Муаллифи истиқлоли мо кӣ буд? Тоҳир Абдуҷаббор? Ё Ҳувайдуллоев?

Дар зери Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон раиси вақти Шӯрои Олӣ Қадриддин Аслонов имзо кардааст.

Ҳар сол дар арафаи иди истиқлолияти Тоҷикистон – 9-уми сентябр - баҳсе рӯ мезанад, ки истиқлоли кишвар дар авоили солҳои 90 чӣ гуна ва дар чӣ фазое ба даст омад?
Бархе аз нигорандагон вакили мардумӣ ва раҳбари созмони “Растохез” Тоҳири Абдуҷабборро “меъмори истиқлолияти Тоҷикистон” меноманд, аммо гурӯҳи дигар мегӯянд, таҳияи эъломия як кори дастҷамъонаи вакилони парлумон буд.

Абдусаттор Ҷабборов, ки дар солҳои 1990-95 раҳбари кумитаи сохтори давлатии Шӯрои Олӣ будааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, лоиҳаи эъломияи истиқолияти Тоҷикистонро ӯ ва Нурулло Ҳувайдуллоев, раиси ҳамонвақтаи кумитаи қонунияти конститутсионӣ ва қонунияти парлумон таҳия кардаанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Муаллифи аслии Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон кист?



Аммо ӯ иқрор мекунад, ки он замон аз ҷониби мухолифон низ тарҳе ба унвони раёсати парлумон ворид шуда, мавриди истифодаи муаллифон қарор гирифта буд: «Лоиҳаи коркардашударо ба раёсат пешниҳод кардем, ки он маҷлиси охирин буд. Дар иҷлосия сараввал Нурулло Ҳувайдуллоев маърӯза кард ва баъд ман сухан гуфта, ба ҳамаи саволҳо ҷавоб додам. Бештари вакилон ҷонибдор буданд, ки лоиҳа қабул шавад. Баъзеҳо гуфтанд, шояд ҳоло барвақт бошад. Вале вақте Қаҳҳор Маҳкамов онро ба овоз монд, ҳама бе ягон зиддият ба он овоз доданд.»

Ҷаноби Ҷабборов муаллифи эломия будани Тоҳири Абдуҷабборро қабул надорад ва мегӯяд: «мо аз лоиҳаи мухолифон тахминан 20 дарсад ҳам нагирифтаем. Зеро хеле зуд навишта шуда буд ва ба эъломия ҳам монанд набуд. Лекин ба ном лоиҳаи алтернативии мухолифон буд. Мо барои он ки муносибатҳо вайрон нашавад, он бандҳоеро, ки ба талаботи меъёрҳои байналхалқӣ ҷавобгӯй бошад ва дар лоиҳаи мо навишта шуда бошад, ҳаммаъно гуфта қабул кардем. Лекин ба фикрам лоиҳаи мо аллакай дар дасти онҳо буд, ки бисёр нуктаҳояш ба ҳам наздик буд. Вале баъзе чизҳое, ки онҳо мехостанд, масалан, давлати исломӣ ва низоми дигари давлатдориро мо қабул карда наметавонистем.»


Ҳайдаршоҳ Акбаров

Аммо вакили дигари парлумони вақт Ҳайдаршоҳ Акбаров мегӯяд, мавзӯъи истиқлолият аввалин аз ҷониби вакилони озодандеш Тоҳири Абдуҷаббор ва Аслиддини Соҳибназар ба миён гузошта шуда буд. Оқои Акбаров дар бораи тарҳи навиштаи Тоҳири Абдуҷаббор аз ҷумла мегӯяд: «Дар марҳилаи аввал эъломия мавриди истиқбол қарор нагирифт. Аммо аз ҷониби мардум хуб пазируфта шуд. Чун он солҳо иҷлосия мустақиман тавассути радиову телевизион пахш мешуд. Вале саранҷом вақте истиқлолияти Тоҷикистон эълон шуд, лоиҳаи Тоҳири Абдуҷаббор ба назар гирифта шуд ва тақрибан ҳамон лоиҳа қабул шуд.»

