Тавре дар ин бора телеграм канали "Осторожно новости" хабар медиҳад, қарор дар бораи таъсиси ин гуруҳ дар нишасте бо ширкати мақомоти маҳаллӣ ва пулис гирифта шуд. Дар ин нишаст ҷилавгирӣ аз нақзи қонуни муҳоҷирон баррасӣ шудааст.
Ба иттилои манбаъ, аз ин ба баъд сокинони маҳаллӣ метавонанд ба ин гурӯҳ аз манзилҳое, ки дар он муҳоҷирон зиндагӣ мекунанд, шикоят баранд ва гуруҳ ба мақомот шикоятро расонад. Дар натиҷаи яке аз ин рейдҳо, нисбати 100 нафар аз муҳоҷирон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, 32 танро ихроҷ кардаанд.
Дар бораи ин гуруҳ иттилои бештаре гуфта нашудааст ва ҳам маълум нест, ки кори онҳо то кадом андоза қонунӣ аст. Дар Русия фишору азияти муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ бештар шудааст.
Садҳо муҳоҷири тоҷик низ аз таҳқиру озору азият дар Русия шикоят мекунанд.Тафтишҳо пас аз ҳамлаи террористӣ ба "Крокус Сити Ҳолл" дар моҳи март афзуд. Аз аввали сол ҳазорон тоҷикистонӣ ба Русия роҳ наёфтанд ва ҳазорон нафари дигарро аз ин кишвар ихроҷ карданд.