Вазири тоҷик: дар равобити Душанбе ва Маскав мушкиле нест. Оё чунин аст?  

Сироҷиддин Муҳриддин

Дар равобити Тоҷикистон ва Русия ягон мушкили ҷиддӣ ҷой надорад ва муносибати Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин "дӯстона ва бародарона" аст.

Ин нуктаро Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар пахши мустақими Шабакаи аввали телевизиони Русия баён карда, дар ин бора хабаргузории русии ТАСС гузориш додааст.

Ба эҳтимоли зиёд суоли асосии шабакаи русӣ аз вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба баргузор нашудани бозии футбол байни дастаҳои мунтахаби Русия ва Тоҷикистон будааст, ки расонаҳо онро "саркашии варзишгарони тоҷик аз бозӣ бо русҳои зери таҳрим" номидаанд.

Муҳриддин худдории Федератсияи футболи Тоҷикистонро аз ин бозӣ ба банд будани футболбозони тоҷик дар моҳи ноябр рабт додааст. Вай умедворӣ кардааст, ки ин бозии дӯстона дар вақти дигар баргузор мешавад.

"Дар дигар масъалаҳо мо бо ҷониби Русия ягон мушкил надорем,"-изҳор доштааст Сироҷиддин Муҳриддин.

Изҳороти вазири корҳои хориҷӣ дар ҳолест, ки тайи ҳафтаҳои охир норозигии тарафи Тоҷикистон аз бархӯрди мақомоти Русия бо муҳоҷирони тоҷик афзудааст. Аз ҷумла Сарвазир Қоҳир Расулзода рӯзи 4-уми октябр аз бадрафторӣ бо муҳоҷирони тоҷик дар Русия изҳори нигаронӣ кард. Худи вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти ҳамтоёнаш аз кишварҳои узви ИДМ дар Маскав аз нақзи ҳуқуқи тоҷикон, бавижа донишҷӯёну муҳоҷирон хабар дод. Ӯ бе зикри номи кишваре гуфт, "бархӯрди ҳамаҷониба, дақиқ ва шаффоф дар ҳалли масъалаҳои муҳоҷират зарур аст." Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ҳам 11-уми октябр аз поймолшавии ҳуқуқ ва озодиҳои муҳоҷирони тоҷик дар Русия изҳори нигаронӣ кардааст. Муҳоҷирони тоҷик, ки шумораашон дар Русия аз як миллион бештар гуфта мешавад, баъди ҳамла ба “Крокус” аз тафтишу ихроҷҳои беасос аз Русия шикоят доранд.

Дар гуфтугӯ бо Шабакаи аввали Русия рӯзи 13-уми октябр Сироҷиддин Муҳриддин робитаи роҳбарони Тоҷикистон ва Русияро "комилан хуб, дӯстона ва бародарона" хонд. "Ҳамеша чунин буд ва хоҳад буд,"- илова кард вазири корҳои хориҷӣ.

Тоҷикистон ва Русия ҳамдигарро шарики асосии стратегӣ медонанд. Тоҷикистон дар доираи чанд созмони минтақаӣ яке аз кишварҳои ҳамкору ҳампаймони Русия аст ва дар бештари маврид аз иқдомҳои ин кишвар ҷонибдорӣ мекунад. Бузургтарин пойгоҳи заминии низомии Русия дар хориҷ низ дар Тоҷикистон ҷойгир аст.

Ҳар сол садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои кору даромади бештар ба Русия мераванд. Зиёда аз як соли охир тафтишу боздошти онҳо афзудааст. Ин вазъ пас аз ҳамлаи 22-юми марти имсол ба "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав шиддат ёфт. Мақомоти қудратии Русия беш аз 20 нафар, асосан зодагони Тоҷикистонро бо гумони содир кардани ин ҳамла боздошт карданд. Чор шаҳрванди Тоҷикистон омилони асосӣ эълон шуданд. Аммо шиканҷаи боздоштшудаҳо ва пешниҳод нашудани далелҳои раднопазир гунаҳкор будани шаҳрвандони Тоҷикистонро зери суол бурдааст.