"Ҷанги асабҳо" дар атрофи созишномаи пойгоҳи 201

Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин ҳангоми боздид аз пойгоҳи 201-Русия дар шаҳри Душанбе. 5.10.2012

Ба таъкиди вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, баъзе аз гурӯҳҳо дар Русия намехоҳанд, ки Созишномаи шароити будубоши пойгоҳи 201-ум дар Тоҷикистон имзо шавад.
Парлумони Тоҷикистон то ҳоло созишномаи ҳузури пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистонро, ки моҳи октябри соли гузашта аз тарафи президентҳои ду кишвар ба имзо расида буд, ба тасвиб нарасондааст ва акнун расонаҳои ахбори оммаи Русия мегӯянд, Душанбе шартҳои нави тасвиби ин санадро ба миён мегузорад.

Аммо таҳлилгари умури ҳарбии Русия, Павел Фелгенгауер мегӯяд, ин муассисаҳоии низомии Русияанд, ки ба хотири фишори бештар рӯи Тоҷикистон талаби тасвиби қарордоди пойгоҳро ба матбуот ифшо кардаанд. Ҳолате ба миён омадааст, ки ҳарду ҷониб ҳарчӣ бештар рӯйи манофеи худ таъкид меоранд.

"ЯГОН ШАРТИ НАВ НЕСТ..."

Абдусаттор Холов, муовини раиси Кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амнияти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ҳама гуна ангезаи сиёсиро дар таъхири тасвиби ин созишнома рад мекунад ва меафзояд, моҷаро ба он бастагӣ дорад, ки баъзе аз гурӯҳҳо дар Русия намехоҳанд Созишномаи шароити будубоши пойгоҳи 201 дар Тоҷикистон ба тавсиб расад: “Ҳастанд афрод ва гурӯҳҳое, ки манфиатдоранд равобити Русияву Тоҷикистон рушд накунад, балки хароб шавад. Дар ҳоле ки расман на вазорати дифоъ ва на раҳбарияти Тоҷикистон дар бораи ҳеҷ ягон шароити нав дар имзои санади низомӣ изҳори назар накардаанд ва ин санад бармаҳал аз сӯи раҳбарон имзо шудааст, афрод ва гурӯҳҳое дар Русия тариқи расонаҳо тавтиаҳо роҳандозӣ мекунанд.”

Вакили парлумон Абдусаттор Холов

Аммо ба чӣ сабаб созишномаи мазкур то ҳоло дар парлумони Тоҷикистон ба тасвиб нарасидааст? Дар посух ба ин пурсиш ноиби раиси Кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амнияти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мегӯяд, тасвиби созишномаи ҳузури пойгоҳи 201-и Русия дар кишвар фурсат мехоҳад, зеро чунин санади муҳим масъулияти бузургеро дар баробари миллату ояндагон талаб мекунад.

Павел Фелгенгауер - таҳлилгари низомии Русия мегӯяд, ин ки мақомоти Маскав гуфтаанд, то порлумони Тоҷикистон қарордоди пойгоҳи 201 -ро тасвиб накунад Русия аз ҳама гуна тиҷорат бо ин кишвар даст мекашад, ҷои ҳайрат надорад. "Русия дар ҳамкорӣ бо кишварҳои собиқ Шӯравӣ ҳамеша аз шеваи зургӯи истифода кардааст ва дар оянда низ ҳамин корро хоҳад кард", мегӯяд ҷаноби Фелгенгауер ва меафзояд, "аммо ин ба маъное нест, ки ду кишвар бо ҳам забон намеёбанд ва ҳар тарафе дар мавқеъи худ мемонад. Инҳо дар ниҳояти амр ба созиш мерасанд, махсусан дар ҳоле, ки нируҳои НАТО аз Афғонистон берун мераванд ва Тоҷикистону Русия бештар ба ҳамкорӣ бо якдигар ниёзманд хоҳанд шуд.

ҒАВҒО ДАР МАТБУОТИ РУСИЯ

Дар ду рӯзи охир расонаҳои ахбори оммаи Русия аз манобеи бидуни ном хабар доданд, ки Тоҷикистон бар иловаи созишҳои қаблӣ шартҳои наве пеш мегузорад, аз ҷумла мехоҳад, ки ҳаҷми кумаки низомӣ ба ин кишвари Осиёи Марказӣ бештар шуда, Русия ба тарҳҳои иншооти обу энержии Тоҷикистон сармоягузорӣ кунад. Тибқи мувофиқаҳои қаблӣ, Русия 200 миллион доллар ба Тоҷикистон кумаки низомӣ мекунад ва ҳам 200 миллион доллари дигарро аз ҳисоби лағви боҷи гумрукӣ ба ин ҳисоб зам кардааст.

