"Ҳамсояҳо ҳам аз тарс он занро ба хона роҳ намедоданд"

Акс аз бойгонист.

Биное дар маркази шаҳри Бохтар чанд ҳафтаи гузашта ба хонаи муваққатии Бозоргул табдил шуд. Ӯ бекасу кӯй нест, падару модар ва шавҳар дорад, модари ду кӯдак аст. Вале баъди ҳафт соли оиладорӣ дар як ҳолати афсурдагӣ дар ҷустуҷӯи осоишу танаффус аз мушкилоти рӯзгор барои 15 рӯз ба паноҳгоҳи муваққатии бонувони хушунатдида рафт.

Наздиконаш дар бораи паноҳгоҳи Бозоргули 34-сола дар тамоми ин муддате хабаре надоштанд. Шавҳар гумон дошт, дар хонаи волидон аст, волидон дар андешаи ин буданд, ки духтар дар хонаи худаш аст.

Ин зан мегӯяд, ба ин даргоҳ огоҳона омад, чун дардаш кӯҳна шуд. Аз солҳои аввали оиладорӣ зери мушту лагади шавҳар буду хушдоманаш ҳам дар азияти арӯси бетаҷрибаву ҷавон нақши фаъол дошт.

Ҳамла аз чанд ҷабҳа, шавҳар, хушдоман ва дигарон

Набуди ҳунари ошпазиву хонадорӣ баҳонаи солҳои аввали латукӯбу моҷароҳо мешуд. Мегӯяд, он замон худро бо он таскин медод, ки шояд таваллуди фарзанд дар зиндагии оилавии ӯ гармие эҷод мекунад, вале чунин нашуд.

Дар хонаи волидон ҳам намегунҷид - он ҷо аз ҳисоби бародару келинҳои серфарзанд барои ӯ ҳуҷраи озоду нафаси тозае нест. Бисёр вақт худро мазаммат мекунад, ки шавҳари ояндаашро ошиқ шуда худаш интихоб карда буд.

Дар Тоҷикистон зӯроварӣ ба зан як кори маъмул ба ҳисоб меравад.

Фикр мекунад, агар волидон сабаби хонадоршавии ӯ мешуданд, забонаш дарозтару зиндагии беҳтаре медошт. Бозоргул дар як сӯҳбати самимӣ бо хабарнигории Радиои Озодӣ ҳоли худро чунин баён кард: “Падару модарам мегӯянд, ки ҷудо шуда кӯдакҳоро монда биё. Вале ман кӯдакҳоямро наметавонам дар хонаи шавҳарам монам. Бо кӯдакҳо хонаи падарам

Шавҳараш вақти маст будан ӯро пайдо карда, боз ҳам лату кӯб мекард. Ҳолате шуд, ки ҳатто ҳамсояҳо ин занро дигар дар хонаашон роҳ намедоданд, метарсиданд.

ҳам рафта наметавонам”.

Шавҳари Бозоргул солҳои пеш ба Русия барои кор мерафт ва вақте аз қаламрави ин кишвар ихроҷ шуд, ноилоҷ дар хона монд ва ҳоло аз роҳи корҳои муваққатию камдаромад зиндагиро пеш мебарад. Сахтиҳои зиндагӣ боиси моҷарову азияти ҳамсар мешавад.

Азиятҳои пайваста аз дасти шавҳар Бозоргулро мӯҳтоҷи духтури деҳа кард ва ниҳоят ҳамин духтур машварат дод, ки барои гирифтани ёрии ҳуқуқӣ ба идораи занон муроҷиат кунад. Дар ин идора ба Бозоргул машварат доданд, ки муддате дар паноҳгоҳ бимонад:

“Ба ман гуфтанд, ки бояд бо шавҳарам кор кунанд, яъне ба ӯ фаҳмонанд, ки бо ман созиш кунад. Чанд рӯз бо кӯдакҳоям танҳо будам ва дар ин муддат масъулон бо шавҳару хонаводаи шавҳарам кор карданд. Ҳоло боз дар хонаи шавҳар ҳастам. Хаёлам, зиндагӣ каме хуб шудааст.”

