Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон: “Ҷанги дохилиро ҲНИТ оғоз карда буд”


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар аз ҷониби баъзе муллоҳо ва бо ташаббуси ҳизби ҳамакнун фаъолияташ мамнӯи наҳзати исломӣ, оғоз шуда буд. Ин нуқтаро Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, панҷшанбеи 1 сентябр зимни баргузории “Дарси сулҳ” дар бинои нави Донишгоҳи давлатии Данғара, баён кардааст.​ "Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз масҷидҳои ҳамонвақта, аз ҷониби баъзе муллоҳо ва бо ташаббуси Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон, ки тибқи қонун ҳизби террористӣ эътироф шуда, фаъолияти он манъ гардидааст, оғоз шуда буд.”

Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон солҳои аз соли 1992 то 1997 ба муддати панҷ сол идома кард ва бар асари рӯёрӯиҳои дохилӣ ҳазорон нафар кушта шуданд ва зербинои иқтисоди кишвар хароб шуд. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамакнун онро омили ҷанги шаҳрвандӣ медонад, яке аз тарафҳо дар даргириҳои дохилӣ буд.

27 июни соли 1997 дар Маскав Эмомалӣ Раҳмон - раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро имзо карда, ба ҷанги панҷсолаи дохилӣ хотима доданд.

Тарафҳо тааҳҳуд карданд, якдигарро бахшида ва як кишвари озоду демократие хоҳанд сохт, ки "дар он озодии сухан, виҷдон, интихобот ва имконоту шароити баробари иқтисодию тиҷоратӣ барои тамоми шаҳрвандон, новобаста ба дину мазҳаб, ҳизбият ва забон фароҳам бошад". Ҳукумати Тоҷикистон ин санаро ба унвони Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар феҳристи ҷашнҳои расмӣ ворид кард ва ҳамасола ин ҷашн бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад.

Дар ҷараёни ҷанги дохилӣ, ки баҳори соли 1992 миёни нерӯҳои исломию демократ аз як ҷониб ва "Фронти халқӣ" аз ҷониби дигар шурӯъ шуда панҷ сол идома кард, ҳудуди 150 ҳазор нафар кушта ва беш аз 1 миллион нафар муҳоҷир шуданд. Аз ин лиҳоз, ба қавли ҳарду ҷониби сулҳ, имзои Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ барои мардуми Тоҷикистон дорои аҳамияти сарнавиштсози таърихӣ буда, дар радифи Эъломияи истиқлоли кишвар меистад.

Аммо дар пасманзари ҳодисаи ошӯби Абдулҳалим Назарзода дар моҳи сентябри соли 2015, Додгоҳи олии Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро созмони террористӣ эълон кард ва фаъолияти онро дар қаламрави кишвар мамнӯъ намуд. Ба дунбол шуморе аз сарони ин ҳизб боздошт шуданд ва додгоҳ онҳоро барои муддати тӯлонӣ равонаи зиндон намуд.

Субҳи 4 сентябри соли 2015 ба Шӯъбаи корҳои дохилии Ваҳдат ва посгоҳи кормандони пулис дар гардиши фурудгоҳи Душанбе ҳамла сурат гирифт. Мақомот ин ҳамларо кори дасти Абдуҳалим Назарзода донистанд, ки то он рӯз муовини вазири дифои Тоҷикистон буд. Амалиёт алайҳи ин гурӯҳ дар дараи Ромит 12 рӯз давом кард, ки дар пайи он 14 тан аз кормандони мақомоти интизомӣ ва наздик ба 30 тан аз аъзои ин гурӯҳ. бо шумули Абдулҳалим Назарзода, кушта шуд.

XS
SM
MD
LG