Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иллатҳои манъи «Шоҳидони Яҳво» дар Тоҷикистон


Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ахиран бо дархости додситонии кулл фаъолияти созмони масеҳии «Шоҳидони Яҳво»-ро дар қаламрави ин кишвар қатъ кард ва ҳамзамон фаъолияти ду созмони дигари мазҳабии масеҳиасосро барои се моҳ мутаваққиф сохт. Дар ҳамин ҳол мутавақиф шудани се созмони масеҳӣ дар Тоҷикистон дар муддати як ҳафта таваҷҷуҳи диндорон, сиёсатшиносон ва аҳли матбуотро ба худ ҷалб намудааст.

Мақомоти давлати Тоҷикистон мегӯянд, дар фаъолияти созмони «Шоҳидони Яҳво» мавориди нақзи қавонини кишварро ошкор кардаанд. Аз ҷумла, масъулини ин созмони мазҳабӣ бо далели даъвати ҷавонон барои сарпечӣ аз хидмати ҳарбӣ дар сафҳои Артиши Тоҷикистон муттаҳам мешаванд. Ҳамчунин, ба гуфтаи мақомот, гмояндагони «Шоҳидони Яҳво» алорағми муқаррароти қавонини Тоҷикистон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва ҳатто манозили маскунии шаҳрвандон таблиғоти мазҳабии худро анҷом додаанд, ки амр бо бандҳои Қонуни асосии Тоҷикистон муғойират доштааст.

Гуфта мешавад, дар соли 2002 низ Кумитаи вақти умури дини Тоҷикистон фаъолияти ин созмонро бо далели нақзи қавонини кишвар барои се моҳ муттавақиф карда буд, вале, ба гуфтаи мақомот, ин ҳушдор барои оғози фаъолияти қонунии созмони «Шоҳидони Яҳво» асаре надошт.

Барои дарёфти ташреҳи ин мавзӯъ аз сӯи намояндагони созмони «Шоҳидони Яҳво» дар Тоҷикистон талошҳои мо натиҷае надод. Аммо дар ҳамин ҳол Фёдор Жидников, раҳбари созмони минтақаии «Шоҳидони Яҳво» дар шаҳри Алматии Қазоқистон, ҳозир шуд дар як тамоси телефонӣ роҷеъ ба ин тасмими барои онҳо ғайримунтазираи мақомоти Тоҷикистон изҳори назар кунад. Нахуст, ӯ изҳор кард: «Мо тӯли даҳ соли мавҷудияти худ дар Тоҷикистон расман фаъолият доштем. Борҳо нишасту кунгураҳо гузаронидем ва ошкоро адабиёти мазҳабии худро, ки дар Олмон нашр шуда буд, паҳн кардем. Аммо ин амалкарди ахири мақомоти Тоҷикистон нисбат ба созмони тоҷикистонии «Шоҳидони Яҳво» то ҳол барои мо равшан нест. Мо, албатта, ин бархӯрди давлати Тоҷикистонро нақзи ҳуқуқи пайравони худ ва даст кашидани мақомоти ин кишвар аз раванди мардумсолорӣ медонем».

Оқои Жидников афзуд, ки ҳадафи аслии «Шоҳидони Яҳво» омӯзонидани Инҷил ба сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистон, аст. Вай мегӯяд, «шоҳидон» қабл аз ҳама адолат, низом ва поквиҷдониро меписанданд ва кӯшиш мекунанд, ки тавассути омӯзонидани Инҷил одамонро бохирад ва тавассути одамони бохирад пояи давлатҳоро устувор гардонанд. «Шоҳидони Яҳво», ба гуфтаи ӯ, бандаи қонун ҳастанд ва ҳамеша барои давлати худ ва Худои худ хидмат хоҳанд кард.

Фёдор Жидников бо изҳори таассуф иддаъо намуд, ки акнун онҳоро лозим аст аз рӯи ин амалкарди вазорати фарҳанг то ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон шикоят баранд.

