Ҳарчанд мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, Русия бо изҳороти ахири марбут ба Роғун кореро кард, ки аз як шарики стратегӣ метавон интизор дошт, ба ақидаи таҳлилгарон ин изҳорот ғайриинтизор буда, ҳанӯз рӯшан нест, Маскав чаро ва кӣ паём додааст?
Абдулфайз Атоев, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Радиои «Озодӣ» гуфт, Русия шарики стратегии кишварҳои Осиёи Марказист ва мавқеи он дар бораи майдони ҳамкорӣ будани нерӯгоҳи Роғун бо мавқеи ҳукумати Тоҷикистон мувофиқат мекунад: «Русия дар амнияту суботи мардуми минтақа манфиати зиёд дорад. Бешубҳа, ин
кишвар, ки мубтакири бархе созмонҳои байнулмилалӣ аст, пеш аз ҳама бар он мекӯшад, ки иқтисоди минтақа таҳким ёбад. Яке аз кишварҳое, ки барои пешрафти Осиёи Марказӣ ҳавасманд аст, Русия аст.»
Изҳороти Александр Лукашевич, муовини вазир ва сухангӯи расмии вазорати корҳои хориҷии Русия гуфт, кишвараш ба баҳрабардорӣ аз захираҳои оби Осиёи Марказӣ тариқи тарҳҳое назири Роғун манфиатдор аст ва онҳо бояд “майдон”-и ҳамкории минтақавӣ бошанд, на “фона”-е, ки тарқишҳоро дар мавзеъгириҳои кишварҳои ҳамсоя бузургтар кунанд.
Ин баёния баъд аз он садо дод, ки рӯзи 17-уми июн, Бонки Ҷаҳонӣ баор пояи омӯзиши чаҳорсолаи тарҳи Роғун онро мусбат номид ва Бан Ки-Мун, дабири кулли СММ гуфт, бунёди ин нерӯгоҳ ба нафъи тамоми минтақа аст. Инро ҳам бояд дар назар дошт, ки Маскав аз як сӯ дар пайванд бо рӯйдодҳои Украина зери фишори Ғарб аст ва аз сӯи дигар талош дорад, теъдоди ҳарчӣ бештари кишварҳои пасошӯравиро дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ба ҳам орад. Ҳамчунин мухолифи сарсахти тарҳи Роғун – Ӯзбакистон акнун ҷӯёи наздикии бештар бо Амрико ва Ғарб аст.
Ба андешаи Андрей Грозин, роҳбари бахши Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон дар Пажӯҳишгоҳи ИДМ дар Маскав, яке аз мухотабони асосии ин паём Тошканд аст: «Ҳоло дар Русия на фақат доираҳои коршиносӣ, балки сиёсатмадорон ҳам Ӯзбакистонро як кишвар душман ҳам набошад, ғайридӯст мешиносанд. Агар дар гузашта Маскав дар масъалаи Роғун андешаи Тошкандро ҳам мекард, ҳоло инро ҳатмӣ намеҳисобанд. Аз ин хотир, бори аввал ба таври расмӣ, инро изҳор медорад, ки ба кадом навҳае, ки набошад, аз ин супернерӯгоҳ ҳимоят мекунад ва зарур ояд дар сохтмонаш ширкат хоҳад кард.»
Ба қавли ҷаноби Грозин, Маскав агар бо бунёди нерӯгоҳҳои Қамбароту дар Қирғизистон ва Роғун дар Тоҷикистон, оби минтақаро дар ихтиёр нагирад, бозии бузурги геополитикиро ба ҳарифонаш хоҳад бохт. Аммо коршиносони тоҷик ҳанӯз ба самимияти мавқегирии Русия бовар надоранд. Онҳо мегӯянд, дар бист соли охир Маскав аз тарҳи Роғун ҳамчун як абзори муомилаҳои сиёсӣ истифода кардааст ва ин гумон ҳаққи ҳастӣ дорад, ки ин бор ҳам ҳадафаш кӯмак ба Тоҷикистон нест.
Бо гузашти солҳо, ҳоло ин нукта ҳам дар маҳофили сиёсии Душанбе зикр мешавад, ки нерӯгоҳи Роғун баҳонаи иқтисодии ҷанги дохилии Тоҷикистон буд ва Русия нагузошт, ки онро Покистон аз худ кунад. Пас аз ҷанги дохилӣ ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, ки бо кӯмаки Маскав ба қудрат расида буд, нерӯгоҳро ба моликияти муштараки ду кишвар табдил доданд. Ин санадро Маскав ба тасвиб расонд, аммо Душанбе онро канор гузошт ва баъдан фаромӯш шуд.
Ниҳоят соли 2004 Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон тақдири нерӯгоҳро ба дасти РусАл доданд. Муддати зиёд нагузашта, маълум шуд, ки ҳадафи ин ширкати русӣ аз худ кардани Талкост ва аслан таҷрибаи сохтани нерӯгоҳро надорад. Дар ҳамин асно президенти Ӯзбакистон Ислом Каримов раҳбари РусАл Олег Дерипаскаро ба Тошканд даъват кард ва баъд аз он мулоқот, ширкати русӣ худро аз бозӣ канор кашид.
Тоҳири Сафар, коршиноси мустақил мегӯяд, Русия омили дар ин тарҳ санҷидашуда ва қобили эътимод нест: «Русия мегӯяд, ҷонибдори тарҳи Роғун аст, аммо ин маънои онро надорад, ки омодагии худро барои сохтани он эълон дошта бошад ва ё дар ин мавқеъ устувор хоҳад буд. Ин танҳо гап аст. Дар асл Русия барои сохтмони Роғун маблағ ҳам надораду ҳоло коре ҳам аз дасташ намеояд».
Соли 2007 Тоҷикистон барои бунёди нерӯгоҳи Роғун консорсиум эълон кард, вале ягон кишвари олам омодагии худро барои ворид шудан ба он эълон накард ва ҳоло дигар касе дар ин бора лаб намекушояд, зеро мухолифати Тошканд ба тарҳи Роғун роҳи онҳоро бастааст. Ӯзбакистон ҳамеша гуфтааст, ки бунёди ин нерӯгоҳ маҷрои обро ба кишварҳои поёноб коҳиш дода, вазъи кишоварзӣ ва зистмуҳитиро ба ҳам хоҳад зад. Ҳарчанд аз нашри натиҷаҳои ташхиси Бонки Ҷаҳонӣ се ҳафта гузашт, Тошканд, ки гӯё интизори онҳо буд, вокунише ба он нишон надодааст.
Мақомоти Тоҷикистон ҳоло як марҳалаи дигарро барои ниҳоӣ шудани ташхиси нерӯгоҳи Роғун аз сӯи Бонки Ҷаҳонӣ муҳим мешуморанд. Аз 14 то 18 июли соли равон дар шаҳри Алма-атои Қазоқистон охирин машваратҳо бо ширкати кишварҳои поёноб ва созмонҳои хориҷӣ баргузор мешавад, ки интизор меравад, ҳайати Русия низ дар он ширкат кунад.