Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Аз Русия дилсард шуда, ба Аврупо рафтам." Рӯзгори муҳоҷир


Аз Русия дилсард шуда, ба Аврупо рафтам" (Рӯзгори муҳоҷир#28)
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:33:42 0:00

Ҷонибек Латипови 44-сола, дар оилаи омӯзгор ба дунё омадаааст. Нобасомониҳои он замон ва тангдастии хонавода боис шуд, ки баъди хатми мактаби миёна натавонист дар донишгоҳ дарс хонад ва ба сафи муҳоҷирон пайваст.

Ду соли ахир дар роҳҳои Аврупо мошини боркаш меронад. Ӯ аз шароити кору зиндагӣ гила надорад, вале дурӣ аз волидайн ва ҳамсару фарзандон дилашро ҳар замон мефишорад.

Ҳамонгуна ки мусоҳиби мо дар сӯҳбаташ ишора намуд, ӯ аз нисф зиёди умрашро дар ғарибӣ пушти сар кардааст. Таҷрибаи кор дар берун аз Тоҷикистон ба мисли садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик барои қаҳрамони мо ҳам аз Русия шурӯъ шуд. Дар соли 2000-ум замоне, ки 20 сола буд ба ин кишвар рахти сафар баст.

Ба нақли Ҷонибек, дар тамоми муддати кор дар Русия талош мекард, ки қонуни он кишварро риоя кунад. Аммо сарфи назар аз ин мақомоти Русия номи ӯ чанд маротиба ба рӯйхати афроди ихоҷшуда ва мамнуъулвуруд афтид.

Қаҳрамони мо гуфт, агар бо мушкилоти ҳуҷҷатгузорӣ дар Русия дучор намегашт, даргумон аст, ки ба фикри иваз кардани макони доимии зиндагиаш мешуд. Дар асл ӯ аз чунин гардиш дар сарнавишташ хушнуд аст.

Ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, ки дар муддати ду соли кор ҳудуди 13 давлатро тай кардааст мегӯяд, боре ҳам шоҳиди муносибати баду дурушти мардум дар Аврупо нашудааст. Суҳбати мо бо Ҷонибек дар соатҳое, сурат гирифт, ки ӯ бояд бори фармоишшударо аз як кишвар ба кишвари дигар мерасонд.

Мусоҳиби мо, ки зиёда аз ду даҳа мешавад, ризқашро берун аз Тоҷикистон пайдо мекунад, дақиқ намедонад, ки то чанд соли дигар дар ғарибӣ мемонад. Аммо аз таҷрибае, ки дорад мегӯяд, агар шахс соҳибкасб бошад, метавонад дар кишварҳои гуногун дар шароити созгор фаъолият намояд.

XS
SM
MD
LG