Рӯзе аз панҷ то ҳафт зани тоҷик аз зарбу лат ва озору азияти шавҳар ва хешу табори онҳо ба Шамъигул Аминова шикоят мекунанд. Шикоят гоҳе телефонӣ ва гоҳе дар суҳбати рӯбарӯ баён мешавад.
Зани ҷавоне муроҷиат кард, ки ҳомила буд. Гуфт, дар пайи ҷанҷоли оилавӣ ӯро аз хонаи шавҳар ронданд ва волидонаш хостанд, ки исқоти ҳамл кунад.
Шамъигул Аминова равоншиноси "Маркази захиравӣ оид ба масъалаҳои гендерӣ ва пешгирии зӯроварӣ дар оила” аст, ки барои занони хушунатдида машварати равонӣ ва ҳуқуқӣ медиҳад.
- Тоҷикистон якҷо бо созмонҳои мудофеи ҳуқуқи занон аз 24-уми ноябр то 12-уми декабр маъракаи “16 рӯзи зидди зӯроварӣ”-ро роҳандозӣ кардааст.
"Дар миёни чор дарё"
Рӯзи кории равоншинос аз панҷ то ҳашт соат давом мекунад. Шамъигул Аминова мегӯяд, ки баъзан соатҳои кориаш сахту тӯлонӣ мегузаранд. Ҳар зан сарнавишту саргузаштҳои худро дорад. Барои қазовати дурусти мушкили ҳар нафар бояд решаҳои моҷаро, табиати масъала ва воқеиятҳои дигар ба эътибор гирифта шавад.
Равоншинос мегӯяд, дар ниҳоят масъулияташ ин аст, ки ҳар нафарро аз ҳолати сахти афсурдагиву хашму ғазаб берун оварда, ором намояд ва барои қабули қарори дуруст мусоидат кунад.
Гузориши видеоиро дар инҷо бубинед:
Ба гуфтаи Шамъигул Аминова, занон бештар аз хушунати ҷисмониву равонӣ ва шаҳвониву иқтисодӣ шикоят мекунанд. "Ҳафтае пеш зани ҷавоне ба мо муроҷиат кард, ки ҳомила буд. Гуфт, дар пайи ҷанҷолҳои оилавӣ ӯро аз хонаи шавҳар ронданд ва волидонаш хостанд, ки исқоти ҳамл кунад. Вақте ба чунин занон фаврӣ ёрии равониву ҳуқуқӣ мерасонед, аз тасмимҳои бади худ даст мекашанд ва ноумедиро канор мегузоранд", - нақлр кард равоншинос рӯзи 24-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.
Шамъигул Аминова мегӯяд, аз саргузашти бисёре аз занон бармеояд, ки ҳанӯз ҳам қолабҳои шахшуда дар хонаводаҳо зиёданд ва намегузоранд, ки зиндагии осудаву ороме дошта бошанд.
"Шавҳарам фавтид, маро аз хона берун карданд, чӣ кор кунам?"
Дар маркази пешгирӣ аз зӯроварӣ дар оила ҳуқуқшиносҳо ҳам омодаи машварат ба ҷабрдидаҳои хушунати хонаводагӣ ва занони корафтода ҳастанд.
Мукаррама Қаландарова, як зани тоҷик, гуфт, бо сад умед ба ин марказ барои кумакхоҳӣ омадааст. Ӯ чанд сол пеш шавҳарашро аз даст дод ва бо писари 14-солаи худ дар кӯча монд. Хешовандони шавҳараш нахостаанд, бо ӯву писараш якҷо зиндагӣ кунанд.
Қаландарова борҳо барои маскун шудан дар хонаи шавҳари марҳумаш талош кард, аммо ба рёдаш фарёдрасе пайдо накард. Мегӯяд, солҳои аввал бародараш ба ӯ кумак мекард, ҳоло дигар вазъи молии ӯ ҳам бад шуд ва дубора дар кӯча монд. "Ҳуқуқшиноси марказ ба ман машварат дод, аризаҳоеро, ки қаблан навишта будам, дубора ба ниҳодҳои дахлдор супорам. Дар сурати посух нагирифтан, метавонам аз болои онҳо ба додситонӣ шикоят кунам”, - гуфт ӯ.
