузур хоҳанд дошт: «Аз кишварҳои дигари болообу поёноб ҳам ҳайатҳо дар ин нишаст ширкат мекунанд, чун нишасти охирин аст, мо интизор дорем, намояндагони созмонҳои хориҷӣ ва кишварҳои ҳамсояи минтақа ҳам дар он иштирок карда, назари худро дар бораи ташхис хоҳанд гуфт.»
Бонки ҷаҳонӣ қаблан хабар дода буд, ки аз 14 то 18 июл дар шаҳри Алма -Атои Қазоқистон даври панҷуми машваратҳо бар сари тарҳи нирӯгоҳи Роғун доир хоҳад шуд.
Аммо ин нишаст аз нишастҳои қаблӣ куллан фарқ мекунад, зеро ин дафъа натиҷаҳои аз сӯи Бонки ҷаҳонӣ ва ҳукумати Тоҷикистон нашршудаи ташхиси тарҳи ин нирӯгоҳи барои Тоҷикистон ҳаётан муҳим баҳс хоҳад шуд. Баҳси натоиҷи ташхиси тарҳи Роғун рӯзи 17 июн, аз рӯзи нашри ин санад аз сӯи Бонки ҷаҳонӣ оғоз ёфта, то 29 июл давом хоҳад кард.
Бонки ҷаҳонӣ ҳамчунин эълом дошта буд, ки шурӯъ аз афроди оддӣ то намояндагони ҷомиаҳои шаҳрвандии кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонанд назари хешро дар бораи ташхисе, ки аз сӯи Бонки ҷаҳонӣ анҷом шуд, тариқи ширкат дар нишастҳо ва ҳам тавассути почтаи электронӣ бифиристанд.
Дар нишасти Алма – Ато ҳудуди 25 намоянда аз ҳукумат, ширкати «Нерӯгоҳи «Роғун», созмонҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ ширкат хоҳанд кард.
Баҳром Сироҷев, раиси ифтихории Анҷумани энергетикҳои Тоҷикистон ва собиқ раиси ширкати «Барқи тоҷик», мегӯяд, ки ӯ ҳам ба нишасти Алма-Ато хоҳад рафт: «Дар ин нишаст асосан шарҳи кишварҳо қабул карда мешавад. Аз мо асосан созмонҳои ҷамъиятӣ шарҳи худро мегӯянд. Мо ягон шарҳ доданӣ нестем, аммо дигарҳо хоҳанд дод ва муҳим аст барои мо донистан, ки дигарҳо чӣ мегӯянд. Баҳои ниҳоиро ба ин шарҳҳо худи коршиносони Бонки ҷаҳонӣ медиҳанд.»
Дар машваратҳои Алма-Ато, тибқи маъмул, намояндагони ҷомиаҳои шаҳрвандии кишварҳои поёноб - Афғонистон, Қазоқистон, Туркманистон, Узбакистон - ва болооб – Қирғизистону Тоҷикистон - ширкат мекунанд.
Дар даври панҷуми машваратҳо, бино ба иттилои Бонки Ҷаҳонӣ, намояндагони кишварҳои поёнобу болооб ҳисоботи кӯтоҳи давраи 2-юми ташхиси фанниву иқтисодӣ (ТЭО) ва ташхиси паёмадҳои зистмуҳитӣ ва иҷтимоии нерӯгоҳи Роғунро, ки бо пуштибонии молии Корпортасияи байналмилалии рушд омода шудаанд, баҳс мекунанд. Ин ду ҳисобот маҳсули ниҳоии ташхиси нерӯгоҳи Роғун аз сӯи коршиносони мустақили ширкатҳои Coyne & Bellier ва Poyry мебошад. Ин ташхисҳо арзёбии амнияти сарбанд, идораи захираҳои обӣ ва истифодаи обанборҳо, таҳлили иқтисодию молиявӣ, сохатни нирӯгоҳ ва чолишҳои марбут ба он, таъсири зистмуҳитӣ ва иҷтимоӣ, таъсир ба кишварҳои атроф ва ҳам таҳлили алтернативаҳои нерӯгоҳи Роғунро дар бар мегирад.
Ба ҳамин минвол, бино ба нақшаи кории Бонки ҷаҳонӣ, шарҳу баррасиҳои ташхиси нерӯгоҳи «Роғун» дар нимаи аввали моҳи август хулоса шуда, ба худи ташхис ҳам нуқта гузошта шавад. Бо ҳамин ташхисе, ки 4 сол ба ин рӯ идома дорад, ба охир мерасад. Он бо тақозои мухолифини тарҳи Роғун, пеш аз ҳама Ӯзбакистон, анҷом мешавад. Аз ин хотир, дар нишасти Алма - Ато ҳам хеле муҳим аст, ки Узбакистон чӣ хоҳад гуфт. Тошканд, бидуни шак, ҳарфи ҷиддие хоҳад гуфт, аммо зоҳиран ин воқеиятро, ки пас аз ниҳоӣ шудани ташхиси Бонки ҷаҳонӣ заминаи бештаре барои идомаи сохтмони «Роғун» фароҳам мешавад, наметавонад рад кунад.
Арзёбиҳо чӣ мегӯянд?
Рӯзи 17 июни соли равон Бонки ҷаҳонӣ бо нашри ин аснод эълон дошт, ки дар маҷмӯъ натиҷаҳои ташхиси байналмилалии нерӯгоҳи Роғун мусбат аст, аммо натиҷаҳои ниҳоии ташхиси нерӯгоҳи Роғун танҳо пас аз ба даст овардани назари кишварҳои ҳамсоя, ҷомиаи шаҳрвандӣ ва мардуми маҳаллӣ эълон мешавад.
Арзёбии байналмилалии таъсироти зистмуҳитӣ ва иҷтимоии нерӯгоҳи Роғун аз ҷумла мегӯяд, ки ин тарҳ барои муҳити зист дар Тоҷикистон ва минтақа зиёновар нест ва “аксари паёмадҳои сохтмони нерӯгоҳи Роғун бисёр хурд ва ба осонӣ рафъшавандаанд.”
“Арзёбии фанниву иқтисодии нерӯгоҳи Роғун”, ки ширкатҳои “Койне энд Беллер”, “Электроконсалт” ва “Energy+Water Economics” нашр кардаанд, ҳарчанд маҳалли нерӯгоҳи Роғун маҳалли печидаи сейсмологист, вале бо вуҷуди ин барои сохтани нерӯгоҳ мувофиқ аст. Дар ин арзёбӣ омадааст, беҳтарин интихоби аз назари иқтисодӣ муфид сохтмони садди баландтарини 330-метрӣ аст, ки ба Роғун имкон медиҳад, то 3200 мегаватт нерӯи барқ тавлид ва 115 сол ба Тоҷикистон хидмат кунад. Аммо муаллифон гуфтаанд, ки бунёди нерӯгоҳ бояд бо назардошти имконот сурат бигирад ва барои кишвар ”бори гарон” нашавад.
Назари СММ, Амрико ва Русия
Дабири кулли СММ Бан Ки Мун бо истиқбол аз нашри натоиҷи ташхиси тарҳи нирӯгоҳи Роғуни Тоҷикистон гуфтааст, ин санади Бонки ҷаҳонӣ як роҳнамои муҳим барои кишварҳои минтақа дар роҳи музокироти масоили марбут ба истифодаи захираҳои обу энержии Осиёи Марказӣ хоҳад шуд. Дар изҳороти сухангӯи дабири кулли СММ, ки рӯзи 19 июн нашр шуд, гуфта мешавад, Бан Ки Мун аз ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ даъват кардааст, "вориди баҳси созанда дар масоили захираҳои обии фаромарзӣ шуда, аз иқдомҳои якҷониба дар ин масоил худдорӣ кунанд." Ба эътиқоди раҳбари СММ, танҳо “бо роҳи музокирот метавон ба як роҳи ҳалли умумӣ ва мутавозине, ки манфиатҳои ҳамаи кишварҳои минтақаро дар назар бигирад, даст ёфт.”
Амрико дар вокуниш ба нашри натиҷаҳои ташхиси тарҳи нирӯгоҳи Роғун гуфтааст, ки ин натиҷаҳоро “эҳтиёткорона” баррасӣ мекунад. Амрико аз ҷонибҳои зидахл даъват кардааст, ба хотири кумак ба ин раванд, дар машварату баррасиҳои таҳти назари Бонки ҷаҳонӣ иштирок кунанд.