Ҷаноби Акбаров мегӯяд, вакилони парлумон замоне масъалаи истиқлолро ҷонибдорӣ намуданд, ки дарк карданд, ки он дигар ба як амри ногузир табдил ёфтааст. Зеро ҳаракати озодихоҳӣ аллакай дар дигар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ шурӯъ шуда буд: «Вале замоне ки ҷасорат ва матонате зарур буд, ки дар он фазо ин ҳарфҳоро бигӯянд, ҳеҷ кас сару садое надошт. Он замон ҳанӯз Маскав побарҷой буд ва ҳар кас ҳам ҷасорат намекард, ки ин ҳарфро бигӯяд. Вақте ки Тоҳири Абдуҷаббор сари минбар дар ин бора сухан мегуфт, онҳо аз тарс ҳарфе намегуфтанд. Мавзӯъи аслӣ ин аст.»


Ашӯрбой Имомов

Ҳуқуқдони тоҷик Ашӯрбой Имомов, ки солҳои навадум ба ҳайси раиси Кумитаи назорати конситутсионии Тоҷикистон фаъолият кардааст, тасдиқ мекунад, ки муаллифи асосии эъломия Тоҳири Абдуҷаббор буд ва дар навиштану муайян кардани меъёрҳои эъломия ҳам саҳм дошт. Аммо ӯ ҳам тасдиқ мекунад, ки ин кори як кас набуд: «Дар қабул кардани он бисёр шахсон ҳузур доштанд. Бисёр баҳсу мунозира шуда буд. Аммо мо аввалин набудем, ки чунин санадро қабул кардем, мо аз дигар ҷумҳуриҳо дертар қабул кардем. Барои ҳамин ногузирии он барои вакилон кам-кам фаҳмо буд. Бо вуҷуди ин бештари мардум дар бораи мустақилияти Тоҷикистон ҳатто лаёқати шунидан ҳам надоштанд.»

Ин баҳсу мухолифатҳо бар сари тарҳи эъломияи истиқлоли Тоҷикистон моҳи августи соли 1990, ки Иттиҳоди Шӯравӣ ҳанӯз побарҷо буд, барпо шуда буд. Аммо дар таърихи 9 сентябри соли 1991 тарҳи нави Эъломияи истиқлол, ки ба истиқлоли комили Тоҷикистон таъкид мекард, дар байни ҳамагӣ чанд дақиқа ва бидуни кадом баҳс ва тақрибан бо иттифоқи оро пазируфта шуд. Ин алакай рӯзҳое буд, ки мондани рӯзҳои башумор то марги СССР дигар барои ҳама яқин шуда буд.

Ба назари Ашӯрбой Имомов, истиқлол барои тоҷикон як падидаи бисёр муҳиму зарурӣ буд, вале оммаи мардум ба қабули он омода набуд. Аз ҷумла афроди зиёде, ки имрӯз дар садри ҷашнҳои истиқлол қарор мегиранд, он замон мухолифи истиқлолият буданд. Дар моҳи марти соли 1991, ҳамагӣ ним сол пеш аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва касби истиқлол кардани Тоҷикистон, мардуми ин ҷумҳурӣ дар як назарпурсии саросарӣ 95 дарсад ба тарафдорӣ аз ҳифзи СССР раъй доданд.

Бисёре аз мардуми қаторӣ дар Тоҷикистон, ба гуфтаи ҷомиашиносон, то ҳол истиқлолиятро кадом рукни муқаддаси ҳаёти худ намедонанд, балки бисёриҳо ҳамчунон ҳасрати даврони Шӯравиро мехӯранд ва ҳамоно дар орзуи бозгашт ба он давронанд. Ҷомиашиносон мегӯянд, ин эҳсоси манфӣ нисбат ба истиқлоли кишвар бештар аз авоқиби сахти солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки Тоҷикистон бо касби истиқлол ба гирдобаш фурӯ рафт, фарқи хеле маҳсуси сатҳи зиндагии бахусус мардуми оддӣ дар он аҳд ва имрӯз ва ҳам аз фасоду беадолатие, ки ба ақидаи бисёриҳо, ниҳодҳои давлатии Тоҷикистонро баъди хуруҷаш аз зери контроли Маскав фаро гирифт, об мехӯрад.