Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷашни мавлуди Исои Масеҳ дар Тоҷикистон (2 ВИДЕО)


Ҷашни Мелоди Исои Масеҳ дар Душанбе
Ҷашни Мелоди Исои Масеҳ дар Душанбе

Насрониҳои католики Тоҷикистон иди мавлуди Исо паёмбарро дар Душанбе ҷашн мегиранд.

Роҳиби калисои католикии Душанбе Падар Педро дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ рӯзи 24−уми декабр гуфт католикҳои Тоҷикистон дар баробари католикҳои ҳамаи дунё шоми ин рӯз ҷашни мавлуди Исо паёмбарро ҷашн мегиранд. Вай гуфт дар ҷашни шоми ин рӯз онҳо интизор доранд, ки то 80 нафар аз пайравони католитсизм ҷамъ ҳоҳанд омад. Вай афзуд: “ҷашни мавлуд бо дуову ниёиш ва ибодати Худо оғоз мешавад. Баъдан хурдсолон як саҳначаро бозӣ мекунанд, ки аз таърихи таваллуди Исо паёмбар қисса мекунад. Намоиши ин гуна саҳначаҳо дар тамоми калисоҳои католикӣ аллакай расм шудааст”.

Падар Педро гуфт дар Тоҷикистон ба ҷуз аз Душанбе боз дар шаҳри Қӯрғонтеппа низ як колисои католикӣ фаъолият мекунад, ки дар он тақрибан 15 нафар аз пайравони католитсизим ибодат мекунанд ва онҳо низ ин шаб ба пешвози мавлуди исо Паёмбар ба калисо хоҳанд омад.

Роҳиби католикҳо мегӯяд пайравони католитсизм дар Тоҷикистон ҳамагӣ 100−110 нафаранд ва аксарияти онҳо шаҳрвандони хориҷие ҳастанд, ки дар Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунад. Боқимонда католикҳо аз намояндагони миллатҳое, ҳастанд, ки пайрави католитсизманд ва аз волидонашон, ки ба Тоҷикистон муҳоҷират кардаанд ин мазҳабро ба мерос гирифтаанд.

Падар Педро, роҳиби калисои католикии Душанбе
Падар Педро, роҳиби калисои католикии Душанбе

Падар Педро мегӯяд худ зодаи кишвари Аргентина аст ва 11 сол боз дар Тоҷикистон ҳамчун ходими дин фаъолият дорад: “дар ин ҷо ман худамро мисли дар зодгоҳам ҳис мекунам. Ҳам намояндагони ҳукумат ва ҳам мардум ба мо муносибати хуб доранд. Новобаста аз он, ки мо пайрави дини дигар ҳастем”.

Ҷашни мелоди Масеҳро пайравони Насрония дар санаҳои гуногун -- Католикҳо шаби 24 ба 25 ва православ ё ортодоксҳо 7− уми январ таҷлил мекунанд.

Дар рӯзҳои Соли нав пайравони мазҳаби православ кулчақанду дигар шириниҳо пухта, тухмҳои мурғро бо чандин ранг оро дода ба калисо меоянд ва нахуст афроди мӯҳтоҷро зиёфат медиҳанд. Яке аз фазилатҳои ин ид кӯмак ба фақирон ва беморон будааст. Ҳамчунин навзодонро ба калисо оварда дар «оби муқаддас»-и дуохонишуда мешӯянд.

Аксари католикҳои ҷаҳон ҳанӯз тибқи суннатҳои дерина, ҳангоми фаро расидани таваллуди ҳазрати Исои Масеҳ ба унвони бахше аз ороиши Крисмас, саҳнаи таваллуди вайро месозанд, ки фазои даруни як оғил, Марями муқаддас, Довуд, Исои навзод ва чанд ҳайвони хонагӣ, аз ҷумла маркаб ё хар низ шомил мешавад.

Дар Инҷил, китоби муқаддаси масеҳиён таърихи мушаххасе барои таваллуди Исои Масеҳ зикр нашуда, он дертар аз тарафи яке аз ҳокимон таъин шудааст. Аммо пайравони мазҳабҳои дигари масеҳият ин санаро қабул надоранд.

Ҷашни мавлуди Исои Масеҳ дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:02 0:00
Ҷашни Милоди Масеҳ дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:46 0:00

XS
SM
MD
LG