Баъзе аз коргоҳҳои бузурги Узбакистон ба идораву муассисаҳои минтақаи шимоли Тоҷикистон паёми ҳамкорӣ фиристода, аз онҳо даъват намудаанд, ки гузаштаро аз ёд бубаранду муносибатҳои иқтисодиву тиҷориро аз сар бигиранд. Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд, ки дар нишасти хабарии 13-уми январи соли ҷорӣ дар Хуҷанд сӯҳбат мекард, дар ин бора хабар дод ва гуфт, “ба умеди густариши ҳамкориҳо” яке аз чунин пешниҳодҳо аз сӯи корхонаи тракторбарории шаҳри Тошкандро пазируфтаанд.
“Онҳо мегӯянд, “ба гузашта салавот”, биёед, муносибатҳои хуби тиҷоратии худро сар мекунем. Аллакай ба ноҳияҳои Суғд барои харидорӣ кардани 10 адад трактори пахтачин аз Узбакистон дастур додам. Агар ин корро пиёда кунем, дар дигар соҳаҳо ҳам муносибатҳои ҳамкории иқтисодиву тиҷоратиро ба оҳистагӣ роҳ хоҳем монд”,-таъкид дошт оқои Қодирӣ.
Қарсак аз ду даст
Раиси устони Суғд илова кард, шимоли Тоҷикистон ба унвони минтақаи ҳаммарз бо чанд вилояти Узбакистон барои роҳандозии тиҷорат ва ҳамкориҳои иқтисодӣ бо ин кишвар ва минтақаҳои ҳамсарҳади он омодааст, вале ба таъкиди вай, “қарсак аз ду даст мебарояд”. “Ин кор бо омодагӣ ва ризояти Душанбеву Тошканд шуданист”,-гуфт ӯ.
Аз ин пештар Тоҷикистон ба ҳамсоякишвараш Узбакистон пешниҳод дод, ки равуои сокинони ду кишвар ба қаламрави якдигар ба муддати то 30 рӯз бидуни виза (раводид) сурат бигирад ва ҳамчунин парвозҳои ҳавоӣ байни Душанбеву Тошканд барқарор карда шавад. Ин пешниҳодро Парвиз Давлатзода, муовини вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон дар мулоқоташ бо Шоҳқосим Шоисломов, сафири Узбакистон дар Душанбе, ки рӯзи 10 январи соли ҷорӣ сурат гирифт, ироа кардааст.
Муносиботи Тоҷикистону Узбакистон пас аз касби истиқлоли онҳо дар соли 1991 ҳеҷ гоҳ тахту ҳамвор набуд, аммо пас аз азми Душанбе барои сохтани нерӯгоҳи Роғун дар чанд соли охир вориди як марҳалаи наздик ба “ҷанги сард” шудааст. Тошканд дар соли 1999 ба таври якҷониба бо Тоҷикистон режими визаро ҷорӣ карда, парвози ҳавопаймоҳоро байни пойтахтҳои ду кишвар ҳанӯз аз соли 1992 қатъ кардааст. Баъдан Узбакистон равуои озоди қаторҳои роҳи оҳани Тоҷикистон маҳдуд карда, ду сол пеш қитъаи роҳи оҳанеро, ки ба ҷануби Тоҷикистон мерафт, комилан барчид. Узбакистон ҳамин тавр нархи гази табииро барои Тоҷикистон сол аз сол гарон карда, аз соли 2012 содироти онро ба ин кишвари ҳамсояаш пурра қатъ кард.
То кай қаҳрӣ?
Неъматуллоҳи Мирсаид, таҳлилгари умури сиёсӣ, мегӯяд, об шудани яхи муносиботи Душанбеву Тошканд зоҳиран дар суҳбати Эмомалӣ Раҳмону Ислом Каримов дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ дар моҳи сентябри соли гузашта дар Душанбе ҳалли худро ёфтааст. Ӯ мегӯяд, раҳбарони ду кишвари ҳамсоя билохира ба хулосае расидаанд, ки дигар наметавон ба муддати тӯлонӣ бо ҳам қаҳрӣ буд.
“Мақомоти Узбакистон диданд ва мебинанд, ки акнун дар Тоҷикистон субот барқарор шудаву сатҳи ҷинояткорӣ поин рафтааст ва давлати ин кишвар аз уҳдаи назорати ҳудуд ва ҳимояти марзҳояш низ мебарояд. Ин ба ҷаноби Каримов итминон медиҳад, ки аз ин ҷиҳат дигар хавотир набошад”,-афзуд ӯ.
4.6 миллион доллар
Аброр Мирсаидов, доктори улуми иқтисодӣ, низ дар як суҳбати қаблияш бо Радиои Озодӣ рӯи ин нукта таъкид карда, гуфта буд, “ҳарчанд Узбакистон сиёсати иқтисодии “протексионизм” ё худкифоро пеш гирифтааст, вале худро аз ҳамкорӣ бо ҳамсояҳояш барои доимӣ канор гирифта наметавонад. Чунки чунин сиёсат бар нафъи худи ин кишвар нест.”
Ин гуфтугузорҳо дар ҳолест, ки дар соли 2014 муносибати тиҷоратии Тоҷикистону Узбакистон ҳамагӣ 4.6 миллион долларро ташкил додааст, ки коршиносон онро “дар сатҳи пасттарин” дар собиқаи муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя арзёбӣ мекунанд. Барои муқоиса, дар соли гузашта вилояти Суғд бо 55 кишвари дуру наздик ба маблағи 5 миллиард доллар тиҷорат доштааст, ки Узбакистон дар миёни 10 кишвари аввал ҷой надорад. Қирғизистон, ҳамсояи дигари Тоҷикистон, ки дар зинаи 7-ум аст, дар соли 2014 бо вилояти Суғд ба маблағи беш аз 20 миллион доллар гардиши мол доштааст.