Русия ният надорад баъди анҷоми амалиёти нирӯҳои байналмилалии посдори сулҳ дар Афғонистон дар охири соли 2014 нирӯву сармояи бештарро ба Тоҷикистон равона кунад. Ин андешаро вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров рӯзи чоршанбе, 23 январ дар нахустин нишасти матбуотиаш дар соли 2013 дар Маскав, изҳор кард. Дар посух ба саволи марбут ба ҳамкориҳои минбаъдаи Русияву Тоҷикистон баъди хатми амалиёти низомӣ дар Афғонистон ва болоравии таҳдидҳои амниятӣ дар ин минтақа ӯ гуфт, “дар марҳилаи кунунӣ ҳеҷ барномаи тавсеаи нирӯҳо ва сармоя дар назар нест”.
Ба гуфтаи вазир, “тамоми тадбирҳои андешидашуда аз ҳисоби дӯстони тоҷикистонии мо амалӣ хоҳанд шуд”. Сергей Лавров инчунин гуфт, ки дар ҳайати хадамоти марзбонии Русия дар Тоҷикистон мушовирон амал мекунанд ва инчунин пойгоҳи низомии ин кишвар чун пояи назму субот ва ҷузве аз тавонмандиҳои ҷангии Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ дар минтақа ҳузур доранд.
Лавров таъкид кард, ки феълан ҳеҷ барномаи истифодаи фаъолонаи пойгоҳ дар назар нест, вале «пойгоҳ ба ҳамеша дар ҳолати омодабош» қарор дорад, гуфт ӯ.
То охири соли 2014 нирӯҳои байналмилалии посдори сулҳ ба раҳбарии НАТО ният доранд хоки Афғонистонро тарк ва масъулияти таъмини амниятро дар ин кишвар ба дӯши артиши миллӣ, полис ва дигар воҳидҳои низомии ин кишвар вогузор кунанд. Вале дар миёни коршиносон ва ҳам ҳукуматҳои Ғарбу Аврупо ин андешае вуҷуд дорад, ки баъди тарки кишвар кардани нирӯҳои хориҷӣ, вазъи амниятии Афғонистон ва ҳам минтақаи Осиёи Марказӣ вахим хоҳад шуд. Инро мақомоти Тоҷикистон ва Русия ҳам эътироф мекунанд. Соли 2012 Маскаву Душанбе ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар хоки Тоҷикистонро то 30 соли дигар тамдид кард.
Пойгоҳи 201 қариб 7000 сарбозу афсар дошта, воҳидҳои низомиаш дар Душанбе ва Кӯлобу Қӯрғонтеппа мустақар шудаанд. "Созишнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар бораи мақом ва шартҳои будубоши пойгоҳи ҳарбии Русия дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон” рӯзи 5 октябри соли 2012 дар ҷараёни боздиди раисиҷумҳури Русия Владимир Путин аз Душанбе имзо шуд. Ин қарордод замони будубоши пойгоҳи Русия дар Тоҷикистонро дастикам то соли 2042 тамдид мекунад.
Радиои Озодӣ