Расонаҳои интернетие, ки навгониҳои бозори парвозҳои ҳавоии дунёро пайгирӣ мекунанд, аз эҳтимоли оғози парвозҳо байни Тошканду Душанбе хабар медиҳанд. Сомонаҳои airlineroute.net, jumpseatgossip.com, airlinenewswire.com ва routesonline.com ҳатто шумораи расмии ин парвозҳоро ҳам эълон кардаанд:
HY783 TAS0650 – 0755DYU 320 47
HY784 DYU0855 – 1000TAS 320 47
Гуфта мешавад, ширкати “Ӯзбакистон ҳаво йӯлларӣ” (“Uzbekistan Airways”) аллакай рӯзи 29 март ба анҷоми парвозҳо дар масири Тошканд – Душанбе оғоз мекунад ва ин парвозҳо ҳафтае ду маротиба тавассути ҳавопаймоҳои “Airbus A320” анҷом хоҳанд шуд.
Мақомоти расмӣ ҳанӯз ин хабарро тасдиқ ё рад накардаанд. Дар сомонаи расмии ширкати ҳавопаймоии Ӯзбакистон низ то ҳол Душанберо ба рӯйхати нуқтаҳои парвози ҳавопаймоҳои ин ширкат шомил накардаанд.
Вале хабари омодагии "Ӯзбакистон ҳаво йӯлларӣ" ба азсаргирии парвоҳз дар хатти Тошканд - Душанбе дар ҳоле нашр мешавад, ки Парвиз Давлатзода, муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, рӯзи 10 январ дар мулоқоташ бо Шоҳқосим Шоисломов, сафири Ӯзбакистон дар Душанбе, аз номи Тоҷикистон пешниҳод кард, ки равуои сокинони ду кишвар ба қаламрави якдигар ба муддати то 30 рӯз бидуни виза сурат бигирад ва ҳам парвози ҳавопаймоҳо байни Душанбеву Тошканд барқарор карда шавад.
Абдулфайз Атоев, раиси раёсати иттилооти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон баъдан дар шарҳи ин пешниҳодҳо гуфт: “Зимни мулоқоти раисҷумҳурони ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов дар моҳи сентябр дар ҳошияи нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Душанбе масоили равоботи ду кишвар ба се зина раддабандӣ карда шуда буд: масъалаҳои навбати аввал, ки ҳаллашон ногузир асту кӯшиши зиёд намехоҳад. Масъалаҳои навбати ду ва масъалаҳое, ки ҳаллашон вақти зиёд мехоҳад.”
Ба гуфтаи сухангӯи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, содда кардани режими раводид ва барқарор қардани парвозҳо байни ду кишвар аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки дар вохӯрии Раҳмон ва Каримов дар мадди аввал буданд.
Парвозҳо байни шаҳрҳои Ӯзбакистону Тоҷикистон, аз ҷумла дар масири Тошканд – Душанбе ҳанӯз соли 1992, дар пайи оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон қатъ шуда буданд. Тошканд ҳамин тавр, дар соли 1999, дар пайи ҳамлаи ҷангиёни Ҳаракати Исломии Узбакистон ба раҳбарии Ҷумъаи Намангонӣ ба вилояти Сурхондарё марзҳояш бо Тоҷикистонро минакорӣ карда, бо ин ҳамсоякишвар низоми раводид ҷорӣ намуд.
Муносиботи ноҳамвори ду кишвар, ки ба бовари бархе аз нозирони умур, бештар аз бад шудани муносиботи шахсии раҳбарони аввали ин ду кишвар маншаъ мегирад, ҳамчунин боис шуд, ки Ӯзбакистон содироти газаш ба Тоҷикистонро солбасол кам ва аз соли 2012 пурра қатъ кунад.
Ҳамин тавр, мақомоти Тошканд бо баҳонаи “зарарҳои иқтисодӣ” роҳи оҳани Тирмиз – Амӯзанг, танҳо масири роҳи оҳан ба вилояти Хатлонро барчид. Баҳси ду кишвар бар сари тарҳи нирӯгоҳи Роғун ва шеваи тақсими манобеи оби минтақа низ аз мояҳои танишҳои мудавомест, ки Тошканду Душанбе тақрибан ду даҳсола боз дар панҷааш қарор доранд.
Дар натиҷаи ин солиёни мухолифатҳо гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбакистон ба шиддат коҳиш ёфта, дар як соли охир ҳамагӣ 4, 6 миллион долларро ташкил кардааст, ки ҳамагӣ чизе дар ҳудуди 0,1 фоизи тиҷорати хориҷии Тоҷикистонро ва барои Узбакистон фисади боз ҳам бамаротиб камтаре дар таркиби содироту воридоташро ташкил медиҳад ва барои ду ҳамсоякишвар, албатта, хеле ночиз аст.
Ислом Каримов баъди 6 сол билохира дар моҳи сенятбри соли 2014 ва он ҳам ба манзури ширкат дар нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай ба Душанбе омад. Зимнан ӯ дар соли 2008 низ ба манзури ширкат дар айни нишаст ба пойтахти Тоҷикистон омада буд. Аммо ин бор Эмомалӣ Раҳмон тавонист бо ҳамтои узбакаш дар ҳошияи нишасти Шанхай мулоқоти рӯбарӯ барпо ва бархе аз масоили доғи мавҷуда дар равобити ду кишвар, аз ҷумла масъалаи виза ва парвозҳо байни Душанбею Тошкандро матраҳ кунад.
Мақомоти Душанбе мегӯянд, яхи равобити Тоҷикистону Ӯзбакистон баъди ин дидор як каме рӯ ба обшавӣ овардааст. Вале бояд акнун дид, ки Тошканд ба ду пешниҳоди ахири Душанбе чӣ посух медиҳад? Хабарҳои нашршуда дар бораи эҳтимоли азсаргирии парвозҳо байни пойтахтҳои Ӯзбакистону Тоҷикистон ва он ҳам аллакай аз 29 март бисёриҳоро, чӣ дар сатҳи мақомот ва чӣ дар сатҳи мардум, дар ду сӯи марз хеле умедвор кардааст, ки билохира ин девори бистсолаи хусумат миёни ин ду кишвари ҳамсоя аз байн бардошта хоҳад шуд.