Орзуи бузург не, орзуи содда, оромиш дар хонавода

Ягона орзуи ин зани ҷавон оромиш дар хонаи шавҳар ва зиндагии оддӣ ва солим аст. Орзуе, ки ҳар як зани дигар дорад. Бозоргул мегӯяд, эҳсос мекунад, ки суҳбати ҳуқуқшиносону кормандони идораи занон бо шавҳару хушдоманаш фоида кардааст.

Мисли Бозоргул аз оғози соли ҷорӣ 19 зани дигари сокини вилояти Хатлон дар паи мушкили зиёду хушунати хонаводагӣ барои додхоҳӣ дари созмонҳои иҷтимоиро кӯфтаанд. Ин занҳо баъди нигаҳдорӣ дар паноҳгоҳи муваққатӣ ва то ҳалли низоъ дар хонаашон дар паноҳгоҳ мондаанд.

Акс аз бойгонӣ

Ин муассиса, ки зери назари ҳукумати маҳаллӣ ва ҳам созмонҳои иҷтимоӣ амал мекунад, хонаи зисти муваққатиро мемонад: ошхонаву ҷои хоб, хонаи бозии кӯдакон, ҳавлӣ дорад ва бо занҳову кӯдаконашон равоншиносон, ҳуқуқшинсон ва ҳам мутахассисони мушкилоти иҷтимоӣ сӯҳбатҳо мекунанд.

Ҳадафи онҳо ба зиндагӣ дилгарм кардани занон, кӯмак дар эътимод ба нирӯву тавони худ ва бозгашт ба хона ба хотири идомаи зиндагии солим аст. Ҳамроҳ бо модарон дар ин муассиса соли ҷорӣ 21 тифл ҳам нигаҳдорӣ шудааст.

Мавҷуда Шарипова, мудири созмони иҷтимоӣ ва буҳронии “Ғамхорӣ” дар шаҳри Бохтар мегӯяд, ки қабл аз интиқоли занон ба паноҳгоҳи муваққатӣ масъулини идораи занон, пулис ва ниҳодҳои дигари дахлдор бо ваъзи зиндагии онҳо шинос мешаванд ва танҳо баъд онҳоро зери боми ин муассиса ҷой медиҳанд.

Шеваҳои кӯмак ба занони озору азиятдида

Ӯ усули кори марказро чунин тасвир кард: “Идораи занону нозирони минтақавӣ меомӯзанд, ки агар то тағйири вазъи хонавода ҷои муваққатии зист дошта бошанд, онҳоро ба паноҳгоҳ намебарем. Вале агар ҷое барои рафтан надошта бошанд, онҳоро бо кӯдаконашон ҷалб карда, мутахассисони мо дар хонаи шавҳар бо аъзои хонавода кор мекунанд" .

Ба қавли Мавҷуда Шарипова, тавсияу фаҳмонидан як роҳи дигари аз байн бурдани озору азияти занон аст.

"Зан дар марказ ё пагоҳгоҳ зери назари равоншиносон, духтурону ҳуқуқшиносон мешавад ва табобат мегирад. Талош мекунем, ки ба хонаводаи шавҳар ҳуқуқи келинро фаҳмонем ва онҳо келинро дубора қабул кунанд. Бо нафаре, ки ба занон зӯровариро раво мебинад, ҷудогона кор мекунем” - мегӯяд, ӯ.

Мавҷуда Шарипова гуфт, ки кор бо ҳар як хонавода хеле муфассал сурат мегирад: зиндагии занон бо ҷузъиёташ омӯхта шуда ҳолати равониаш ба эътибор гирифта мешавад. Ба гуфтаи ӯ, ҳолатҳое кам нест, ки занон дар ҳолати сангини равонӣ барои кӯмак муроҷиат мекунанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Агар зан нофармонӣ кард, баъд мезанем" ВИДЕО

Фаъолони иҷтимоӣ мегӯянд, бо ин ки кори муфиде барои хонаводаҳои дучори мушкил анҷом медиҳанд, бархе, бахусус мардон, вуҷуди чунин як маркази ёрӣ ба занонро нодуруст шарҳ медиҳанд ва вақте мешунаванд, ки ҳамсаронашон дар ҳолати мушкили равонӣ ва баъди латукӯбҳои онҳо ба ин ҷо омаданд, зиндагии наздиконашонро боз ҳам печидатар мекунанд.