Аммо дар раёсати умури дини Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, анҷумани «Шоҳидони Яҳво» қабл аз ворид намудани адабиёти мазҳабӣ ба ин кишвар намунаҳое аз ин адабиётро дар ихтиёри мақоми мазкур нагузошта ва аз онҳо иҷозаи расмӣ низ нагирифтааст.

Мақомоти Тоҷикистон дар оғози моҳи апрели соли равон паҳн намудани адабиёти мазҳабиеро, ки созмони «Шоҳидони Яҳво» ворид карда буд, мамнӯъ эълом дошт, ҳарчанд ин гурӯҳ, бар асоси гузориши ахири Амрико роҷеъ ба озодии мазҳабӣ, иҷоза ва асноди лозимиро дарёфт карда будааст. Гуфта мешавад, раёсати умури дин дар баёнияи хаттии рӯзи 15-уми июни соли 2007 ба «Шоҳидони Яҳво» навиштааст, ки ин адабиёт барои ҷомиъаи мусалмони Тоҷикистон асароти манфӣ дар пай хоҳад дошт ва аз ин рӯ аз паҳнсозияшон бояд парҳез кард.

Саидбек Маҳмадуллоев, масъули бахши диншиносии раёсати умури дин дар вазорати фарҳанг, сарфи назар шудани ин ҳама огаҳиномаҳои пешакии раёсати умури дин дар вазорати фарҳангро нақзи муқаррароти қонуни озодии эътиқод аз сӯи масъулони созмони «Шоҳидони Яҳво» медонад: «Додситонии кулл фаъолияти созмони мазкурро мавриди бозрасӣ ва таҳқиқ қарор дода буд. Вақте «шоҳидон» теъдоди зиёди адабиёти мубаллиғии худро ба Тоҷикистон ворид карданӣ шуданд, аз онҳо дархост намудем, ки нахуст теъдоди дақиқи аъзои худро ба мо маълум созанд, то мувофиқи теъдоди аъзои ин созмон ворид намудани адабиёташон ба кишварро тавсия бидиҳем. Тибқи оинномаи худ онҳо метавонанд адабиёти диниро аз хориҷи кишвар ворид кунанд ё дар дохили кишвар чоп намуда, миёни пайравони худ бо мақсади қонеъ намудани ниёзҳои рӯҳонии онҳо паҳн намоянд. Мутаассифона, раҳбари созмони «Шоҳидони Яҳво» то имрӯз барои мо теъдоди умумии тоҷикидон ва тоҷикихони пайравони худро на дар шакли хаттӣ ва на шифоҳӣ нагуфтааст».

Оқои Маҳмадуллоев афзуд, то имрӯз дар раёсати умури дин дар вазорати фарҳанги Тоҷикистон 86 созмони мазҳабии ғайриисломӣ сабтином шудааст. Аммо то ҳол далели рад шудани сабтиноми созмонҳои мазҳабӣ мушоҳида нагардидаанд.

Гуфта мешавад, ҳоло ҳудуди 200 000 пайравони масеҳият дар Тоҷикистон ба сар мебаранд ва аксари онҳо русҳо ва гурӯҳҳои қавмии дигаре будаанд, ки дар даврони Шӯравии собиқ ба ин ҷо муҳоҷир шудаанд. Пайравони калисои православии рус аз бузургтарин созмони масеҳии Тоҷикистон дониста мешавад. Баптистҳо, католикҳои румӣ, адвентистҳои рӯзи ҳафтум, протестантҳои куриёӣ бо ҷамъи ду калисои Сон-Мин ва «Шоҳидони Яҳво» аз созмонҳои дигари масеҳӣ будаанд. Аммо ахиран баста шудани як созмони миссонерӣ дар Тоҷикистон созмонҳои дигари масеҳиасоси мубаллиғро дар изтироб андохтааст.

