Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пуштибонии ногаҳонии Русия аз Роғун


Русия дар як изҳороти ғайримунтазира аз тарҳи нирӯгоҳи Роғун пуштибонӣ карда, гуфтааст, тарҳҳои марбут ба баҳрабардорӣ аз захираҳои оби Осиёи Марказӣ бояд “майдон”-е барои ҳамкорӣ дар ин минтақа шаванд, на “фона”-е ки шикофро байни давлатҳои ин қаламрав бузургтар мекунад.

Вазорати хориҷаи Русия дар ин ҳафта бо баргузории як нишасти хабарии вижа аз тарҳҳои бунёди нирӯгоҳҳои бузург дар Тоҷикистону Қирғизистон, бахусус аз нирӯгоҳҳои Роғун ва Қамабар-Ота-1 пуштибонӣ кард. Дар ин нишасти хабарӣ, ки ҳанӯз рӯзи 26 июн дар Маскав доир шудааст, Александр Лукашевич, муовини вазир ва сухангӯи расмии вазорати хориҷаи Русия аз ҷумла гуфт: “Русия манфиатдор аст, то тарҳҳои марбут ба баҳрабардорӣ аз захираҳои об дар ин минтақаи ба мо наздик “майдон”-и ҳамкории минтақавӣ шаванд, на “фона”-е ки шикофҳоро дар мавзеъгириҳои кишварҳои ҳамсоя бузургтар мекунад.”

Лукашевич гуфт, албатта, нигоҳ, бархӯрд ва ҳадафҳои кишварҳои болооб аз кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ хеле фарқ мекунад, вале ба бовари ӯ, дар сурати эҷоди девори эътимод ва таҳияи механизми умумии баҳрабардорӣ аз захираҳои обу энержии минтақа метавон ба як “мавқеи умумӣ” расид. Намояндаи расмии вазорати хориҷаи Русия гуфт, байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳудуди 150 санаду созишномаи ҳамкорӣ имзо шудааст, вале, афзуд ӯ, иҷрои ин асноди муҳим ба ҳарду по мелангад.

Александр Лукашевич тарҳи нирӯгоҳи Роғунро як намунаи барҷастаи сӯъи эътимод байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва иҷро нашудани тааҳҳудоти ҳамкорӣ байни кишварҳои ин қаламрав номид: “Фишори изофие барои намоиши иродаи сиёсӣ ба ҳамкорӣ лозим аст. Бавижа дар иҷрои вазифаҳое ки ба манфиатҳои якбора чанд кишвар дахл мекунад. Чӣ дар масъалаи таавлиди нирӯи барқ ва чӣ дар масъалаи анбор кардани об. Нирӯгоҳи Роғун маҳз чунин як намуна аст. Ин як иншооти дар миқёси минтақа бузург аст: Сарбанди 335-метрӣ бо обанбори ғунҷоишаш беш аз 10 миллиард метри мукааб об ва иқтидори тавлиди 13,3 миллиард киловатт – соат нирӯи барқ дар сол. Ин тарҳ дар СССР ҳанӯз соли 1978 бо дарназардошти ҳамкории байни ҷумҳуриҳо таҳия шуда буд. Вале баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ ҳамоҳангӣ дар ин ришта заиф шуд. Давлатҳои минтақа дар аксари ҳолот сиёсати мустақили обу энержиро пеш мебаранд.”

Русия - миёнарав дар масъалаи Роғуну Қамбар-Ота?

Александр Лукашевич
Александр Лукашевич

Намояндаи расмии Русия бо истиқбол аз натоиҷи нашршудаи арзёбиҳои Бонки ҷаҳонӣ аз тарфи нирӯгоҳи Роғун гуфт, “мо хеле умедворем, ки кишварҳои минтақа бо такя ба хулосаҳои коршиносон барои рӯшан кардани масоили мавриди ташвиши онҳо ба як муколамаи мустақим талош хоҳанд кард. Дар ниҳояти амр, алтернативае дар муқобили ҳамкорӣ вуҷуд надорад.”

Вай афзуд, на кишварҳои минтақа, на ҷомиаи ҷаҳонӣ ва на Русия манфиатдор нестанд, ки баҳси ин масъалаи доғ мунҷар ба бад шудани равобити ин кишварҳо шавад. Лукашевич изҳори умед кард, ки ҳокимони Осиёи Марказӣ “хирадмандӣ” нишон хоҳанд дод ва Русия ба навбаи худ, ба гуфтаи сухангӯи вазорати хориҷааш, “дар сурати муроҷиати тамоми ҷонибҳои манфиатдор омода аст, ҳаддалимкон ба ин мусоидат кунад.”

