Раҳмон Юсуф Аҳмадзода-додситони кулли Тоҷикистон гуфтааст, аксари тоҷиконе, ки дар Сурияву Ироқ дар даргириҳо ширкат доранд, узви созмони мамнуи Салафия мебошанд. Вай ин суханонро дар иҷлоси Маҷлиси миллии Тоҷикистон 3 март изҳор дошт, менависад оҷонсии "Азия-Плюс".
Ба гуфтаи вай, ин ягона созмоне дар Тоҷикистон ба шумор меравад, ки аз ақидаву афкори тундравҳои Давлати Исломӣ ҷрнибдорӣ мекунад. Ин созмон дар соли 2009 дар Тоҷикистон созмони мамнуъ ва террористӣ эълон шуда буд.
Додситони кулл мегӯяд, “ бино ба охирин маълумот, ҳоло дар сафҳои созмонҳои террористӣ дар хориҷ 1 ҳазору 94 шаҳрванди Тоҷикистон дар даргириҳо ширкат мекунанд. Соли гузашта 147 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз сафи гурӯҳҳои мусаллаҳ ба Тоҷикистон баргаштанд. 780 нафари дигар, ки як ҷо бо тундравҳои Давлати Исломӣ меҷанганд, дар ҷустуҷӯ қарор доранд.
85 дарсади ононе, ки ба Сурияву Ироқ рафтаанд, аз муҳоҷирати корӣ ба тундгароён пайвастаанд. Соли гузашта ҳангоми талоши хуруҷ аз Тоҷикистон барои пайвастан ба тундравҳои Давлати Исломӣ боздошт шудаанд. Бар зидди 166 нафар парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.