"Ваҳдат" дар Ваҳдат баргузор мешавад. ВИДЕО

Сокинони шаҳри Ваҳдат, 25-километрии шарқи пойтахти Тоҷикистон, ба таҷлили 20-умин солгарди имзои Созишномаи сулҳ омодагӣ мегиранд. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, 15 сентябр бо судури як фармон шаҳри Ваҳдатро макони аслии баргузории ин ҷашн муайян кард. Маросими аслӣ 27 июни соли 2017 дар варзишгоҳи ин шаҳр баргузор хоҳад шуд, ки 25 ҳазор ҷойи нишаст дорад.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Ваҳдат" дар Ваҳдат баргузор мешавад

19 сол пеш дар Маскав Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро имзо карда, ба ҷанги панҷсолаи дохилӣ хотима доданд. Шаҳри Ваҳдат, ки қаблан Кофарниҳон ва аз он пештар Орҷоникидзеобод ном дошт, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ истеҳкоми мухолифин ва майдони даргириҳои шадид миёни размандаҳои собиқ бо нерӯҳои ҳукуматӣ буд. Дар ҷангҳои байни ду тараф даҳҳо сокини мулкӣ кушта шуда ва гуруҳи зиёд ҳам муҳоҷир шуданд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Саид Абдуллоҳи Нурӣ

Танҳо баъди имзои Созишномаи сулҳ дар Маскав дар соли 1997 даргириҳо хотима ёфтанд ва бархе размандаҳои собиқ мухолифин ба сохторҳои қудратии ҳукуматӣ роҳ ёфтанд. Аммо бархе фармондеҳон шароити Созишномаи сулҳ ё оштии миллиро напазируфтанд ва бар асоси амалиёти нерӯҳои давлатӣ хунсо шуданд. Аз ин минтақа беш аз 10 ҷангсолор бо ҳукумат вориди даргирӣ буданд.

Аз ҷумла Ризвон Содиров, ки журналистон ва кормандони созмонҳои хориҷиро ба гарав гирифта буд. Содиров бо чанд фармондеҳи дигар дар даргирӣ бо нерӯҳои ҳукумат кушта шуданд ва чанд тани дигар аз Тоҷикистон фирор карданд. Аз ин рӯ, баргузории ҷашни Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Ваҳдат бештар хусусияти рамзӣ дорад. Соли гузашта ҷашни Ваҳдат дар шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии вилояти Бадахшон, таҷлил шуд, ки ҷангсолорони он низ дар солҳои ноороми 90-ум дар мухолифат бо ҳукумат қарор доштанд.

Сохтмони варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат ҷараён дорад

Сокинони шаҳри Ваҳдат мегӯянд, сулҳ ва оромиро дар ин минтақа дар баҳои ҷон ба даст овардаанд ва аз ҷашни Ваҳдати миллӣ дар соли оянда истиқбол хоҳанд кард. Як марди 60-солаи сокини шаҳри Ваҳдат гуфт, ки дар канори варзишгоҳ, макони аслии ҷашни соли оянда зиндагӣ мекунад. Ӯ гуфт, “дар инҷо рӯзҳои вазнинро дидем. Шоҳиди талафоти зиёд ҳам будем. Ҳоло оромӣ аст ва хурсанд ҳастем, ки ҷашни Ваҳдати миллӣ дар шаҳри мо баргузор мешавад.”

То ҷашн як соли дигар мондааст, аммо аз ҳоло варзишгоҳ, сабзакории замин, минбару айвони меҳмонони асосӣ сохта мешаванд. Сармуҳандиси ин сохтмон намояндаи ширкати сохтмонии “Авлиёхӯҷа” Ҷунайд Расулов ба Радиои Озодӣ гуфт, барои пурра ба анҷом расидани ин майдон аз ҷониби ҳукумат 45 миллион сомонӣ ҷудо шудааст.

Ӯ гуфт, муҳандисон талош мекунанд, ки майдонро ду моҳ қабл аз рӯзи Ваҳдати миллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд. “Бубинед, дар майдони асосӣ алаф корида шудааст ва 25 ҳазор курсӣ, яъне ҷойи нишаст, омода мешавад. Минбарро тақрибан омода кардаем ва бовар дорем, ки маблағгузорӣ дуруст анҷом мешавад (механдад). Хеле зуд омода хоҳад шуд”, - гуфт ӯ.

Масъулони ҳукумати шаҳри Ваҳдат дар суҳбат бо мо гуфтанд, ки бар асоси фармони президент ва протоколи ҷашн онҳо озмуни беҳтарини сенарияи ҷашни Рӯзи ваҳдатро эълон хоҳанд кард ва барои тарроҳии либосҳои ҷашнӣ омодагӣ хоҳанд дид.

Таҷлили солгарди санаҳои таърихӣ дар Тоҷикистон, дар шакли намоишномаҳои муҷаллали театрӣ бо иштироки ҳазорон нафар солҳои ахир роиҷ шудааст. Ҳафтаи гузашта Тоҷикистон 25-солагии истиқлолияти кишварро бо иштироки ба камияш 50 ҳазор нафар дар Душанбе ҷашн гирифт. Шаҳрвандони кишвар, ки аксарашон аз набуди ҷойи кор шикоят мекунанд, аз харҷи зиёд дар ин ҷашнҳо пуштибонӣ намекунанд.