Александр Давидов, раҳбари Иттиҳоди инҷилгароёни баптистӣ, ки созмони мазҳабии «Ҳаёти фаровон» ба он тааллуқ дорад, аз чунин ранг гирифтани кор дар ташвиш аст ва ин тасмими вазорати фарҳангро шурӯъи коҳиши обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар назди кишварҳои сармоягузор медонад. Вай мегӯяд, имрӯз созмони мазҳабии «Ҳаёти фаровон», ки фаъолияти он барои се моҳ мутаваққиф шудааст, дар самти ворид кардани адабиёт ва паҳн кардани он бо «Шоҳидони Яҳво» мушкили ҳамсон дорад: «Мо дар ташвиш ҳастем ва намедонем қадами минбаъдаи мақомот дар муносибат бо мо чи гуна хоҳад буд. Ҳадафи мо тафриқаандозӣ миёни мардуми мусулмони Тоҷикистон ва халал ворид намудан ба сиёсати дохилии ин кишвар набуд. Мо аз сиёсат ҷудо ҳастем ва чунин мешуморем, ки сиёсат кори мо нест».

Вале дар қиболи ин, бархе аз таҳлилгарони умури дин ва сиёсат дар Тоҷикистон низ аз мавҷудияти созмонҳои мубаллиғӣ нигарон ҳастанд. Онҳо ба ин маънӣ, иқдоми мақомоти Тоҷикистонро саривақтӣ ва ба сӯди мардуми мусалмони ин кишвар арзёбӣ мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки фаъолияти созмони мазҳабии «Шоҳидони Яҳво» ҳанӯз чанди соли пеш дар Русия, Фаронса, дигар кишварҳои урупоӣ ва давлатҳои исломӣ мамнӯъ шуда буд ва то ҳанӯз иҷозаи расмии фаъолиятро надорад.

Гуфта мешавад, «Шоҳидони Яҳво» ба гурӯҳи созмонҳои навпайдои масеҳӣ марбутанд, ки бо раҳбарии Чарлз Тейз Рассел дар нимаи дуввуми қарни 18 дар Амрико зуҳур кардааст ва таърихи он аз соли 1870 шурӯъ мешавад. Дар аввал «шоҳидон» худро Пажӯҳишгарони навиштаҳои муқаддас номидаанд ва дар соли 1931 ба худ номи «Шоҳидони Яҳво»-ро гирифтаанд. «Шоҳидони Яҳво» дар арзи як ҳафта се нишаст баргузор мекунанд ва дар он ба омӯзиши навиштаҳои муқаддас мепардозанд. Вохӯриҳо, тибқи навиштаи сафҳаи интернетии «Шоҳидони Яҳво», бо хондани дуо оғоз меёбад ва дар он ҳамчунин «сурудҳои динӣ» сароида мешавад. Ин созмон, тибқи иттилоъи масъулини вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз соли 1997 дар ин кишвар фаъолият доштааст. Бар изофаи ин, дар ҳар кишвари ҷаҳон беш аз 100 шуъбаи «шоҳидон» амал мекардааст, ки дар он коргарони ихтиёрӣ ба нашр ва паҳн кардани адабиёти мазҳабӣ машғул будаанд.