Мушкили кору хона.. бар замми хушунат
Мисли ин зан танҳо дар нуҳ моҳи имсол ҳудуди 9 ҳазор зан ба Кумитаи занон ва оила шикоят карда, гуфтаанд ё дар хонаи шавҳар хушунат дидаанд ва ё барои дарёфти ҷои кор ва манзил мушкил доранд.
"Маркази захиравӣ оид ба масъалаҳои гендерӣ ва пешгирии зӯроварӣ дар оила" дар назди Кумитаи кор бо занон дар ҳамкорӣ бо "Бунёди авруосиёии Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон" таъсис ёфта, аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад. Корафтодаҳо аз тариқи телефонии боварии 1313 метавонанд машварати бепул гиранд.
Мавлуда Ҳусейнова, ҳуқуқшиноси ин марказ мегӯяд, бо вуҷуди он ки ба занони корафтода маслиҳатҳои равониву ҳуқуқӣ медиҳанд, ҳеҷ гоҳ ба ҷои ҷабрдидаҳо тасмим намегиранд. Ин ҳуқуқшиноси ботаҷриба мегӯяд, имрӯз ҳам на ҳар як зан ҷуръат дорад, ки мустақилона дари идораи милиса ва ё мақомоти ҳифзи ҳуқуқро бикӯбад ва ё бо шавҳар сар ба сар шавад.
"Намедонанд, мушкилро чӣ гуна баён кунанд"
"Баъзе муроҷиаткунанда намедонад чӣ хел бозу равшан мушкилро гӯяд. Дар инҷо равоншинос кумак мекунад. Баъдан мо аз лиҳози ҳуқуқӣ ёрӣ мерасонем. Агар зӯроварии ҷисмонӣ шудааст, мегӯем, ки ташхиси тиббӣ-додгоҳӣ кунад. Дар асоси он метавонад ба нозирони минтақавии маҳал муроҷиат намояд. Баъдан чораандешӣ тибқи қонун сурат мегирад”, - шарҳ дод ӯ.
Ин ҳуқуқшинос, таъсиси ҳар гуна марказҳои равониву ҳуқуқиро барои кумак ба занони хушунатдида дар шароити кунунӣ барои Тоҷикистон муҳим донист. Ӯ гуфт, афзоиши чунин марказҳо метавонад дар баробари хадамоти бепули равониву ҳуқуқӣ, дар додгоҳҳо аз мавқеи занони хушунатдида дифоъ кунанд. Ҳоло дар Тоҷикистон 110 маркази бӯҳронӣ ва машваративу ҳуқуқӣ фаъолият дорад.
Бисёре аз созмонҳои байналмилалӣ пайваста аз мавридҳои зиёди хушунати хонаводагӣ алайҳи занон ва духтарон дар Тоҷикистон интиқод карда ва аз давлати Тоҷикистон даъват мекунанд, барои аз миён бурдани ин падида иқдом кунад.
Даҳҳо зан дар бемористон бистарӣ шуданд. Чаро?
Бар асоси омори расмии мақомот дар як соли охир беш аз 130 зану духтари тоҷик дар пайи хушунати хонаводагӣ дар бемористонҳо бистарӣ шуда, таҳти назорати пизишкон қарор гирифтаанд. Аз инҳо 40 нафар ба зӯроварии равонӣ, 14 нафар ба зӯроварии иқтисодӣ ва ҳафт нафар ба зӯроварии шаҳвонӣ дучор шудаанд.
Мақомот гуфтанд, ки қурбониёни хушунат танҳо пас аз онки натавонистанд дар шароити хона вазъи худро беҳ намоянд, ба бемористонҳо мераванд.
Ба иттилои созмонҳои мудофеи ҳуқуқи занон дар Тоҷикистон ҳар рӯз ҳадди ақал ду шикоят аз хушунати хонаводагӣ ба дасти онҳо мерасад. Аммо на ҳамеша заноне ки мавриди хушунату бадрафторӣ қарор мегиранд, ба ниҳодҳои давлатӣ ваё созмонҳои иҷтимоӣ муроҷиат мекунанд. Дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳамоно бисёриҳо ба ин фикранд, ки гапи хона ба берун набарояд. Вале гоҳе чунин пинҳонкорӣ бо фоҷиа меанҷомад. Соли 2017 дар кишвар ҳудуди 500 ҳодисаи қасди худкушӣ ва худкушии занон сабт шудааст. Мақомот гуфтанд, бахши умдаи ин занон дар пайи хушунати хонаводагӣ қасд ба ҷони худ кардаанд.