Боздошти "салафиҳо" чӣ маъно дорад?

Мақомоти Тоҷикистон боздоштҳои паиҳами даҳҳо нафар бо гумони пайравӣ ба ҷараёни салафияро ба далоили амниятӣ рабт медиҳанд. Вале дар асл дар пушти ин боздоштҳо чӣ меистад?

Боздошти гурӯҳе аз шаҳрвандони кишвар дар чанд шаҳру навоҳии Тоҷикистонро мақомот пешгирӣ аз “ноамнии ҷиддӣ” унвон мекунанд. Дар як моҳи ахир 45 сокини вилояти Хатлон ва беш аз 30 сокини шаҳри Роғун бо гумони пайравӣ аз ҷараёни мамнӯи "Салафия" боздошт шудаанд. Аз ҷумла 20 сокини ноҳияҳои Ҷомӣ ва Бохтарро дар вилояти Хатлон тоза дар панҷ рӯзи пеш дастгир кардаанд.

Як манбаъ аз мақомоти интизомии вилояти Хатлон рӯзи 14-уми март дар шарҳи таҳаввулоти ахир ба Радиои Озодӣ гуфт, ки пас аз таҳқиқи яксолаи Додситонии кул, дар ҳамкорӣ бо мақомоти ниҳодҳои дигар маълум шуд, ки дар аксар ҳолатҳои ба Сурия рафтани шаҳрвандони тоҷик маҳз пайравони ҷараёни "Салафия даст доштаанд.

Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, "танҳо дар вилояти Хатлон дар соли гузашта 2 гурӯҳе боздошт шуд, ки мехостанд амалиёти террористӣ анҷом диҳанд. Инҳо "салафӣ" буданд ва ин фаъолиятҳоро бо роҳбаладии салафиҳо анҷом медоданд. Даҳҳо нафари дигар барои равон кардани ҷавонон ба Сурия боздошт шуд. Инҳо ҳам пайрави равияи салафия буданд. Ҳар ҷавони тоҷик, ки ба Сурия бурда шуд, аввал ақидатан салафияш мекарданд.”

Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо мисли низомиҳо, ки бо сару либос ва зоҳир аз бақия фарқ мекунанд, "салафиҳо" бо тарзи ришмонӣ, либоспӯшӣ ва шеваи намозгузориашон фарқ мекунанд. “Яъне, вақте як нафар зоҳирашро бо онҳо мувофиқ мекунад, ботинан ба ақидаи ҷангиву харобкории онҳо мувофиқ аст," - гуфт ин ҳамсӯҳбати мо.

Ва аммо пайвандони ҷавонони боздоштшуда мегӯянд, аз рӯзи боздошт ҳеҷ тамосе бо наздиконашон надоранд. Маҳмадшоҳ Торонов, сокини деҳаи Роҳи Нави ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, ки писарашро бо гумони пайравӣ аз ҷараёни "салафия" боздошт кардаанд, мегӯяд, ҳайрон аст, ки бо кадом ҷурм фарзандашро боздошт кардаанд.

Фарзанди ин мард, Мансур Торонов 36 сол дошта, ронандаи мусофиркаш дар масири Румӣ -Қӯрғонтеппа будааст. Торонов мегӯяд, мақомот ним моҳ пеш соати 9-и шаб фарзандашро дар хонааш боздошт карданд ва гуфтанд, ки пас аз 2 соат ҷавоб мешавад. Аммо ӯ то ҳол озод нашудааст ва мақомот ӯро дар пайравӣ аз ҷараёни "салафия" гумонбар медонанд. Торонов мегӯяд, аз як деҳи онҳо ҳамроҳ бо писараш чор нафари дигар низ боздошт шудааст. “Инҳо "салафӣ" набуданд, вале намозхон буданду риш доштанд. Агар ягон кас даъват мекард, “Чил Ёсин” мехонданд,"- мегӯяд Торонов.

Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ

Боздошти гурӯҳии пайравони ҷараёни мамнӯъи "салафия" дар ҳоле сурат мегирад, ки мақомоти раҳбари худхондаи ин гурӯҳ Муҳаммадии Раҳматуллоҳро моҳе пеш боздошт карданд. Муҳаммадии Раҳматуллоҳ ҳанӯз соли 2008 эътироф карда буд, ки ӯ пешвои гурӯҳи "салафия" аст, вале то дер гоҳ дар озодӣ буд ва танҳо пас аз боздошти даҳҳо узви гурӯҳаш ӯ боздошт ва ҳабс шуд. Мақомот ӯро ба се моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла барои барангехтани кинаю адовати динӣ муттаҳам медонанд.

Парвиз Муллоҷонов, коршиноси масоили сиёсӣ мегӯяд, дар ин авохир сиёсати ҳукумат дар робита ба ин гурӯуҳ тағйир ёфт. Ӯ мегӯяд, то як соли пеш агар пайравони ин гурӯҳ аз рӯи назар ва таблиғоташон миёни ҷомеа боздошт мешуданд, ҳоло онҳо аз рӯи шакли зоҳирӣ ва намозхониашон низ боздошт мешаванд. Ин сиёсате ҳаст, ки ба гуфтаи ӯ, дар Русия, ба хусус Қафқоз ҳоло дар ҷараён аст.

Муллоҷонов афзуд: “Ҳоло, ки ҲНИТ аз байн рафтааст, барои ҳукумат салафиҳо ҳадафи рақами як шуданд. Аксари инҳо худашонро ҳанафӣ эълон мекунанд, вале салафиянд. Салафӣ буданро рад мекунанд, вале ақидаҳояшон ақидаҳои салафӣ ҳаст. Дар Тоҷикистон ҳамеша ба салафиҳо нигоҳи манфӣ доштанд. Ҳоло марҳилаи нав ҷараён дорад. Пештар дар сурати тарғиби ошкоро пайравони ин ҷараён боздошт мешуданд, ҳоло аз рӯи зоҳир ва тарзи намозгузориашон низ боздошт мешаванд.”

Тоҷикистон як кишвари аксаран мусалмоннишин буда, 90 дарсади аҳолиаш пайравони мазҳаби Ҳанафия мебошанд. Мақомот равияҳои дигари мазҳабиро барои амнияти кишвар хатарнок мешуморанд ва назоратро бар масоили динӣ афзоиш медиҳанд. Махсусан ҳоло, ки раванди мазҳабишавии ҷомеъа дар Тоҷкистон суръати нав касб кардааст.

Додгоҳи олии Тоҷикистон дар соли 2009 фаъолияти ҷараёни "Салафия"-ро дар қаламрави кишвар мамнӯъ эълон кард. Намояндагони ин гурӯҳ мутобиқи банди 189, қисми 2 -"барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, маҳлгароӣ ва динӣ муҳокима мешаванд ва то панҷ сол ҳукми зиндон мегиранд.

Додситонии кулли Тоҷикистон ахиран эълон дошт, ки беш аз ҳазор шаҳрванди ин кишвар асосан бо ташвиқи салафиҳо ба Сурияву Ироқ рафта, ба сафи гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” пайвастаанд.