То имрӯз, ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, низ дар кӯчаҳои шаҳру навоҳии ин кишвар даҳҳо номгӯи китоб ва маҷаллоти «Шоҳидони Яҳво» ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ паҳн шудаанд, ки «Сторожевая Башня», «Пробудитесь», «Шоҳидони Яҳво» киҳоянд?» ва «Роҳ ба сӯи қуллаҳо» аз ҷумлаи инҳо будаанд. Дӯстмуҳаммади Дӯст, коршиноси умури дин ва сиёсат, «Шоҳидони Яҳво»-ро на танҳо ба шариати исломӣ, балки ба таълимоти динии гурӯҳе аз масеҳиён мухолиф медонад. Дар робита ба бастани созмони мазҳабии «Шоҳидони Яҳво» ӯ гуфт: «Қатъ кардани фаъолияти «Шоҳидони Яҳво» дар Тоҷикистон кори бамаврид буд. Зеро масъулони ин созмони мазҳабӣ куллия қонунҳои амалокунандаи кишвар оид ба дин ва иттиҳодияҳои диниро нодида гирифтанд ва шаҳрвандонро ба пайравии созмони худ, ки асоси таърихӣ надорад, ҷалб намуданд. Ҳатто дар баъзе маворид боъис ба нооромӣ ва азҳампошии хонаводаҳо гардиданд. Бо Ислом ва ҳамчунин аҳли масеҳият низ мухолифатҳо доранд. Зеро инҳо ба охират, дӯзах ва биҳишт бовар намекунанд. Ба ин хотир мехоҳанд, ки салтанати ҷаҳон дар дасташон бошад ва дар ҷаҳон мусаллат шаванду Биҳиштро дар рӯи Замин бунёд кунанд. Ба рӯҳ ва ҷовидонагии рӯҳ эътиқод надоранд, ки ин ҳам хилофи шариъати Ислом ва ҳам оини масеҳӣ аст. «Шоҳидон» аз китоби муқаддаси масеҳиён он бахшеро истифода мекунанд, ки ба яҳудиён писанд уфтода бошад. Гузашта аз ин, ин китоби муқаддасро ба гунаи худ ташреҳу тавзеҳ медиҳанд, на ба он шакле, ки рӯҳониёни православии рус шарҳ медиҳанд».

Дар ҳамин ҳол, раҳбари созмони минтақаии «Шоҳидони Яҳво» дар Алмаатӣ дар хусуси муносибаташон бо сиёсат гуфт: «Мо ба ҳеч ваҷҳ ба сиёсат мудохила намекунем. Фаъолияти мазҳабии «Шоҳидони Яҳво» аз дастгоҳи ҳукуматҳо ва сиёсати кишварҳо фарсахҳо дур аст ва мо кӯшиш мекунем, ки ба ҳангоми рӯ задани масоили сиёсӣ бетараф бошем».

Иддае аз таҳлилгарони тоҷик ҳам мегӯянд, то кунун аз кадом барномаи сиёсӣ ё изҳори сиёсии «Шоҳидони Яҳво» иттилоъе нашунидаанд, вале ба назари онҳо ин як созмони мубаллиғӣ мебошад ва имкон дорад тобишҳои сиёсӣ дар амали он вуҷуд дошта бошад. Дӯстмуҳаммади Дӯст, коршиноси тоҷик: «Инҳо гурӯҳи миссионерӣ ҳастанд. Ва ҳамаи ин гурӯҳҳо хостаҳои сиёсӣ доранд. Бахусус, дар ноором кардани вазъи ҷомеъаи Тоҷикистон метавонанд нақши муассире дошта бошанд. Бовар дорам, пас аз манъи фаъолияти худ «шоҳидон» ба амалиёти пинҳонӣ мегузаранд. Медонед, гурӯҳҳои мубаллиғӣ дар Тоҷикистон замоне сабтином шуданд, ки даврони беқонунӣ буд. Бисёрии созмонҳо аз даргириҳои дохилии Тоҷикистон суиистифода карданд. Як нукта бисёр ҷолиб аст: дар тӯли мавҷудияти худ православҳои рус дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон барои хотири ҷалб намудан ба оини масеҳӣ корҳои таблиғотиро миёни мардуми бумӣ анҷом надодааст. Аммо ин гурӯҳҳои миссионерии навпайдо, ки сиёсатбозӣ маҳаки аслии мавҷудияташон аст, аз нодории мардум истифода намуда, бархе аз сокинони фақиру нодори кишварро ба узвияти худ тавассути додани пул ҷалб карданд. «Шоҳидони Яҳво» ва мисли он созмонҳои дигари миссионерӣ, дар панҷоҳ соли оянда бузургтарин проблемаро барои Тоҷикистон эҷод мекунанд, агар онҳоро имрӯз набанданд. Бубинед, як Ҳиндустону Кашмирро. Инҳо тақрибан як миллату як забон ҳастанд, аммо бо динҳои мухталиф. Имрӯз ҳамдигарро метарконанд, мекушанд. Ин низоъи миллӣ нест, низоъи мазҳабӣ аст. Тасаввур кунед, агар 30 дарсади тоҷикистониҳо масеҳӣ бошанд, пас он гоҳ низоъҳо рӯ нахоҳанд зад?»

Гузориши ахири давлати Амрико дар бораи озодиҳои мазҳабӣ, низ пораҳоеро аз фаъолияти пурсарусадои «Шоҳидони Яҳво» овардааст. Ин гузориш мегӯяд, мақомоти шаҳрдории Душанбе дар моҳи апрели соли гузашта яке аз ҷашнҳои мазҳабии «шоҳидон»-ро, ки дар он беш аз 1000 нафар иштирок доштаанд, пароканда кардааст. Ҳамчунин ба навиштаи ин гузориш, давлати Тоҷикистон аъзои баъзе аз фирқаҳои масеҳиро муваққатан боздошт ва мавриди бозпурсӣ қарор додааст. Мақомоти давлатӣ, менависад ин гузориш, иддае аз сокинони маҳаллиро, ки ба масеҳият гаравида буданд, ба хиёнаткорӣ нисбат ба Ислом муттаҳам намудаанд.

Кумитаи амнияти миллӣ расман ба созмони «Шоҳидони Яҳво» расонидааст, ки аъзои ин гурӯҳ ба далели надоштани шиноснома ва иҷозаи мақомоти маҳаллӣ барои таблиғ дар шаҳри Қайроққум боздошт шудаанд. Дар моҳи июли соли 2006 ҳамчунин додгоҳи шаҳри Турсунзода як узви «Шоҳидони Яҳво»-ро барои тадриси улуми динӣ бидуни иҷозаи расмӣ ҷарима баст. Вале ба гуфтаи «Шоҳидони Яҳво» ин хонум бо як фарди дигари бузургсол дар манзили маскунии худ аз Инҷил суҳбат мекард. Ин қазия то ба Додгоҳи олӣ кашида шуд ва ин додгоҳ «Шоҳидони Яҳво»-ро ба пардохтани ҷарима маҳкум кард.

Таҳлилагарон мегӯянд, вуруди адабиёти мазҳабӣ феълан на танҳо кори созмони мазҳабии «Шоҳидони Яҳво», балки кори созмонҳои дигари масеҳӣ ва ғайримасеҳиро низ мушкил кардааст.

Қонуни озодии эътиқод мегӯяд, вуруди адабиёте, ки макони чоп ва теъдоди чопи китоб ва ё маҷалла сабт нашудааст, ғайриқонунӣ аст ва бо ин далел ҳазорҳо китобу маҷалла боздошт ва мавриди ташхису таҳқиқи масъулини раёсати умури дин қарор гирифтаанд. Фирӯза Шамсиева, муншии баҳоиёни Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, ки бояд куллияи созмонҳои динӣ ба қавонини кишвар эҳтиром қоил бошанд, агарчи иҷрои ин қонунҳо метавонад хилофи баъзе аз фармудаҳои ин ё он мазҳаб бошад. Вай ба он нукта ишора мекунад, ки чи гуна фаъолияти созмони мазҳабии «Шоҳидони Яҳво» бо далели даъват барои сарпечӣ аз хидмати ҳарбӣ, ки мухолифи Қонуни асосии кишвар будааст, боздошта шуд. Хонум Фирӯза афзуд, агар аз як сӯ ин тасмими мақомоти Тоҷикистон обрӯяшро дар сатҳи ҷаҳонӣ бикоҳонад, аз сӯи дигар барои таъмини амнияти аҳли ҷомеъаш лоилоҷ аст, ки чунин тасмимҳои ҷиддиро низ аз сар бигирад. «Ростӣ, то имрӯз муносибати нарм ва пайвандии созмонҳои динӣ бо мақомоти Тоҷикистонро мушоҳида накардем. Моро ҳамагӣ як бор ба раёсати умури дин даъват намуда ва гуфтанд, ки ҳуҷҷатгузориҳои худро ба низом оварем. Албатта, барои мақомот зарур аст, то бидонад, ки таълимоти мо сари чист ва мо аз шаҳрвандони ин кишвар чи мехоҳем. Мо бояд барои ҳамдигар бозу равшан бошем, то дар фаъолиятҳои минбаъда халале ворид нагардад. Ҳатто дар сурати пайдо шудани мушкиле якдигарро фаҳмем ва дастгирӣ намоем».

Зоҳиран маълум мешавад, ки мақомоти Тоҷикистон аз фаъолияти созмонҳои мазҳабӣ дар ҳаросанд ва мехоҳанд фаъолияти созмонҳоро таҳти контроли шадиди худ қарор бидиҳанд. Зубайдуллоҳи Розиқ, таҳлилгари масоили марбут ба Ислом, мегӯяд, мавҷудияти чунин созмонҳои бешумори динӣ дар Тоҷикистоне, ки 97 дарсадаш мусалмон аст, ба нафъи кор нахоҳад буд. Вай аз пайомадҳои нохуби гироиши сокинони Тоҷикистон ба фирқаҳои масеҳӣ ёдоварӣ мекунад ва мегӯяд ин созмонҳо имкон дорад, Тоҷикистонро ба як саҳнаи муборизаҳои ақидатӣ ва низоъҳои мазҳабӣ табдил диҳанд.

Баста шудани «Шоҳидони Яҳво», аз як сӯ, ва, аз сӯи дигар, эҳтимоли пешниҳод шудани қонуни ҷадид дар бораи озодии эътиқод ба порлумони Тоҷикистон созмонҳои мазҳабиро,ба истилоҳ, ба зону шинонидааст. Онҳо беш аз ҳама аз тасвиби ин қонуни ҷадид дар ҳаросанд, ки ба якборагӣ ҳуқуқҳои бархеи онҳоро маҳдуд ва бархеи онҳоро аз феҳристи созмонҳо бо далели ғайриқонунӣ будан ва ё узвияти кам доштанашон хат занад. Ба ин нигоҳ накарда, ахиран раҳбари мусалмонони Тоҷикистон низ ҳама пайравони дини исломро дар ин кишвар даъват намуд, ки ягонагии эътиқод ва назару ҷаҳонбинии худро нигоҳ доранд. Вай ҳушдор дод, ки кӯшишҳои ҷудоиандозӣ барои мусалмонони кишвар натиҷаи ҳузнангезро дар пай хоҳанд дошт. Ба гуфтаи ӯ, пайравони навбаромади ислом, ки дар кишварҳои арабӣ таҳти таъсиру нуфузи ҷараёни салафия қарор гирифтанд, кӯшиш мекунанд, то миёни мусалмонони тоҷик ҷудоӣ андозанд.

Вале гурӯҳе аз коршиносон бастан ва тахриби масоҷиди панҷвақта дар Душанбе, манъи ҳиҷобдорон ба донишгоҳҳои олӣ, маҳдудияти ширкати наврасон дар намози ҷамоъат, аттестатсияи имомхатибон, ҷорӣ кардани барномаҳои нави таълимии динӣ ва баста шудани созмони «Шоҳидони Яҳво»-ро ҳалқаи як занҷир медонанд ва мегӯянд, ҳукумат ба ин восита мубориза бо динро оғоз кардааст.

Бо ин ҳама, ба бовари иддае аз коршиносон, Тоҷикистон ба як саҳнаи таҳаввулоти мазҳабҳо табдил шудааст ва Худо кунад, ки оқибаташ ба хайр бошад.

XS
SM
MD
LG