Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Олмон... Андоз насупорӣ, гӯр ҳам намекунанд


Калисои католики Олмон эълон кард, католикҳое, ки аз супурдани андоз саркашӣ мекунанд, аз маросими дафн маҳрум хоҳанд шуд.

Бар пояи қонунҳои Олмон ҳар нафаре, ки худро ба ҳайси католик сабт намудааст, бояд аз даромади худ камаш 8-9 дарсад (фоиз) андоз супорад.

Ин қонун дар асри 19 тасвиб шуда ва 24 миллион католикҳои сабтиномшудаи Олмон бояд онро риоят кунанд. Вале як идда пайравони калисои католик талаб доранд, ки молиёт ё андози динӣ маҷбурӣ набошад.

Ба навиштаи хабаргузории ДПА-и Олмон, профессор Ҳартмуд Запп, мухолифи андозсупории иҷборӣ буда, таъкид кардааст, ки иртибот ба дину мазҳаб бояд бар пояи имон бошад, на муомилаҳои молӣ. Рӯзҳои наздик додгоҳи Олмон шикояти профессорро муҳокима мекунад.

Ба қавли коршиносон, агар даъвои Запп эътироф шавад, калисои католик ба тағйири низоми андозситонӣ маҷбур хоҳад шуд. Соли гузашта 126 ҳазор сокини Олмон эълон карданд, ки аз ин ба баъд католик нестанд ва талаб кардаанд, аз онҳо андози калисо ситонида нашавад.

Вале Калисои католик бори дигар таъкид кардааст, ки андоз набошад, дафни насронӣ ҳам нахоҳад шуд.

Хонандаи азиз, аз нигоҳи Шумо, ин масъала то куҷо дуруст аст? Оё дар Тоҷикистон ҳам қабули қонуни андози динӣ зарур аст, ё не? Хоҳишмандем, назару пешниҳодҳои худро дар пайи ин матлаб бинависед.
XS
SM
MD
LG