Биное, ки қаблан дар ихтиёри “Маркази тиҷоратии Эрон” дар шаҳри Хуҷанд буд, ба “Маркази савдои Узбакистон” супурда шудааст. Намояндагии тиҷоратии Эрон дар Хуҷанд тобистони имсол баста шуд. Дафтари намояндагии фарҳангии Эрон дар маркази вилояти Суғд низ қуфл зада шудааст, вале то ҳол маълум нест, бинои онро кӣ ё кадом ширкат ба иҷора гирифт.
Бино ба омори расмӣ, дар нимсолаи аввали соли равон Тоҷикистон ва Узбакистон ба маблағи тақрибан 250 миллион доллар молу коло додугирифт кардаанд.
Масъулони Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд мегӯянд, таъсиси “Маркази савдои Узбакистон” ду моҳ пеш, ҳангоми баргузории намоишгоҳи молу маҳсулоти ин кишвар дар Суғд, эълон гардид. Рӯзи 8-уми сентябр дари ин марказ баста буд, вале бар асоси навиштае, ки дар онҷо насб кардаанд, марказ рӯзҳои наздик ба кор шурӯъ хоҳад кард.
Тайи як соли охир Узбакистон, ҳамсояи наздики Тоҷикистон, баро ворид шудан ба бозорҳои ин кишвар, талош дорад. Ғайрат Қобилов, муовини мудири Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд гуфт, Маркази савдои Узбакистон барои ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои тиҷоратӣ миёни ду кишвар таъсис шудааст. “Маркази савдои Узбакистон” умдатан барои овардани бор аз ин кишвар ба Тоҷикистон ва нигаҳдории он то замони пардохти маблағи интиқол ва ба фурӯш гузоштан ба бозаргонон муосидат мекунад”, - афзуд ӯ.
Ба қавли Қобилов, баъди боз шудани Маркази савдои Узбакистон дар Хуҷанд, рафтуомади тоҷирону соҳибкорони тоҷику узбак ва додугирифти молу коло миёни онҳо ба маротиб зиёд шудааст.
Дар ҳоле ки Тоҷикистону Узбакистон риштаҳои гусастаи равобити худро дар ҳама бахшҳо тадриҷан ва боэҳтиёт бо ҳам пайванд медиҳанд, Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбакистон рӯзи 5-уми сентябр ҳангоми сафараш ба Бишкек аз омодагии Тошканд барои иштирок дар сохтмони нерӯгоҳи "Қамбарота" паём дод. Ӯ гуфт, ки бо Алмосбек Отамбоев мушкили оби минтақаро “ҷиддӣ” баррасӣ карданд ва президенти Қирғизистон ризоят додааст, ки ҳеҷ сохтмони нерӯгоҳ дар ҳудуди ин кишвари болооб бе иштироки Узбакистон сурат нахоҳад гирифт. Ин тасмим аз мавқеи ҳукумати даврони Ислом Каримов, раиси ҷумҳури нахустини Узбакистон, комилан фарқ дорад.
Қабл аз ин, моҳи июли имсол дар Тошканд Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷии Узбакистон ҳам гуфта буд, ки кишвараш "дар маҷмӯъ, мухолифи сохтмони нерӯгоҳи Роғун нест, аммо ин сохтмон бояд бо назардошти манфиати кишварҳои минтақа, сурат гирад". Неъматуллоҳи Мирсаид, таҳлилгари масоили иқтисодии минтақа мегӯяд, ҳукумати Шавкат Мирзиёев бо ин пешниҳод билохира ба мушкили назарҳо нуқта гузошт ва роҳи мавриди қабули ҳамкорӣ дар ин заминаро матраҳ кард.
Ин коршинос ҳамчунин афзуд, “дар ду тарафи сарҳад одамони ба ҳам наздик ва хешу табор зиндагӣ мекунанд. Монеаи асосӣ барои равуо ва барқарор кардани робитаҳои озодона байни онҳо ҷорӣ будани низомми раводид аст. Агар низоми равуо ақалан дар сатҳи тартиботи соддаи аввалҳои солҳои 2000-ум ҷорӣ карда шавад, имконият ва шароитҳои хеле хуби ба роҳ мондани ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ба вуҷуд меояд.”
Рӯзи 6-уми сентябри имсол, баъди як рӯзи сафари расмии Шавкат Мирзиёев ба Бишкек ва мулоқоти ӯ бо ҳамтои қирғизаш, гузаргоҳи “Достук” дар марзи миёни ин кишварҳо расман ифтитоҳ гардид. Мақомоти ду тараф гуфтанд, ки ифтитоҳи гузаргоҳ имкон медиҳад, сокинони навоҳии наздимарзӣ бидуни пешниҳоди "барқия” ё “телеграмма" ба минтақаҳои якдигар дар давоми 5 шабонарӯз ва бидуни виза сафар кунанд. Дар гузашта мардуми навоҳии наздимарзӣ барои рафтан ба хонаи наздиконашон дар Узбакистон ба телеграмма барои тӯй ё дафн ниёз доштанд.
Сокинони бо Узбакистон ҳаммарзи Тоҷикистон айнан бо ҳамин мушкил рӯбарӯ ҳастанд. Вилояти Суғди Тоҷикистон бо Узбакистон ҳудуди 900 километр хатти марз ва 11 гузаргоҳи гумрукӣ дорад. Дар ҳоли ҳозир танҳо гузаргоҳи марзиву гумрукии Фотеҳобод – Ойбек, воқеъ дар ноҳияи Мастчоҳ барои убури мусофирон ва нақлиёт ба таври шабонарӯзӣ боз аст ва гузаргоҳҳои дигар қисман фаъол ва ё баста ҳастанд. Сокинони минтақаҳои дигари сарҳадӣ, масалан аз Исфараву Ашт ё Панҷакент барои рафтан ба Узбакистон ба гузаргоҳи воқеъ дар ноҳияи Мастчоҳ меоянд.
Дар 20 соли охир робитаҳои Тоҷикистону Узбакистон тадриҷан маҳдуд гардида, мизони додугирифти тиҷоратӣ ва иқтисодӣ низ аз 500 миллион доллари оғози солҳои 2000 то ҳамагӣ 12 миллион доллар дар соли 2015 коҳиш ёфта буд. Вале шурӯъ аз охири соли гузаштаи 2016 додугирифти байни ин кишварҳо рӯ ба афзоиш ниҳод.
Бино ба омори расмӣ, дар нимсолаи аввали соли равон ин ду кишвар ба маблағи ҳудуди 250 миллион доллар молу коло додугирифт кардаанд. Аз ҷумла, дар ин давра додугирифт миёни вилояти Суғд ва Узбакистон ба тақрибан 50 миллион доллар расида, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта сад дарсад афзудааст.