Русия изҳори умед кард, ки сохтмонҳои бузурги марбут ба баҳрабардорӣ аз захираҳои оби Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тарҳи нирӯгоҳҳои Роғун дар Тоҷикистон ва Қамбар-Ота-1 дар Қирғизистон бояд “майдон”-е барои ҳамкорӣ дар ин минтақа шаванд, на “фона”-е ки шикофро байни давлатҳои ин қаламрав бузургтар мекунад. Александр Лукашевич, муовини вазир ва сухангӯи расмии вазорати хориҷаи Русия рӯзи 26 июн дар як нишасти вижаи хабарӣ дар Маскав гуфт, албатта, нигоҳ, бархӯрд ва ҳадафҳои кишварҳои болооб аз кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ хеле фарқ мекунад, вале дар сурати эҷоди девори эътимод ва таҳияи механизми умумии баҳрабардорӣ аз захираҳои обу энержии минтақа метавон ба як “мавқеи умумӣ” расид.
Аммо Узбакистон...
Аммо Узбакистон – мухолифи асосии сохта шудани нирӯгоҳи Роғун дар минтақа, ки ба баррасиҳои зери назари Бонки ҷаҳонӣ намояндагони расмиашро намефиристад ва дар нишастҳои Алма-Ато дар масъалаи Роғун маъмулан дар сатҳи коршиносонаш ширкат мекунад, то ҳол мавқеи расмиаш дар мавриди натоиҷи нашршудаи ташхисҳои фанниву иқтисодӣ ва паёмадҳои зистмуҳитиву иҷтимоии тарҳи Роғун баён накардааст.
Танҳо дар сомонаи интернетии ба мақомоти Узбакистон наздики anons.uz матлабе бо номи “Рогунская ГЭС - навязчивая идея одного человека или горе миллионов людей?” (“Нирӯгоҳи Роғун – васвасаи як нафар ё бадбахтиии миллионҳо?”), ки аз номи “сиёсатшиноси мустақил” Тимур Зафаров нашр шудааст, натиҷаҳои ба фоидаи Тоҷикистон анҷомшудаи ташхиси тарҳи Роғунро ҳосили сиёсати лоббиҷӯии Душанбе дар арсаи байналмилалӣ номидааст: “Тоҷикистон ҳар сол барои ташкили кор бо сохторҳои лоббист дар хориҷ маблағҳои бузург харҷ карда, бо кумаки онҳо дар майдони иттилоотӣ ақидаҳоеро таблиғ мекунад, к и дар зеҳни доираҳои сиёсатсози дунё талқин кардани фикри вуҷуди “зарфияти азими тавлиди барқи обӣ” дар ин кишварро ба ҳадаф дорад.”
Тимур Зафаров аз ҷумла аз як ширкати лоббисти Амрико бо номи “Фабиани & Компани” ном бурдааст, ки гӯё дар масъалаи лоббӣ кардани тарҳи Роғун бо ширкати “ТАЛКО менеҷмент”-и Тоҷикистон қарордод баста ва аз ширкати “Барқи Тоҷик” ҳар сол барои ин кораш 1,2 миллион доллар пул мегирад. Лоббии дигари Роғун, ба ақидаи муаллиф раҳбари исмоилиҳои дунё Оғохони 4 аст.
Тимур Зафаров натиҷаҳои ташхиси Роғунро зери суол бурда, навиштааст, дар сурати канда шудани сарбанди нирӯгоҳ 14 миллиард метри мукааб оби обанбораш метавонад сарбанди нирӯгоҳи Норакро низ биканад ва шаҳрҳоии Нораку Сарбанду Қӯрғонтеппа ва ноҳияи Румиро зери об кунад ва даҳҳо нафарро дар паҳнои бузурге то Узбакистону Туркманистон ҳам ҳалок гардонад. Ба бовари ин “сиёсатшиноси мустақил", ки зоҳиран мавқеи Тошкандро бозгӯ мекунад, Тоҷикистон ба Роғун алтернатива дорад: “Ин албатта, сохтани нирӯгоҳҳои хурд аст.”
