Истиқлолияти Тоҷикистон аз заъфи элитаи ҳоким, муборизаи қудрат, бетаҷрибагӣ ва хунгармии нерӯҳои нави сиёсӣ, вопасгароии Ҳизби коммунист, ноомодагии мардум ва сабабҳои зиёди дигар кишварро ба гирдоби ихтилофу кашокаш ва ҷангу хунрезиҳо кашонд.
9 cентябр – Тоҷикистон худро кишвари мустақил эълон кард. Ин эъломия дар ҳоле садо дод, ки даҳ рӯз пеш аз он нахустин президенти Тоҷикистон, Қаҳҳор Маҳкамов бо фишори тазоҳурот ва порлумон ба истеъфо рафта буд.
Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон ва кафили раёсатҷумҳурии кишвар Қадриддин Аслонов Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистонро қироат кард. Аммо ҳамагӣ пас аз ду ҳафта вазъе ба миён афтод, ки саромадони кишвар дигар натавонистанд аз тавтеъа ё каҷравиҳо пешгирӣ кунад. 21-уми сентябр ҳайкали Ленин дар маркази Душанбе вожгун шуд ва рӯзи дигар аъзо ва тарафдорони Ҳизби коммунист ба майдон баромаданд.
Идомаи ҳикояти талху ширини истиқлолияти Тоҷикистон дар ин навори видео: