Пайравони фирқаи католики масеҳият шаби 24 ба 25 декабр дар Маркази фарҳангии Ватикан дар Тоҷикистон аз ҷашни милоди Масеҳ ё Крисмас таҷлил карданд. Вале ба фарқ аз солҳои гузашта раҳбарияти намояндагии Ватикан нагузошт, ки ҷараёни маросим аксу наворбардорӣ шавад.
Дар Инҷил, китоби муқаддаси масеҳиён таърихи мушаххасе барои таваллуди Исои Масеҳ зикр нашуда, он дертар аз тарафи яке аз ҳокимон таъин шудааст.
Педро Лопес, роҳиби калисои католикӣ ва намояндаи расмии Ватикан дар Тоҷикистон, шаби 24 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ин тасмим ба хотири амнияти калисо ва пайравонашон дар Тоҷикистон гирифта шудааст ва аз ин бештар шарҳу тавзеҳот надорад. Педро Лопес, ки мессаи ҷашниро қироат кард, гуфт, дар маросими имсолаи таҷлил аз милоди Исои Масеҳ беш аз 80 нафар иштирок карда, барои некӯаҳволӣ, саломати одамон ва сулҳ дар дунё дуо кардаанд. Аз рӯи одати католикҳо, инчунин, саҳнаи таваллуди Исои Масеҳ ба намоиш гузошта шудааст.
Падар Педро зодаи Аргентина аст ва 13 сол боз дар Тоҷикистон ҳамчун ходими дин фаъолият дорад. Дар Тоҷикистон каме бештар аз 100 пайрави фирқаи католики масеҳият ба сар мебаранд ва қисмати асосии онҳо намояндагони созмонҳои хориҷӣ ва сафоратхонаҳои муқими Тоҷикистон ҳастанд.
Католикҳо дар шаҳри Қӯрғонтеппа, маркази маъмурии вилояти Хатлон низ, як ибодатгоҳ доранд, аммо маълум нест, оё маросими таҷлил аз милоди Масеҳ ё Крисмас дар онҷо баргузор шудааст, ё не.
Пайравони муқимии фирқаи католик дар Тоҷикистон розӣ нашуданд, дар бораи иди милоди Масеҳ ё Крисмас сӯҳбат кунанд. Вале чанде аз роҳгузарон дар хиёбонҳои Душанбе гуфтанд, Крисмас дар кишвар чандон роиҷ нест ва барои ҳамин таваҷҷуҳ низ намешавад. Онҳо гуфтанд, асосан дар Тоҷикистон ин ақида роиҷ аст, ки милоди Масеҳ ба моҳи январ, яъне ба ивазшавии тақвим рост меояд.
Насрониҳо ҷашни милоди Масеҳро дар санаҳои гуногун – католикҳо шаби 24 ба 25 декабр ва фирқаи провослав ё ортодоксҳо 7 январ таҷлил мекунанд. Дар рӯзҳои Соли нав пайравони мазҳаби православ кӯлчақанду шириниҳо пӯхта, тухмҳои мурғро бо чандин ранг оро медиҳанд ва ба калисо меоянд. Ба наазри онҳо, яке аз фазилатҳои ин ид ёрӣ ба фақирон ва беморон будааст. Ҳамчунин навзодонро ба калисо оварда дар «оби муқаддас»-и дуохонишуда мешӯянд.
Аксар католикҳои ҷаҳон ҳанӯз тибқи суннатҳои дерина, ҳангоми фаро расидани таваллуди ҳазрати Исои Масеҳ ба унвони бахше аз ороиши Крисмас, саҳнаи таваллуди вайро месозанд, ки фазои даруни як оғил, Марями муқаддас, Довуд, Исои навзод ва чанд ҳайвони хонагӣ, аз ҷумла маркаб ё хар низ шомил мешавад.
Дар Инҷил, китоби муқаддаси масеҳиён таърихи мушаххасе барои таваллуди Исои Масеҳ зикр нашуда, он дертар аз тарафи яке аз ҳокимон таъин шудааст. Дар маҷмӯъ, ҳудуди 10 мазҳаби дини насронӣ дар Тоҷикистон фаъолият доранд, ки дар маҷмӯъ пайравони онҳо тақрибан як дарсади аҳолии кишварро ташкил медиҳанд.