Таърихчаи Роғун
Давлати Тоҷикистон нерӯгоҳи барқи обии Роғунро масъалаи “маргу зиндагӣ” барои кишвар меномад. Ҳоло аксари манотиқи Тоҷикистон дар фасли сармо – маъмулан аз моҳи октябр то поёни апрел – ба лимити шадиди нирӯи барқ дучор мешаванд ва аксари қаламрави кишвар дар ин мавсим дар шабонарӯз ҳамагӣ чанд соат барқ мегиранд. Бунёди даҳҳо нирӯгоҳи хурд ва ду нирӯгоҳи миёнаи Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2 бори ин лимити барқро сабук карда натавонист. Дар Душанбе мӯътақиданд, ки танҳо дар сурати сохта шудани нирӯгоҳи Роғун лимити барқ дар Тоҷикистон ба афсона табдил хоҳад ёфт.
Аммо кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ ва бахусус давлати Узбакистон шадидан мухолифи сохтани Роғунанд ва мегӯянд, ки дар сурати бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар саргаҳи рӯди Вахш, маҷрои об ба кишварҳои поёноб кам мешавад ва киштзорҳои васеъи онҳо беоб мемонанд. Душанбе мегӯяд, ки ин иддаои кишварҳои поёноб асосе надорад.
Сохтмони нирӯгоҳи Роғун, дар тақрибан 90-километрии шарқи Душанбе, бо иқтидори 3600 мегаватт ва тавони тавлиди 13,1 миллиард киловат/соат нирӯи барқ дар як сол ҳанӯз дар поёни солҳои 70 оғоз ёфта, сарбанди 335-метриаш мебоист баландтарин сарбанди дунё мешуд. Вале бо суқути Иттиҳоди Шӯравӣ ин сохтмон нотамом монда, дар як сели шадиди баҳори соли 1992 нақбҳои обпартои алакай сохташудааш зери лой монда, тақрибан 70 метр сарбанди бунёдшудаашро ҳам сел шуста бурд.
Ҳоло барои сохтани танҳо навбати аввали ин нирӯгоҳ 590 миллион доллар ва барои бунёди пурраш 2,2 миллиард доллар лозим аст, ки худи давлати Тоҷикистон чунин сармояро надорад.
Покистон дар соли 1992 бо ҳукумати вақти Тоҷикистон қарордод баста, барои Роғун ваъдаи 500 миллион доллар сармоягузорӣ карда буд. Вале ин қарордод дар пайи шурӯи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон иҷро нашуд.
Русия ҳам дар соли 1994 бо имзои як созишномаи байнидавлатӣ сохтани Роғунро бар дӯш гирифт, вале ин тавофуқ низ дар рӯи қоғаз монд. Маскав бори дигар дар соли 2004 ба Роғун чашм дӯхт ва ширкати ба Кремл наздики РусАл бо ваъдаи 600 миллион доллар сармоягузорӣ дар Роғун як муддат дастбакор шуд. Вале баҳси РусАл бо мақомоти тоҷик бар сари баландии сарбанд (РусАл тарафдори 280 метр буду Душанбе ба ҳамон 335 метри қаблӣ пойфишорӣ мекард) ва таркиби маҳсулоте ки барои сохтанаш истифода шавад, боис шуд, ки РусАл аз сохтани Роғун даст кашид.
Ҳукумати Тоҷикистон баъди ин ҳама талошҳои бебарори ҷустуҷӯи сармояи хориҷӣ дар оғози соли 2010 ба шурӯи мустақилонаи ин сохтмони барояш ҳаётан муҳим ибтикор кард ва тавассути як маъракаи нимаиҷбории фурӯши саҳмияҳои Роғун аз мардум ва корхонаҳову ширкатҳо тақрибан 186 миллион доллар ҷамъ овард, вале баъди ҳамагӣ се моҳ маҷбур шуд, таҳти фишори кишварҳои поёноб ва бо дархости созмонҳои байналмилалии молӣ саҳмияфурӯширо қатъ кунад.
Ба дунбол анҷоми ташхиси фанниву иқтисодӣ ва паёмадҳои зистмуҳитии тарҳи нирӯгоҳи Роғунро ба Бонки ҷаҳонӣ супурданд, ки билохира, баъди 4 сол натоиҷи муқаддамотии ин ташхисҳоро дар маърази муҳокима гузошт.