Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Масъалаи пойгоҳ аз созишҳои дигари Душанбеву Маскав ҷудо нест"


Эмомалӣ Раҳмон ва Сергей Лавров
Эмомалӣ Раҳмон ва Сергей Лавров

Вазири умури хориҷии Русия мегӯяд, созишномаҳо миёни Маскав ва Душанбе дар бораи муҳоҷират ва фаровардаҳои нафтӣ, дар ояндаи наздик ба имзо хоҳанд расид.

Сергей Лавров, ки пас аз мулоқот бо ҳамтои тоҷикаш, Ҳамроҳхон Зарифӣ ва раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфт, ҳадафи сафараш баррасии созишномаҳое буд, ки моҳи октябри соли гузашта миёни раҳбарони Русияву Тоҷикистон ҳосил шудааст: «Мо зикр кардем, ки амалан ҳамаи созишҳои мо дақиқ ва дар мӯҳлати муайяншуда иҷро мешаванд. Гап дар бораи созишҳое меравад, ки ҳам дар соҳаи фанниву низомӣ ва ҳам соҳаҳои иқтисодиву башарӣ ба даст омадаанд. Хулоса, умедворем, ки ба ҳамин зудӣ ҳама корҳо ба анҷом расанд ва ба раҳбарони Русияву Тоҷикистон иттилоъ медиҳем, ки дастурҳояшон иҷро шудаанд».

Вазири корҳои хориҷии Русия дар ҳоле аз «дақиқ ва мӯҳлати муайяншуда» иҷро шудани созишҳои миёни раҳбарони Русияву Тоҷикистон дар Душанбе сӯҳбат мекунад, ки бар пояи онҳо бояд аз 1 январи соли равон чанд санади дигар амалӣ мешуданд. Тибқи ёддошти ҳусни тафоҳуме, ки моҳи октябри соли гузашта аз сӯи Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳурони Русияву Тоҷикистон имзо шуд, бояд Созишномаи будубоши шаҳрвандони ду кишвар дар қаламрави ҳамдигар ва Созишномаи интиқоли маводи нафтӣ аз Русия ба Тоҷикистон ҳанӯз моҳҳои ноябру декабр ниҳоӣ шуда, аз 1 январ амал мекарданд. Тибқи ин созишномаҳо, шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ҳуқуқ пайдо мекарданд, ки дар қиёс бо 7 рӯзи қаблӣ барои сабти ном 15 рӯз дар ихтиёр дошта бошанд ва боҷи гумрукӣ аз маводи нафтии Русия барои Тоҷикистон лағв шавад.

Ҳамчунин Созишномаи шароити будубоши пойгоҳи низомии 201 – и Русия дар Тоҷикистон, ки ҳузури низомиёни русро барои 30 сол ва ҳам имтиёзҳоеро барои онҳо замонат медод, ҳанӯз дар ҳукуматҳо «дармонда», то парлумонҳо нарасидааст.

Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар шарҳи ин мавзӯъ гуфт, тасвиби ин созишнома дар ҳоле имкон дорад, ки дигар асноди марбут ба ҳамкориҳо ҳам омода ва имзо шаванд: «Аз рӯи тавофуқе, ки ҳосил шудааст, ҳамзамон бо Созишномаи шароити будубоши пойгоҳи низомӣ дар қаламрави Тоҷикистон як қатор ёддоштҳои ҳусни тафоҳум дар масъалаҳои иқтисодӣ, фаннӣ ва ғайра ба имзо расида буданд. Дар ҳоли ҳозир, тавре Сергей Викторович гуфт, ҳамаи онҳо дар марҳилаи анҷомёбианд ва пас аз анҷоми ҳамаи чорабиниҳо, мо фикр мекунем, ки тасвиби ин созишнома ҳам мешавад.»

Дар сӯҳбат бо «Озодӣ» дар Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳеҷ мушкиле сари созишномаҳои муҳоҷират бо Русия вуҷуд надорад. Аммо як масъули вазорати рушди иқтисод ва савдо гуфт, тавофуқот дар Созишномаи интиқоли маводи нафтӣ аз Русия ба Тоҷикистон ҳанӯз ба даст наомада, балки музокирот дар ҳоли номуайянӣ қарор доранд. Ин манбаъ танҳо гуфт, ки мухолифат сари банди 6 – и созишнома аст, ки ба масъалаи содироти дигарбора рабт мегирад.

Парвиз Муллоҷонов, коршинос дар умури сиёсӣ мегӯяд, барои Русия масъалаи содироти дигарбора ё реэкспорт ҷанбаи геополитикӣ дорад. Вай афзуд, Тоҷикистон мехоҳад маводи нафтии Русияро ба Афғонистон дигарбора содир кунад, аммо худи русҳо мехоҳанд дар ин кишвар яккатоз бошанд ва ҷойгоҳи «Газпром», ҳамзамон Русияро қавӣ кунанд: «Дар «Газпром» нақшаҳои нуфузро хориҷ аз ИДМ кашидаанд, ҳам ба самти Аврупо ва ҳам Осиё. Бовар дорам, то соли 2014 «Газпром» дар Тоҷикистон мавқеи худро устувор карда, сипас ба Афғонистон нуфуз мекунад. Воқеан, дар ин паҳно ин бузургтарин ширкат аст. Пул дорад, имконияташ ҳаст. Ширкатҳои мо ҳамкор шуда метавонанд».

Як манбаи наздик ба ҳукумат, ки нахост номашро зикр кунем, гуфт, интизориҳои Тоҷикистон аз иҷорапулии пойгоҳи низомии 201 бояд бо лағви боҷи гумрукӣ ҷуброн мешуданд, ки ҳоло ба назар мерасад, инро ҳам русҳо қабул надоранд. Вай афзуд, русҳо мехоҳанд танҳо кӯмакҳои низомӣ расонанд ва ба нақшаҳои бузурги «Газпром» халале ворид нашавад.

Мулоқоти Сергей Лавров бо Эмомалӣ Раҳмон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:59 0:00
XS
SM
MD
LG