Дигар ҳамсояҳо ҳам занро аз тарс роҳ намедоданд

Райҳона Ҳақбердиева, роҳбари созмони ҷамъиятии “Дилафрӯз” дар шаҳри Бохтар, ки бо занони хушунатдида кор мекунад, гуфт, дар таҷрибаи худ бисёр дидааст, ки бархе шавҳарҳо вақте огаҳ шуданд, ки ҳамсарашон на дар хонаи падар, балки дар паноҳгоҳи барои онҳо ноошно зиндагӣ мекунад, мушкилро дучанд бештар мекунанд.

Вале ҳамин воқеият Райҳона Ҳақбердиеваро ба кораш дилгарм мекунад, ки ёрии мутахассисон ба бонувони озордида натиҷаи мусбат медиҳад. Ӯ дар мисоли як зан аз рустои дурдаст гуфт:

“Аз ноҳияи Хуросон зани ҷавонро, ки шавҳараш зиёд машрубот менӯшид ва маст омада занро лату кӯб мекард, ба марказ бурдем. Ин зан чандин маротиба ба хонаи ҳамсояҳо, ба хонаи падараш паноҳ мебурд, вале шавҳараш вақти маст будан ӯро пайдо карда, боз ҳам лату кӯб мекард. Ҳолате шуд, ки ҳатто ҳамсояҳо ин занро дигар дар хонаашон роҳ намедоданд, метарсиданд.”

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Раиси UNDP дар Тоҷикистон: "Бадрафторӣ бо занон ҷиноят аст" ВИДЕО

Хонум Ҳақбердиева гуфт, ки намояндагони пулис, идораи занону мақомоти ноҳияи Хуросон бо шавҳари ин зан кор карданд. Дар ҷараёни кор “ҳатто дӯстоне, ки ин мардро ба нӯшидани машрубот даъват мекардаанд, огаҳӣ гирифтанд”. Ба гуфтаи ӯ, дар натиҷа мард шеваи зиндагиашро тағйир дод ва зан ҳоло хушбахт аст.

Масъулон мегӯянд, дар сӯҳбат бо мардони озордиҳанда шурӯъ аз сӯҳбат дар бораи мушкилоти мавриди нигаронии онҳо ва таҳдиди муҷозоти ҷиноӣ барои хушунат, дар бораи ҳақу ҳуқуқи занон ҳам мегӯянд, то ки ин мардон бидонанд, ки ҳамсаронашон ҳақ доранд ба додгоҳ муроҷиат кунанд.

Тарс аз шикоят, монеи рафъи хушунат шудааст

Ҷомеашиносон мегӯянд, ки дар рустоҳои Тоҷикистон, занон шикоят аз мардро ҷоиз намешуморанд. Аз сӯи дигар, эҳсоси тарс доранд, ки аз мақомот додхоҳӣ кунанд, чӣ расад ба зиндагӣ дар паноҳгоҳ.

Бисёре бар асоси мақоли маъруфи “сари кафида таги тоқӣ” амал карда, азияту мушкилотро дар худ фурӯ мебаранд ва таҳқиру дардро таҳаммул мекунанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Куштор дар бозор. Мард барои қатли ҳамсар 12 сол зиндонӣ шуд

Барои бисёриҳо шикоят аз мушкилот бо шавҳар нанг аст, чун фардо зиндагӣ метавонад ба маҷрои маъмулӣ баргардад ва шавҳар - пуштупаноҳ ва такягоҳи зан аст. Зани шикояткунанда аз шавҳарро ҷомеа зиёд пуштибонӣ намекунад, чунки оиладорӣ ва соҳиби шавҳар будан барои бисёр духтарон танҳо ва ягона ормони зиндагӣ аст.

Як пажӯҳиши созмонҳои иҷтимоӣ муайян кардааст, ки дар 12 моҳи соли 2017 ва се моҳи аввали соли 2018 ба чаҳор созмони иҷтимоӣ дар Хатлон 992 нафар зани хушунатдида муроҷиат кардаанд.

Дар сӯҳбатҳо 409 нафари онҳо аз хушунати шавҳар, 385 нафар аз хушунати узви хонаводаи шавҳар ва 189 нафар аз хушунати равонии хушдоманҳо шикоят кардаанд. Аксари ин занон баъди солҳо азияту моҷароҳо ба ин ҷо омадаанд.