Русия дар ҳоли ҳозир барои сохтани нирӯгоҳи Қамбар-Ота-1 ваъдаи сармоя додааст. Русия ҳамин тавр, дар гузашта 2 дафъа – бори аввал дар соли 1994 дар сатҳи ҳукуматаш ва бори дуюм дар соли 2004 тавассути ширкати “РусАл”-и миллиардери ба Кремл хеле наздик Олег Дерипаска ваъдаи сохтани Роғунро ҳам дода буд. Вале Маскав ба далели аз худ наранҷондани раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов, ки баъди саркӯби хунини исёни соли 2005-ум дар Андиҷон аз Ғарб қаҳр карда, ба Маскав наздик шуда буд, дар соли 2006 аз иҷрои тааҳҳудоташ дар масъалаи Роғун худдорӣ кард.

Саҳмияҳои Роғун
Саҳмияҳои Роғун

​Тоҷикистон баъди чанд соли ҷустуҷӯи бенатиҷаи сармояи хориҷӣ барои бунёди Роғун дар оғози соли 2010 барои шурӯи мустақилонаи ин нирӯгоҳи барои мардум ва корхонаҳои ташнаи барқаш ҳаётан муҳим иқдом кард ва тавассути як маъракаи нимаиҷбори фурӯши саҳмияҳои нирӯгоҳ дар 3 моҳ 186 миллион доллар ҳам ҷамъ овард.

Вале ин маърака ба мухолифати тунди кишварҳои поёноб, бавижа Узбакистон дучор шуд ва Душанбе маҷбур шуд, саҳмияфурӯширпо қатъ карда, анҷоми ташхиси тарҳи фанниву иқтисодӣ ва ҳам паёмадҳои зистмуҳитии Роғунро ба Бонки ҷаҳонӣ бисупорад.

Бонки ҷаҳонӣ баъди чандин таъхир дар миёнаҳои моҳи июн хулосаҳои муқаддамотии арзёбиҳояшро нашр кард, ки мегӯяд, ба сурати умум, тарҳи нирӯгоҳи Роғун кадом паёмади сахти экологӣ надорад ва қобили сохтан аст. Ҳафтае пеш дабири кулли СММ Бан Ки Мун аз ин хулосаҳои Бонки ҷаҳонӣ дар мавриди Роғун истиқбол кард ва гуфт, ин санади Бонки ҷаҳонӣ як роҳнамои муҳим барои кишварҳои минтақа дар роҳи музокироти масоили марбут ба истифодаи захираҳои обу энержии Осиёи Марказӣ хоҳад шуд. Бан Ки Мун аз ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ даъват кард, "вориди баҳси созанда дар масоили захираҳои обии фаромарзӣ шуда, аз иқдомҳои якҷониба дар ин масоил худдорӣ кунанд." Ба эътиқоди раҳбари СММ, танҳо “бо роҳи музокирот метавон ба як роҳи ҳалли умумӣ ва мутавозине, ки манфиатҳои ҳамаи кишварҳои минтақаро дар назар бигирад, даст ёфт.”

Аммо пуштибонии Русия аз тарҳи Роғун дар ҳоле садо медиҳад, ки равобити Маскав бо Тошкнад дар як ҳоли танишомез қарор дорад. Раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов аз маъдуд раҳбарони пасошӯравист, ки дар моҷарои ахири байни Русияву Украина аз якпорчагии Украина пуштибонӣ кард ва аҳдофи аслии Маскав аз бунёди Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиёро, ки созишномааш дар поёни моҳи май ба имзо расид, зери суол бурд. Зимнан соли 2004-ум низ Русия замоне ба Тоҷикистон ваъдаи сармоягузории тарҳи Роғунро кард, ки муносибаташ бо Тошканд “олӣ” набуд.

Путин ва Каримов
Путин ва Каримов

Таҳлилгарон мегӯянд, Тоҷикистон чандин бор асбоби бозӣ дар баҳсҳои Маскаву Тошканд шудааст ва Маскав ҳар дафъа ба муҷарради ба худ наздик кардани Тошканд аз “шарики стратегӣ”-аш дар Душанбе “фаромӯш” мекард. Аз ин лиҳоз, баъид нест, ки чунин ғайриинтизор ба тарафдорӣ аз Роғун садо баланд кардани Маскав низ паёме навбатӣ ба Тошканд бошад ва баъди оштии навбатӣ бо Каримов ҳукумати раисиҷумҳури Русия Владимир Путин боз ҳам Тоҷикистону Роғунашро ба боди фаромӯшӣ супорад. Албатта, то замони пеш омадани мушкили навбатӣ дар равобити Русияву Узбакистон.

XS
SM
MD
LG