Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

23 миллион $ барои сохтани Роғун магар кофист?


Интизор меравад, ҳаҷми сармояи оинномавии ҷамъияти саҳомии "роғун"-ро афзоиш диҳанд, вале то ҳол маълум нест, ки сохтани ин нирӯгоҳи барои Тоҷикистон ҳаётан муҳим кай оғоз хоҳад ёфт.

Интизор меравад, дар нишасти солонаи саҳомдорони нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки ду ҳафта баъд баргузор мешавад, сармояи ойинномавии онро боло баранд ва ба ойиномаи он тағйиру иловаҳо ворид кунанд.

Дар ин бора як манбаъ дар ҷамъияти саҳҳомии “Роғун” рӯзи 16-уми июн ба Радиои Озодӣ хабар дод. Ӯ нагуфт, ки сармояи ойинномавии нерӯгоҳ чӣ қадар боло бурда мешавад, аммо афзуд, тибқи қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 15-уми апрел, сармояи феълии ойинномавии он 116 миллион сомонӣ, андаке бештар аз 23 миллион доллар аст. Ин манбаъ аз тағйиру иловаҳои пешниҳодӣ ба ойинномаи “Роғун” чизе нагуфт, вале зоҳиран ин тағйирот ба афзоиши сармояи оинномавӣ иртибот мегирад.

Дар ҷаласаи саҳомдорони ҷамъияти саҳҳомии бози “Нерӯгоҳи барқи обии Роғун”, ки рӯзи 28-уми июн баргузор мешавад, ҳамчунин гузориши муҳосибони нерӯгоҳ дар бораи сарфу харҷи ҷамъияти саҳҳомӣ дар соли 2013-ро баррасӣ мекунанд. Дар ин нишаст, масъалаи муҳими дигар, гузориш дар бораи арзёбиҳои байналмилалии фанниву иқтисодӣ ва таъсири иҷтимоиву экологии нерӯгоҳи Роғун аст, ки қарор аст, тобистони имсол нашр шавад.

Моҳи май Сароҷ Кумар Ҷа, мудири минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки “лоиҳаи арзёбии иқтисодӣ ва иҷтимоию экологии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун моҳи июн нашр карда мешавад ва моҳи июл бо намояндагони кишварҳои соҳили рӯди Ому мавриди баррасӣ қарор мегирад."

Як манбаъи дигари Радиои Озодӣ, ки дар сохтмони Роғун кор мекунад, ба шарти зикр нашудани номаш гуфт, бино ба иттиллои пешакӣ, арзёбиҳои нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” барои Тоҷикистон “мусбат” аст ва “ҳамаи мо дар инҷо мунтазирем, ки кай арзёбӣ нашр мешавад ва моо ба кор шурӯъ мекунем, чун аз бекорӣ безор шудаем.”

Давлати Тоҷикистон нерӯгоҳи барқи обии Роғунро масъалаи “маргу зиндагӣ” барои кишвар хонда ва мегӯяд, ки танҳо баъди такмили нерӯгоҳ, кишвар метавонад аз бӯҳрони нафасгиркунандаи энержӣ дар фасли сармо халос шавад. Кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ ва бахусус давлати Узбакистон шадидан мухолифи сохтани Роғунанд ва мегӯянд, ки дар сурати бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар саргаҳи рӯди Вахш, маҷрои об ба кишварҳои поёноб кам мешавад ва киштзорҳои васеъи онҳо беоб мемонанд. Вале давлати Тоҷикистон мегӯяд, ки ин иддао асосе надорад.

Сохтмони нирӯгоҳи Роғун, дар тақрибан 90-километрии шарқи Душанбе, бо иқтидори 3600 мегаватт ва тавони тавлиди 13,1 миллиард киловат/соат нирӯи барқ дар як сол ҳанӯз дар поёни солҳои 70 оғоз ёфта, сарбанди 335-метриаш мебоист баландтарин сарбанди дунё мешуд. Вале бо суқути Иттиҳоди Шӯравӣ ин сохтмон нотамом монда, дар як сели шадиди баҳори соли 1992 нақбҳои обпартои алакай сохташудааш зери лой монда, тақрибан 70 метр сарбанди бунёдшударо ҳам сел шуста бурд.

Ҳоло барои сохтани танҳо навбати аввали ин нирӯгоҳи 590 миллион доллар ва барои бунёди пурраш 2,2 миллиард доллар лозим будааст, ки худи давлати Тоҷикистон чунин сармояро надорад.

Покистон дар соли 1992 бо ҳукумати вақти Тоҷикистон қарордод баста, барои Роғун ваъдаи 500 миллион доллар сармоягузорӣ карда буд. Вале ин қарордод дар пайи шурӯи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон иҷро нашуд.

Русия ҳам дар соли 1994 бо имзои як созишномаи байнидавлатӣ сохтани Роғунро бар дӯш гирифт, вале ин тавофуқ низ дар рӯи қоғаз монд. Маскав бори дигар дар соли 2004 ба Роғун чашм дӯхт ва ширкати ба Кремл наздики РусАл бо ваъдаи 600 миллион доллар сармоягузорӣ дар Роғун як муддат дастбакор шуд. Вале баҳси РусАл бо мақомоти тоҷик бар сари баландии сарбанд (РусАл тарафдори 280 метр буду Душанбе ба ҳамон 335 метри қаблӣ пойфишорӣ мекард) ва таркиби маҳсулоте ки барои сохтанаш истифода шавад, боис шуд, ки РусАл аз сохтани Роғун ва ҳамин тавр аз ваъдаи бунёди ду коргоҳи нав дар корхонаи алюминсозии Турсунзода ва як корхонаи нави алюминсозӣ дар ҷануби Тоҷикистон даст кашид.

Ҳукумати Тоҷикистон баъди ин ҳама талошҳои бебарори ҷустуҷӯи сармояи холриҷӣ дар оғози соли 2010 ба шурӯи мустақилона ин сохтмони барояш ҳаётан муҳим ибтикор кард ва тавассути як маъракаи нимаиҷбории фруӯши саҳмияҳои Роғун аз мардум ва корхонаҳову ширкатҳо тақрибан 186 миллион доллар ҷамъ овард, вале баъди ҳамагӣ се моҳ маҷбур шуд, таҳти фишори кишварҳои поёноб ва бо дархости созмонҳои байналмилалии молӣ саҳмияфурӯширо қатъ кунад.

Ба дунбол анҷоми ташхиси фанниву иқтисодӣ ва паёмадҳои зистмуҳитии тарҳи нирӯгоҳи Роғунро ба Бонки ҷаҳонӣ супурданд. Ин ниҳод мебоист хулосаҳояшро дар бораи ин тарҳ ҳанӯз дар тирамоҳи соли 2012 ироа мекард, вале ин кор то ҳол ба таъхир меуфтад. Ваъдаи навбатии Бонки ҷаҳонӣ моҳи июн буд, ки алакай нисфаш гузашт, вале натоиҷи ташхиси тарҳи Роғун ҳанӯз нашр нашудааст.
XS
SM
MD
LG