Валерий Тян, мудири кулли ширкати миллии ҳавопаймоии Ӯзбакистон - Ӯзбакистон ҳаво йӯлларӣ” (“Uzbekistan Airways”) - рӯзи 26 январ дар як нишасти хабарӣ дар Тошканд гуфтааст, ин ширкат мехоҳад дар соли ҷорӣ парвозҳо дар хатти Тошканд – Душанберо аллакай дар ҳамин соли равони 2015 аз сар бигирад. Ин парвозҳо байни пойтахтҳои ин ду кишвари ҳамсоя дар Осиёи Марказӣ ҳанӯз 23 сол қабл, дар соли 1992 ба далели оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон қатъ шуда буд.
Бино ба гузориши хабаргузории "Туркистон Пресс", Валерий Тян дар нишасти хабариаш гуфтааст, барои азсаргирии парвозҳо байни Тошканду Душанбе имзои як созишномаи байнидавлатӣ ва ҳалли “боз як қатор масоили проседурӣ” лозим аст.
Мудири кулли “Ӯзбакистон ҳаво йӯлларӣ” дар ин робита афзуд: "Ҳоло мушкил аст гуфтан, к ин парвоз дақиқан кай ба роҳ андохта мешавад? Вале мо мехоҳем ин парвозҳоро ҳамин сол аз сар биигрем. Чизи асосие, ки бояд барои ин анҷом шавад, имзои созишномаи байнидавлатӣ миёни Ӯзбакистону Тоҷикистон дар мавриди иртибототи ҳавоист.”
Ин дар ҳолест ки Хайрулло Асозода -- вазири нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 26 январ дар нишасти хабариаш дар Душанбе гуфт, то ҳол ҷониби Ӯзбакистон ба як номаи ӯ дар мавриди азсаргирии парвозҳо миёни Тошканду Душанбе посух надодааст. Ҷаноби Асозода изҳори таассуф кард, ки номааш беҷавоб мондаву онҳо ба тавофуқ нарасидаанд. Ӯ афзуд, вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва шахсан худаш омодаанд, ҳама корро барои беҳбуди равобити ду кишвар анҷом диҳанд, ки якеаш ҳамин азсаргирии парвозҳо байни Тошканду Душанбест.
Хайрулло Асозода илова кард, ин масъаларо базудӣ бо ҳамтои ӯзбакаш дар нишасти Истамбул низ дар миён хоҳад гузошт. “Ба қарибӣ дар Истамбул ҳамаи вазирони нақлиёт ҷамъ меоянд ва яке аз вохӯриҳои ман бо вазири нақлиёти Ӯзбакистон аст. Ҳатман ин масъаларо дар миён хоҳам гузошт,” - афзуд ӯ.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар миёнаи моҳи январ расонаҳои интернетие, ки навгониҳои бозори парвозҳои ҳавоии дунёро пайгирӣ мекунанд, аз эҳтимоли оғози парвозҳо байни Тошканду Душанбе алакай аз моҳи март хабар доданд. Сомонаҳои airlineroute.net, jumpseatgossip.com, airlinenewswire.com ва routesonline.com ҳатто шумораи расмии ин парвозҳоро ҳам эълон кардаанд:
HY783 TAS0650 – 0755DYU 320 47
HY784 DYU0855 – 1000TAS 320 47
Гуфта мешуд, ширкати “Ӯзбакистон ҳаво йӯлларӣ” (“Uzbekistan Airways”) аллакай рӯзи 29 март ба анҷоми парвозҳо дар масири Тошканд – Душанбе оғоз мекунад ва ин парвозҳо ҳафтае ду маротиба тавассути ҳавопаймоҳои “Airbus A320” анҷом хоҳанд шуд.
Хабари омодагии "Ӯзбакистон ҳаво йӯлларӣ" ба азсаргирии парвоҳз дар хатти Тошканд - Душанбе дар ҳоле нашр шуд, ки Парвиз Давлатзода, муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, рӯзи 10 январ дар мулоқоташ бо Шоҳқосим Шоисломов, сафири Ӯзбакистон дар Душанбе, аз номи Тоҷикистон пешниҳод кард, ки равуои сокинони ду кишвар ба қаламрави якдигар ба муддати то 30 рӯз бидуни виза сурат бигирад ва ҳам парвози ҳавопаймоҳо байни Душанбеву Тошканд барқарор карда шавад.