Дар гузашта мақомоти Тоҷикистон изҳор дошта буданд, ки Созишномаи шароити будубоши пойгоҳи 201-и Русия танҳо пас аз имзо шудани созишномаҳои муҳоҷират ва интиқоли маводи нафтӣ ва ҳам дигар санадҳо барои тасвиб ба парлумон фиристода хоҳад шуд. Ин ду созишнома имзо шуданд, аммо баҳси кумаки низомӣ ҳанӯз идома дорад.

Ба қавли манобеи наздик ба ҳукумат, масъалаи афзоиши кумаки низомии Русия ба Тоҷикистон воқеан аз мавзӯъҳои музокироти ду кишвар шудааст, бахусус, бо назардошти ин ки Маскав 1 миллиарду 100 миллион доллар ба Қирғизистон ваъдаи кумаки низомӣ кардааст. Ба қавли ин манобеъ, Маскав кӯшиш дорад ба Душанбе итминони хотир диҳад, ки пойгоҳи 201 худ кафолати амнияти Тоҷикистон аст ва зарурат ба мусаллаҳшавии худи кишвар нест. Зимнан, бино ба иттилои як пажӯҳишгоҳи бритониёӣ, пойгоҳи 201 даҳ маротиба аз артиши Тоҷикистон пурқудраттар аст. Аммо мақомоти Тоҷикистон бар инанд, ки худ мехоҳанд нерӯи низомии кофӣ дошта бошанд.

ТУФАНГЧА ДАР РӮЙИ МИЗ

Коршиносон нигарониҳои Тоҷикистонро ба тағйироти куллӣ дар минтақа марбут медонанд, бахусус, пас аз он ки силоҳу таҷҳизоти ваъдагии НАТО ба Узбакистон расад, тавозуни низомӣ дар минтақа ба таври куллӣ ба нафъи ин кишвар хоҳад шуд.

Коршинос Маҳдӣ Собиров

Маҳдӣ Собиров, коршинос дар умури амниятӣ мегӯяд: «Ин мусаллаҳшавии як кишваре, ки низоми демократӣ надорад, хатари бузургест ба амнияти Осиёи Марказӣ. То ба ҳол баҳсҳои марзӣ бо Узбакистон ҳал нашудаанд. То 20 соли дигар баҳси об дар минтақа, бидуни шак, хеле тезутунд ва доғ мешавад. Ин пешбиниҳои ногувор на фақат Тоҷикистон, балки дигар кишварҳои минтақаро ҳам ором намегузорад.»

Иддае дигар аз коршиносон хашму ғазабҳои пинҳон дар Маскавро аз он медонанд, ки пирӯзиҳои осон ва бидуни ҳазина анҷомёфтаи моҳи октябри соли гузашта дар Душанбе таъсири худро гум мекунанд ва Созишномаи будубоши пойгоҳи низомии 201-умро, ки аз тарафи президентҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин имзо шуда буд, ба тасвиб намерасад.

Аммо таҳлилгари умури ҳарбии Русия Павел Фелгенгауер, мегӯяд муомилоти ду кишвар бозии "покери ковбой"-ҳоро мемонад,ки барои тарсонидани якдигар туфангро ҳамеша дар рӯи миз нигаҳ медоранд. Фелгенгауер мегӯяд, заминаи ранҷиши Тоҷикистон аз Русия маълум аст. Дар ҳоле, ки Маскав барои кумаки низомӣ ба Бишкек 1 миллиард доллар ваъда кардааст, талаби Тоҷикистонро барои афзоиши кӯмакҳои бештари низомӣ беҷавоб гузоштааст. Таҳлилгари низомии рус мегӯяд, масъалаи Бишкек аз Душанбе фарқ мекунад. Қирғизистон мехоҳад ба Иттиҳодияи гумрукӣ ворид шавад, ки барои Русия бисёр муҳим аст. "Ҳам Тоҷикистон ва ҳам Русия далелҳои худро доранд ва ҳар кадом бозии худашро пеш мебарад,”- мегӯяд Павел Фелгенгауер.