Абдулфайз Атоев, раиси раёсати иттилооти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон баъдан дар шарҳи ин пешниҳодҳо гуфт: “Зимни мулоқоти раисҷумҳурони ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов дар моҳи сентябр дар ҳошияи нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Душанбе масоили равоботи ду кишвар ба се зина раддабандӣ карда шуда буд: масъалаҳои навбати аввал, ки ҳаллашон ногузир асту кӯшиши зиёд намехоҳад. Масъалаҳои навбати ду ва масъалаҳое, ки ҳаллашон вақти зиёд мехоҳад.”
Ба гуфтаи сухангӯи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, содда кардани режими раводид ва барқарор қардани парвозҳо байни ду кишвар аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки дар вохӯрии Раҳмон ва Каримов дар мадди аввал буданд.
Парвозҳо байни шаҳрҳои Ӯзбакистону Тоҷикистон, аз ҷумла дар масири Тошканд – Душанбе ҳанӯз соли 1992, дар пайи оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон қатъ шуда буданд. Тошканд ҳамин тавр, дар соли 1999, дар пайи ҳамлаи ҷангиёни Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон ба раҳбарии Ҷумъаи Намангонӣ ба вилояти Сурхондарё марзҳояш бо Тоҷикистонро минакорӣ карда, бо ин ҳамсоякишвар низоми раводид ҷорӣ намуд.
Муносиботи ноҳамвори ду кишвар, ки ба бовари бархе аз нозирони умур, бештар аз бад шудани муносиботи шахсии раҳбарони аввали ин ду кишвар маншаъ мегирад, ҳамчунин боис шуд, ки Ӯзбакистон содироти газаш ба Тоҷикистонро солбасол кам ва аз соли 2012 пурра қатъ кунад.
Ҳамин тавр, мақомоти Тошканд бо баҳонаи “зарарҳои иқтисодӣ” роҳи оҳани Тирмиз – Амӯзанг, танҳо масири роҳи оҳан ба вилояти Хатлонро барчид. Баҳси ду кишвар бар сари тарҳи нирӯгоҳи Роғун ва шеваи тақсими манобеи оби минтақа низ аз мояҳои танишҳои мудавомест, ки Тошканду Душанбе тақрибан ду даҳсола боз дар панҷааш қарор доранд.
Дар натиҷаи ин солиёни мухолифатҳо гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбакистон ба шиддат коҳиш ёфта, дар як соли охир ҳамагӣ 4, 6 миллион долларро ташкил кардааст, ки ҳамагӣ чизе дар ҳудуди 0,1 фоизи тиҷорати хориҷии Тоҷикистонро ва барои Ӯзбакистон фисади боз ҳам бамаротиб камтаре дар таркиби содироту воридоташро ташкил медиҳад ва барои ду ҳамсоякишвар, албатта, хеле ночиз аст.
Ислом Каримов баъди 6 сол билохира дар моҳи сенятбри соли 2014 ва он ҳам ба манзури ширкат дар нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай ба Душанбе омад. Зимнан ӯ дар соли 2008 низ ба манзури ширкат дар айни нишаст ба пойтахти Тоҷикистон омада буд. Аммо ин бор Эмомалӣ Раҳмон тавонист бо ҳамтои Ӯзбакаш дар ҳошияи нишасти Шанхай мулоқоти рӯбарӯ барпо ва бархе аз масоили доғи мавҷуда дар равобити ду кишвар, аз ҷумла масъалаи виза ва парвозҳо байни Душанбею Тошкандро матраҳ кунад.
Мақомоти Душанбе мегӯянд, яхи равобити Тоҷикистону Ӯзбакистон баъди ин дидор як каме рӯ ба обшавӣ овардааст. Хабарҳои нашршуда дар бораи эҳтимоли азсаргирии парвозҳо байни пойтахтҳои Ӯзбакистону Тоҷикистон ва он ҳам аллакай аз 29 март бисёриҳоро, чӣ дар сатҳи мақомот ва чӣ дар сатҳи мардум, дар ду сӯи марз хеле умедвор кардааст, ки билохира ин девори бистсолаи хусумат миёни ин ду кишвари ҳамсоя аз байн бардошта хоҳад шуд.
Айни видео дар Ютуб: